Ташбеҳ (дар адабиёт)

Ташбеҳ калимаи арабист. Маънои луғавияш монанд кардан аст. Ташбеҳ ба маънои истилоҳӣ номи яке аз санъатҳои маънавист, ки чизе ба чизе монанд карда мешавад. Ҳангоми монанд кардани чизе ба чизе ҳатман сифат ё хусусияти муштараки миёни ҳарду чиз ба назар гирифта мешавад. Шоир ё нависанда, барои он ки мақсади хешро тому равшан баён кунад, хусусияти як чизро бо хусусияти чизи дигар монанд мекунад. Ба таври дигар гӯем, ташбеҳ ҳамеша ду тарафи муқоиса дорад. Дар мавриди ташбеҳ истилоҳоти мушаббаҳ (монанд) ва мушаббаҳбиҳи (монанда), монандшаванда ва монандкунанда хеле серистеъмоланд.

адабиёти точик

Аҳли қалам он чизро, ки монанд кунанд, мушаббаҳ ва он чизро, ки ба он монанд кунанд, мушаббаҳбиҳи гӯянд. Яъне, агар касе ё чизе, ки ба касе ё чизе монанд карда шавад, монандшаванда ё ташбеҳшаванда, аммо касе ё чизе, ки монандшавандаро ба худ монанд кардааст, монандкунанда ё ташбеҳкунанда меноманд. Аксари муҳаққиқон тарафдори онанд, ки шакли осонтару муносибтари ин истилоҳмонанд ва монанда қабул карда шавад.

Ҳангоми ба ҳам пайвастани ташбеҳшавандаву ташбеҳ- кунанда калима ва таъбирҳое ба кор мераванд, ки онҳоро ваҷҳи монандӣ (ваҷҳи ташбеҳ) ва адоти ташбеҳ меноманд.

Асоси ташбеҳ аз ду ҷузъ иборат аст: монандии ду чиз (қиёс) ва сабаби ин монандӣ, яъне сифати он. Пас, ваҷҳи ташбеҳ ҳамон сифати муштараки ду ҷузъи асосии ташбеҳ мебошад. Илова бар ин, дар монанд кардани ду чиз калимаҳои зиёде ёрӣ мерасонанд, ки онҳоро адоти ташбеҳ меноманд, яъне афзор ва олати ташбеҳ. Аҳли адаб калимаҳои: чунин, монанд, тариқ, -вор, шева, гӯӣ, пиндорӣ, сабил, минвол, -сон, – осо, мисл, чун ва ғайраро аз ҷумлаи калимаҳои адоти ташбеҳ донистаанд. Мисол:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ватан, меҳрат ба дил азбаски ҷо шуд,
Дилам аз хуррамӣ чун ғунча во шуд.

Мирзо Турсунзода

Дар мисраи дуюми ин байт «дилам» монанд (ташбеҳша- ванда), «чун» адоти ташбеҳ, «ғунча» монанда (ташбеҳкунанда), «хуррамӣ» ваҷҳи ташбеҳ (сабаби ташбеҳ) мебошад.

Чанд мисол:

Суратат маҳзари ҳусн аст, вале ин маънӣ
Ҳамчу ҳусни дигарон бар ҳама кас зоҳир нест.

Камол

Биёр он май, ки пиндорӣ равои ёқути ноб астӣ
Ва ё чун баркашида теғ пеши офтоб астӣ.

Рӯдакӣ

Чаро чун гул занӣ дар пӯст ханда?
Сухан бояд чу шаккар пӯстканда.

Низомӣ

Пушти замин чу рӯйи фалак гашта аз сипоҳ,
Рӯи фалак чу пушти замин гашта аз ғубор.

Рашиди Ватвот

Зулфро чун ҷони ҳар ошиқ ба бар дорад шиканҷ,
Чунки аз ҷонбозии ошиқ хабар дорад шиканҷ.

Раҳимӣ

Ойинавор шоҳиди ором нестем,
Симоб мечакад зи дили беқарори мо.

Шавкат

Пайкарам мегашт ҳамчун набзи беморон зи ҷо,
То саҳар аз мавҷи симоб изтиробе доштам.

Сайидо

Гаҳе чу шамъ кунам гиряҳои синагудоз,
Гаҳе чу субҳ занам хандаҳои хунолуд.

Бадри Чочӣ

Аксари донишмандони илми адаб муҳимтарин шарти ташбеҳро дар он донистаанд, ки бояд ташбеҳкунанда бар ташбеҳшаванда афзалият дошта, сифат ва хислатҳои таш- беҳкунанда аз ташбеҳшаванда мукаммалтару олитар бошад, то ки хислатҳои чизи ташбеҳшаванда хубтару беҳтар намоён шавад.

Саволҳо

  1. Маънои луғавӣ ва истилоҳии ташбеҳро гӯед.
  2. Адоти ташбеҳ ва ваҷҳи ташбеҳро фаҳмонед.
  3. Барои чӣ ташбеҳро як ҷузъи илми баён медонанд?

Насри ривоятӣ. Наср дар адабиёт

Ташбех чист? Ташбех дар адабиёт, ташбех бо забони точики.

ҚаблӣЗаҳирии Самарқандӣ
БаъдӣНизомии Арӯзии Самарқандӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед