Тарзи навиштани Суратмаҷлис (Протокол, намуна)

Протокол калимаи фаронсавист – protocole, ки аз калимаи юнонии protocollon – «саҳифаи якуми дастнавис» гирифта шудааст.

Ҳуҷҷати расмиест, ки дар он ягон ҳолату вазъияти бавуқуъомада (рафти маҷлис, амалиёти судӣ (додситонӣ), амалиёти бозрасии ҷиноят) сабт мегардад. Дар ҳуқуқи байналмилалӣ протокол ҳуҷҷати расмии аҳдномавӣ, аслан замимаест ба шартномаи асосӣ. Протоколи дипломатӣ – қоидаҳои маъмулӣ ва анъанавие, ки дар муносибатҳои байналмилалӣ риоя мешаванд (тартиби ташрифи сарварони давлатҳову ҳукуматҳо, шаклҳои гузаронидани вохуриҳо, суҳбатҳо ва ғ.).

Протоколи оддӣ санадест, ки дар он ҷараёни маҷлис, машварат, конференсия ва дигар ҷамъомадҳо акс меёбад.

Дар ҳар як корхона, муассиса, ширкат ва ғайра шахси масъуле ҳаст, ки ҷараёни маҷлисро сабт менамояд. Ин шахс котиб аст ва дар ҳамкорӣ бо раиси маҷлис корашро пеш мебарад. Агар ин гуна шахc набошад, аҳли маҷлис садоратро интихоб менамояд ва яке аз аъзои садорат протоколи маҷлиcро таҳия мекунад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аз ҷихати инъикоси ҷараёни маҷлис протокол ду навъ – мухтасар ва муфассал мешавад.

Дар протоколи мухтасар, ки одатан, барои маҷлисҳои фаврӣ ва ғайринавбатӣ таҳия мешавад, рӯзномаи маҷлис, номи хонаводагии суханварон, мавзӯи мавриди баррасӣ ва қарорҳои маҷлис оид ба ҳар як масъалаи рӯзномаи маҷлис сабт мегардад.

Дар протоколи муфассал рӯзномаи маҷлис, миқдори иштироккунандагон, матни суханрониҳо ба таври конспектӣ, саволҳои ба суханвар додашуда, ҷавобҳо, қарор доир ба ҳар як масъалаи рӯзнома навишта мешаванд.

Ҷузъҳои асосии протокол инҳоянд:

  1. Номи муассиса.
  2. Номи санад.
  3. Таърихи маҷлис (машварат, конференсия ва ғ.), макони гузаронида шудани маҷлис.
  4. Номи маҷлис.
  5. Рӯзномаи маҷлис.
  6. Шумораи иштироккунандагон.
  7. Матни протокол, сабти конспектии суханронии нотиқон ва қарорҳо оид ба ҳар як масъалаи рӯзномаи маҷлис (баъзан нотиқон матни суханронии худро ба котиб медиҳанд ва он ба протокол замима карда мешавад).
  8. Насаб, ном ва номи падари раису котиб.
  9. Имзои раису котиб.

Ҳангоми рӯй додани ҳодисаҳои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, садамаи автомобил, тафтиши корҳои ҷиноятӣ, бозпурсии маъмурӣ ва ғ. протокол тартиб дода мешавад.

Намунаи Протокол/Суратмаҷлис


Протоколи № 5

11 марти соли 2020                      ш. Душанбе

Маҷлиси донишҷӯёни курси дуюми шуъбаи Андоз ва андозбандии факултаи Иқтисодиёт ва молияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон

 

Рӯзномаи маҷлис:

  1. Маълумот дар бораи пешрафт ва давомоти донишҷӯёни курс ба дарсҳо ва ҷамъбасти санҷишу имтиҳонҳо.
  2. Тайёрӣ ба ҷашни Наврӯз.
  3. Масъалаҳои ҷорӣ.

Мачлисро куратори гурӯҳ Эмомов Алишер оғоз намуд ва хотиррасон намуд, ки дар маҷлис 30 нафар донишҷӯён, яъне аксарият иштирок доранд ва ин шумора имконият медиҳад, ки маҷлис гузаронида шавад. Бо пешниҳоди куратори гурӯҳ аҳли маҷлис садорат (президиум)-и маҷлисро дар ҳайати се нафар интихоб намуданд. Ҳайати садорат, куратори гурӯҳ Эмомов Алишерро раиси маҷлис ва Саидова Фирӯзаро котиб таъин карданд.

