Тарзи навиштани Даъватнома (расмӣ)

Ҳуҷҷатест, ки бо мақсади даъват намудан ашхосе, меҳмонон, кормандон ба ягон маҷлис, чорабинӣ маърака, шабнишинӣ, маҳфил ва ғайра таҳия мешавад.

даъватномаи расми, даъватнома

Даъватнома расмӣ ва гайрирасмӣ мешавад. Даъватномаи расмӣ аз сатхи Ҳукумат cap карда, то ба мақомоти поёнтар корхонаву муассисаҳо, мактабҳои олӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пажуҳишгоҳҳо (институтҳо)-и он, Вазорати маориф ва муассисаҳои тобеи он, вазоратҳо, кумитаҳо, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дигар иттиходияҳои эҷодӣ, ширкатҳо, сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ ва ғайра таҳия шуда, фиристода мешавад. Агар дар чорабинӣ даъвати меҳмонони хориҷӣ дар назар бошад, масалан, дар конференсияҳову симпозиумҳои байналмилалӣ, инчунин агар даъватнома аз сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ содир шуда бошад, он ба забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, баъзан ба хатти арабиасоси форсии тоҷикӣ навишта мешавад. Дар даъватнома қисмҳои зерин бояд бошанд:

  1. Номи ҳуҷҷат.
  2. Насаб, ном ва номи падари даъватшаванда.
  3. Номи чорабинӣ, маҷлис, маҳфил, маърака.
  4. Рӯз, моҳ, сол, соати баргузории чорабинӣ.
  5. Номи баргузоркунандаи чорабинӣ.
  6. Дар аксари даъватномаҳо номи баргузоркунандаи чорабинӣ дар саҳифаи якум, дар боло, дар миёнаи варақ калимаи «Даъватнома», дар поён (шаҳри) Душанбе ва соле, ки чорабинӣ гузаронида мешавад, сабт мегардад. Дар саҳифаи дуюм (рӯгардон) матни даъватнома, дар саҳифаи дигар «Барнома»-ро меоваранд.

Намунаи даъватнома:


Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон

 

ДАЪВАТНОМА

 

Душанбе

2018

Дар саҳифаи дигар (рӯгардон)

Муҳтарам_________________________________

Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоникистон (ДМИТ) Шуморо ба конференсияи илмӣ-амалии устодон ва донишҷӯён даъват менамояд.

Конференсия рӯзи 17.04.2018 соати 10.00 дар толори конференсияҳо баргузор мегардад.

_____________________________________________

Нишонӣ: ш.Душанбе, кӯчаи Нахимов, 64/14,

тел.: 2-22-22-22

Кумитаи тадорукот

Мавзӯҳои монанд:


Тарзи навиштани даъватнома, даъватномаи расми, намуна, намунаи даъватномаҳо, 

ҚаблӣСуруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (гимн Таджикистана)
БаъдӣНамунаи Даъватнома (Даъватномаи расмӣ)

2 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед