Ташаккул ва рушди назарияи идоракуни (менеҷмент)
Идоракунӣ бо баробари ба вуҷуд омадани ҷомеа пайдо шудааст. Унсурҳои муосири идоракунӣ дар тӯли таърихи ҳазорсолаҳои тамаддун ба амал омадааст. Дар он ҷое, ки ҳатто ду одам барои дарёфти ҳадафҳои муштарак бо ҳам омадаанд, зарурати фаъолияти якҷояи онҳо пайдо гашта, ба яке лозим меояд, ки вазифаи сарвари идоракуниро ба дӯши худ гирад, дигаре итоаткунандаи ӯ бошад.
Тасаввурот дар бораи мақом ва мавқеи идоракунии ташкилот, мазмуни фаъолияти идоракунӣ ва усулҳои тадбиқи он борҳо тағиротҳои ҷиддиро аз сар гузаронидааст.
Менеҷмент аввалин бор 5000 сол пеш аз мелод, ҳамзамон бо тавлидшавии алифбо дар Шумери қадим пайдо шудааст. Тахмин мекунанд, ки ташаккулёбии он ба пайдоиши табақаҳои хосаи “фидоиёни-тоҷир” алокамандӣ дорад.
Мисриёни қадим зарурияти ба нақшагирӣ, ташкил ва назоратро дарк карда, дар густариши идоракунӣ истифодаи принсипи аксулмарказониро таклиф намудаанд.
Подшоҳ Ҳамураппӣ девони қонунҳои идоракунии давлатро барои ба низом даровардани кулли муносибати гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоии аҳолӣ мураттаб намуд. Вай истифодаи шоҳидон ва ҳуҷҷатҳои хаттиро барои назорат ва муқаррар кардани музди кори фикрӣ, ба шахси дигар ҳавола накардани масъулиятро пешниҳод кардаст.
Яҳудиён дар ҷараёни идоракунӣ истифодаи принсипи занҷирбандиро таклиф кардаанд.
Новуходоносори II тадбиқи назоратро бар истеҳсолот, ба воситаи музди кор ҳавасмандкунии кормандонро таклиф кардаст ва усулҳои идоракунии давлатиро ба назорати фаъолияти одамон пайваст намудааст. Мусо пайғамбар принсипҳои яккасардорӣ, қоидаҳои зарурӣ ва муносибатҳои инсониро кор карда баромадаст.
Дар Юнони антиқа Сукрот ва Ксенофонт принсипҳои умумитарини идоракуниро ташаккул додаанд ва онҳоро чун намуди санъати хоса эътироф кардаанд.
Афлотун принсипи махсусгардониро аниқ намудаст. Искандари Мақдунӣ ба рушди ақидаҳои идоракунӣ саҳм гузоштаст. Ӯ нахустин бор барои ҳалли масъалаҳои низомӣ ситодро (штаб) истифода бурдааст. Император Диоклетиан принсипи интиқолкуниро кор фармудааст.
Олимони асримиёнагӣ низ нисбати рушди идоракунӣ ва ҳалли масъалаҳои мубрами он ҳиссаи муайяни худро гузоштаанд. Вале дар замони Эҳё ва давраи Нав масъалаҳои идоракунӣ беш аз пеш мавриди баррасӣ қарор ёфта, олимон дар ривоҷу равнақи он хизмати назаррас кардаанд. Дар Аврупо олими итолиёи Никколо Макиавелли принсипи риёзиёти оммавиро пешниҳод намуда, мақоми мақсаднокро дар фаъолияти ташкилот асоснок кардааст. Олими англис Томас Мор оқибати бади идоракунии ноӯҳдабароёнаро таҳлил намудааст.
Соли 1651 файласуфи англис Томас Гоббс дар китоби худ “Левиафан” омили асосии ба ҳокимият расидани одамонро нишон додааст. Пас аз сад сол ин масъаларо Эго ҳамватани Ҷеймс Стюарт (1767) муфасалтар ҳал намудааст. Дар ҳамон замон Иеремия Бентам дар китоби “Муқаддима ба принсипҳои анъанавӣ ва қонунгузорӣ” мақсади асосии рафтори одамонро дар нафъоварӣ дидааст.
Дар инкишофи назария ва амалияи идоракунӣ давраи навро инқилоби саноатии охири асри XVIII ва оғози асри Х1Х кушодааст. Он натанҳо истифодаи усулҳои тачрибавӣ (эмпирикӣ), балки васеъ ҷорӣ намудани озмоишҳои илмиро тақозо намудааст. Он барои муайян кардани меъёрҳои музди меҳнат, суръати имконпазирии кори таҷҳизотҳо, ҳисоб кардани истеҳсоли самаранокии маҳсулот ва ташкили истеҳсолот мусоидат кардааст.
Олими англис Ричард Аркрайт дар фаъолияти худ принсипи зинагии ташкили меҳнатро истифода бурдааст ва дар асоси ба нақшагирии ҷойгиркунии таҷҳизотҳо, тақсимоти меҳнат, ҳамоҳангсозии фаъолияти коргарон ба мошинаҳо ҷорӣ намудани интизоми меҳнат ба ӯ муяссар гардидааст. Ба туфайли ин пайдарҳамии ҷараёни технологиро таъмин намудааст. Ин чорабинӣ ба вай имкон додааст, ки хароҷотҳоро сарфа намояд, дар мубориза бо рақибон ба пирӯзӣ соҳиб гардад ва бо ҳамин роҳ ба идоракунии саноатӣ (индустриалӣ) асос гузорад. Аркрайт маҷмӯи товонҳои ҷаримавиро дар китобҳои худ қайд намуда, музди корро ихтисор кардааст. Дар заминаи он “кодекси” интизоми меҳнатии системаи фабрикавиро ҷорӣ намудааст.
