Чараёни Тасаввуф

Ин ҷараён дар давраи аввали ҳукмронии арабҳо пайдо шуда, аввалҳо характери зидди мустамликавӣ дошт. Асоси аҳли тасаввуфро камбағалони шаҳру деҳот ва равшанфикрон ташкил медоданд. Хилофат ва уламо аз суфиён хавфи калон дошта, сайъ мекарданд, ки пеши роҳи ин ҳаракатро гиранд. Хилофат бисёр пешвоёни тасаввуфро ба қатл расонид, вале ин натиҷаи дилхоҳ набахшид. Аз ин рӯ, хилофат қарор дод, ки ин ҳаракатро аз дохил сусту заъиф гардонда нест кунад. Дар ин бобат илоҳишинос Муҳаммад Ғазолӣ (солҳои 1058-1111) хизмати арзанда кардааст. Ӯ дар «Кимиёи саодат» ном асараш ҷавҳари назариявии тасаввуфро асоснок намуда, онро бо ислом омехта маънидод кард.

Тасаввуф дар Осиёи Миёна дар асри XI расмӣ гашт. Асосгузори он Юсуфи Хамадонӣ чунин ақида дошт, ки суфиён шахсони ҳалолкор ва покиза мебошанд. Суфиёни машҳури Осиёи Миёна шоир Саноӣ, Аҳмади Ясавӣ, Хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ шогирдони Юсуфи Ҳамадонӣ буданд. Бо мурури замон ин ҳаракат равияи хешро тағйир дод. Дар асри XII ба ҳаракати тасаввуф ҷараёни нави «Куфия» ва «Ҷаҳрия» пайваст шуданд. Асосгузои «Ҷаҳрия» дар Осиёи Миёна Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувонӣ ва Хоҷа Баҳриддини Нақшбанд ба шумор мерафтанд, ки тарки дунё кардан, гушанишинӣ намудан ва дунёбезориро талқин мекарданд. Пешвои туркзабонҳои «Ҷаҳрия» Аҳмади Ясавӣ ва аз форсизабонҳо Наҷмиддини Кубро ва Абдулхолиқи Гелонӣ буданд. Оҳиста-оҳиста тасаввуф ба ҷараёни истисморкунандаи халқ табдил ёфт. Масалан, бузургтарин шайхи тасаввуфи нақшбандия Хоҷа Аҳрори Валӣ дар асри XV танҳо дар Насаф 300 ҷуфти гов дошт. Аз заминҳояш ба ҳукумати темуриҳо ба сифати ушр (даҳяк) 80 ҳазор ман (1 ман=8 пуд, 1 пуд=16 кг) андоз месупорнд. Дар мулкҳои_вай бештар аз 100 ҳазор ғуломон (муридҳо) кор мекарданд. Ӯ ба корҳои давлатӣ ҳам дахолат мекард.

Дар асрҳои IX- XIV тасаввуф ба ҷараёпҳои хурд тақсим шуд. Аз асри XI cap карда, тасаввуф таъсири хешро ба адабиё­ти форсу тоҷик расонд. Намояндагони барҷастаи адабиёт Саноӣ, Аттор, Ҷалолиддини Румӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Бобо Кӯҳӣ, Абуабдуллоҳи Ансорӣ, Ансории Ҳиротӣ, Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон ба тасаввуф рӯ оварда буданд. Намояндаи барҷастаи тасаввуф Абуҳомид Муҳаммад Базолӣ исломро бо тасаввуф пайваста, пеши роҳи дунёбезории суфиёнро гирифтааст.

Бештар оиди тасаввуф ->>

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Тасаввуф


Мавзӯи асосӣ ->>

Фарҳанги халқи тоҷик дар XI-XIII


Тасаввуф чист? Маълумот дар бораи тасаввуф, тасавуф, суфи, тасавуф чист, чахрия, Хоча Ахрори Вали.

ҚаблӣБиржа чист? Шаклҳои биржа
БаъдӣСавдо чист?