Тарзи пухтани шавла (Кори амалии №8).
Пеш аз он ки ба пухтани хӯрок сар кунем, шартҳои санитарию гигиенӣ ва қоидаҳои техникаи бехатариро риоя кардан лозим аст.
Таҷҳизот: газ ё плитаи барқӣ, дег, кафлез, кафгир, зарф барои шустани биринҷ, табақ ё табақчаҳо барои кашидани хӯроки тайёр.
Миқдори масолеҳ (барои панҷ кас): биринҷ – 3 истакон, гӯшт – 500 г, равған – 80 г, бехпиёз – 250 г, сабзӣ – 200 г, кабудӣ – 1 бандча, намак, мурч, қаламфури булғорӣ – мувофиқ табъ.
Рафти кор. Гӯшти гов ё гӯсфандро 25 – 30-граммӣ пора карда, дар равғани нағз доғкардашуда то сурх шудан бирён мекунанд. Баъд пиёзи резакардаро андохта, таф медиҳанд. Пас аз он сабзии поракардаро андохта, каме бирён мекунанд, обу намак андохта, боз 10 дақиқа ҷӯшонда мепазанд. Сипас биринҷи тоза чида ва шустаро ҳамроҳ карда, то обашро ба худ кашидани биринҷ меҷӯшонанду бо кафгир кофта меистанд. Агар биринҷ обро накашида бошад, онро 5 дақиқа дам медиҳанд. Шавларо ба табақҳои калон ё табақчаҳои чинӣ кашида, ба рӯяш кабудӣ пошида ва бо хӯришҳо (пиёз, помидор, қаламфури булғорӣ) мувофиқи табъ мурчу намак ҳамроҳ намуда, истеъмол мекунанд.
Ҳисобот доир ба кори иҷрошуда:
- Муайян кардани сифати хӯрок. Тарзи пухтани шавла.
- Миқдори масолеҳи шавларо барои оилаи худ ҳисоб кунед.
Савол
- Кадом намуди маҳсулотро аввал ба дег меандозанд?
- Сабзиро барои шавла чӣ тавр пора мекунанд?
Инро дар назар доред
Дар вақти пухтани шавла баъд аз сурх шудани рӯйи гӯшт сабзию пиёзи резакардаро таф дода, камтар сурхчатоб карда, баъд об ё гӯштобро андозед.