Адам Смит дар асари худ “Тадқиқот оиди табиат ва боигарии халқҳо” (с. 1776) ва дигар тадқиқотҳояш принсипи “одами иқтисодӣ”-ро ташаккул додааст, ки он ба назорат ва ҳисобкунии музди меҳнат равона шуда буд. Джеймс Милл доир ба муаммои ҳавасмандии кормандон дар оғози асри Х1Х тадқиқот гузаронидааст.
Роберт Оуэн дар солҳои 1800-1828 таҷрибаи иҷтимоию иқтисодӣ гузаронидааст, ки моҳияти он аз тасаввуроти коргарон оиди манзили обод, беҳдошти шароитҳои меҳнат, истироҳат ва ташкили мағозаҳо, барои фурӯши молҳои ниёзи аввали мардум бо нархҳои дастрас иборат буд. Оуэн синни ақаллии коргаронро барои бачагон баланд ва давомнокии рӯзи кори онҳоро кам карда, дар ҷойҳои аҳолинишин (шаҳракҳои коргарӣ) мактабҳо ташкил карда буд. Чунин тадбирҳо аз тарафи Оуэн барои афзун кардани ҳосилнокии меҳнат равона шуда буданд. Ақидаи Оуэн аз замонааш қариб якуним аср пеш рафта буд, бинобар ин онро ҷомеа напазируфт ва бо зудӣ фаромӯш кард.
Дар инкишофи назария ва амалияи идоракунӣ саҳми муҳимро олими англис Чарлз Бэббидж гузошт. Вай усулҳои иҷрои ҳаракатҳои мухталиф, омӯхтани сарфаи вақти корӣ, таҳлили қиёси фаъолияти корхонаҳои яксамта, муайян намудани роҳҳои афзункунии самаранокии кор ва татбиқи системаи мукофотонии музди кориро дар асоси омӯхтани маълумотҳои оморӣ кор карда баромад. Натиҷаҳои тадқиқот ва тавсияҳои Беббидж дар китоби ӯ “Оиди сарфаи масолеҳҳо ва таҷҳизотҳо” (с.1832) акси худро ёфтаанд. Ин китоб дар соҳаи идоракуни дар ҷаҳон нахустин буд.
Маршал, Логман муҳим будани менеҷменти илмиро дар соли 1835 дарк намудаанд. Ҷозеф Вартон соли 1881 барои коллеҷҳо фанни менеҷменти соҳибкориро кор карда баромад. Инқилоби ин давра ба тавлиди менеҷменти касбӣ мусоидат кард, ки сабаби ин инкишофи истеҳсолоти саноатӣ буд.
Инкишофи назария ва амалияи идоракунӣ панҷ давраро дар бар мегирад:
Давраи якум ҳангоми пайдоиши алифбои Шумери бостонӣ ва пайдоиши табақаи “Фидоиёни тоҷир”. Вазифаи ин давра аз тарғиби дину оин ва фаъолияти тиҷоратӣ иборат буд.
Давраи дуюм ба соли 1760 то мелод мувофиқ меояд. Дар он давра шоҳзода Ҳамураппӣ маҷмӯи қонунҳои идоракуниро кор карда баромадааст, ки дар асоси онхо корҳои ҳокимияту давлатдорӣ танзим карда мешуданд.
Давраи сеюми ташаккули менеҷмент ба замони ҳукмронии Навуходоносори II (605-682 то мелод) рост меояд, ки дар ин марҳала усулҳои давлатдорӣ бо назорати ҷараёни истеҳсолот алоқаманд гаштааст.
Давраи чаҳорум ба асрҳои XVII–XVIII рост меояд, ки капитализм чун форматсияи иҷтимоӣ-сиёсӣ пайдо гашта буд. Дар ин марҳала саноатикунонии тамаддуни Аврупо ба миён омадааст.
Давраи панҷум ба охири асри Х1Х ва аввали асри ХХ рост меояд, ки онро менеҷменти бюрократӣ номида буданд. Дар ин давра зинаҳои печ дар печи идоракунӣ ба миён омад, ки меҳнати менеҷментро ба фаслҳо ҷудо намуд, меъёр ва андозаи (стандартӣ) меҳнати менеҷерро муайян намуд.
Ба ин тағиротҳои револютсионӣ нигоҳ накарда, инкишофи менеҷмент аслан хислати таҳаввулӣ (эволютсионӣ) дошт. Вай зина ба зина пеш мерафт.
Охирҳои асри Х1Х ва аввалҳои асри ХХ нахустин маҷмӯаи илми менеҷмент пайдо шуд, ки он дар заминаи таҷрибаҳои бисёрасра ва инкишофи саноат ташаккул ёфтааст. Саноат ҳамчун корхонаи истеҳсолӣ аз гурӯҳи меҳнатӣ иборат буд ва хосиятҳои худро дошт. Он ба истеҳсоли молҳои бозорхар ва фурӯши он машғул буд. Талаботи бозор ба доираи фаъолияти минбаъдаи истеҳсолот таъсир карда, онро ба дараҷаи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ расонд. Ҳамин тавр, корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ пайдо гаштанд.
Муассисаҳои бузурги истеҳсолӣ барои ба роҳ мондани ҷараёни меҳнати самаранок ва бо ҳамдигар зич фаъолият бурдани қисмҳои алоҳидаи истеҳсолот эҳтиёҷ доштанд. Ҳалли ин вазифа меъёр ва андозаи меҳнати менеҷеронро муайян кард.