Ҷараёни маҷлис:

1.Доир ба масъалаи якум аввал сардори гурӯҳ Сангов Аҳрор маълумот дод. Вай дар суханрониаш маълумотро аз журнали қайди давомоти донишҷӯён ба самъи ҳозирин – иштироккунандагони маҷлис расонид. Баъзе донишҷӯён аз 12 соат то 28 соат ба дарсҳо иштирок накардаанд.

Доир ба ин масъала куратор низ суханронӣ кард. Вай иброз дошт, ки донишҷӯи ба дарс наомада аз ҷараёни таълим қафо мемонад, фанҳои таълимиро аз худ намекунад, донишашон дар сатҳи паст мемонад. Донишҷӯёни ба дарс наомада аз донишкада хориҷ карда мешаванд ва ё ба факултаи таҳсили ғоибона гузаронида мешаванд. Ҳар як донишҷӯ бояд огоҳ бошад, ки ягар як дафъа дар бораи хориҷ кардани ӯ аз донишкада фармон барояд, ӯ имтиёзи ба сафи артиш (қувваҳои мусаллаҳ) даъват нашуданро аз даст медиҳад. Дар сурати аз нав ба шуъбаи рӯзона барқарор шудан ҳам вай ба сафи артиш даъват карда мешавад. Масалан, донишҷӯ, Саидов Хуршед, барои чӣ шумо 28 соат дар дарсҳо иштирок накардаед?

Саидов Хуршед:

-Муаллим, ман бемор будам.

Куратори гурӯҳ:

-Дар ин ҳолат шумо бояд аз духтур маълумотнома биёред. Дар сурати наовардани маълумотнома масъалаи аз донишкада хориҷ кардани шумо гузошта хоҳад шуд.

Саидов Хуршед:

-Ман, ҳатман, аз духтур маълумотнома меорам.

Маҷлис қарор кард:

1.1Сардор ва муовин назоратро доир ба давомоти донишҷӯён пурзур намоянд. Сабабҳои ба дарс наомадани донишҷӯёнро дақиқан санҷида, ба куратор хабар диҳанд.

Руйхати донишҷӯёне, ки бе сабаби узрнок дар дарсҳо иштирок намекунанд, барои чора дидан ба деканат пешниҳод карда шавад.

2.Доир ба масъалаи дуюм сардори гурӯҳи корҳои маданӣ-маърифатӣ ва ташкилии курс Одинаев Баҳодур суханронӣ кард. Вай ба иштироккунандагони маҷлис аз рафти корҳои тайёрӣ ба ҷашни Наврӯз, омода сохтани газетаи деворӣ, гузаронидани машқи шеърхонии донишҷӯён иттилоъ дод.

Маҷлис карор кард:

2.1Ҷашни Наврӯз бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён гузаронида шавад. Донишҷӯён бояд тайёрии хуб бинанд, дар баровардани газетаи деворӣ фаъол бошанд.

3.Дар қисми масъалаҳои ҷорӣ куратори гурӯҳ оид ба риояи қоидаҳои дохили донишкада, риояи қоидаи пушидани сару либоси дар қоидаҳо таъиншуда, тозаву озода нигоҳ доштани аудитория, ба рӯйи миз нанавиштан, нашикастани курсиҳо, тирезаҳо ва ғ. суханронӣ кард.

Маҷлис карор кард:

3.1Ҳар як донишҷӯ вазифадор аст, ки қоидаҳои донишҷӯӣ, қоидаҳои дар донишкада муқарраргардидаро ҳатман риоя кунад.

Раиси маҷлис      /                        /

Котиби маҷлис  /                        /


Намуна ва маълумотҳои дигар ҳуҷҷатҳо дар инҷо: Ҳуҷҷатнигорӣ <<

Тарзи навиштани Забонхат (Расписка)


Тарзи навиштани протокол/пратакол/суратмачлис, суратмачлис намуна, протокол точики, тарзи навиштан, хуччат, хуччатнигори, протокол бо забони тоҷикӣ

ҚаблӣДар баёни Хислатҳои зишт (назм)
БаъдӣНусха аз протокол (намуна)