Тасвири баландиҳо ва чуқуриҳои сатҳи замин дар харитаҳои табиӣ

Дар харитаҳои табиӣ баландиҳо ва чуқуриҳоро бо хатхои уфуқӣ ифода мекунанд. Онҳо баландиҳои мутлақи сатҳи хушкӣ ва чуқурии зери уқёнусхоро нишон медиҳанд. Бо ин мақсад дар харитаҳои табиӣ ҷадвали баландиҳо ва чуқуриҳо тартиб дода шудааст. Ҳар як ранге, ки дар ҷадвали баландиҳо ва чуқуриҳо акс ёфтааст, дар харитаи табиӣ мувофиқ ба хатҳои уфуқӣ аз якдигар ҷудо карда шудааст.

Қуллаи Исмоили Сомони, куллаи исмоили сомони
Қуллаи Исмоили СОмонӣ

Баландиҳои гуногунро бо хатҳои ҷигарранг, чуқуриҳои гуногунро бо хати уфуқӣ дар хушкӣ пастар аз 0 (ҷойҳое, ки аз сатҳи баҳр пастанд), 0, 200, 500 метр ва ғайра кашида шудаанд. Дар уқёнус бошад, онҳо бо 0, 200, 2000 метр ифода шудаанд. Хатҳои уфуқии харитаҳои табиӣ нисбат ба нақшаи маҳал ва харитаҳои топографӣ масоҳати калонро дар бар мегиранд. Аз ин сабаб мавзеъҳои начандон баланд дар онҳо тасвир карда намешаванд. Масалан, дар хати уфуқие, ки баландии мутлақи он 200 метр аст, баландиҳои аз он пасттар ба ҳисоб гирифта намешаванд.

Дар харитаҳои табиӣ баландиҳо на фақат бо хатҳои уфуқӣ, инчунин бо усули рангзании қабат ба қабат низ ифода карда мешаванд. Масалан, он мавзеи сатҳи Заминро, ки баландии мутлақи он аз 0 то 200 метр аст (ҳамвориҳои сатҳи Замин), сабз ранг мекунанд. Мавзеъҳоеро, ки аз 200 то 500 метр баландии мутлақ доранд, бо ранги ҷигарии паст ифода мекунанд. Баробари афзудани баландии хатҳои уфуқӣ, ранг ба ранги ҷигарии баландтар табдил меёбад. (Аз харита мушоҳида намоед). Нуқтаҳои аз ҳама баландро (қуллаи кӯҳҳо) бо рақам ифода мекунанд. Масалан, қуллаи Эверест (Ҷомолунгма, 8848 м, дар кӯҳҳои Ҳимолой) ва қуллаи Исмоили Сомонӣ (7495 м, дар кӯҳистони Помир-Расми 24). Чунин ифодаи баландиҳоро рангзании қабат ба қабат меноманд.

24.Кӯҳистони Помир
24.Кӯҳистони Помир

Дар харитаи табиӣ чуқурии баҳру уқёнусҳо ҳам бо усули рангзании қабат ба қабат ифода карда мешаванд. Чуқурии баҳру уқёнусҳоро дар харитаи табиӣ бо ранги кабуд ранг мезананд. Баробари афзудани чуқурӣ ранг ба кабуди тира табдил меёбад.

Хатҳое, ки нуқтаҳои чуқурияшон якхеларо мепайванданд, изобат (юнонӣ «изо»-хат, «батис»-чуқурӣ) номида мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Барои муайян кардани баландии мутлақ ва чуқуриҳо дар харитаи табиӣ ҷадвали баландиҳо ва чуқуриҳоро ҷой медиҳанд. Бо ёрии ҷадвал ва рангҳои мувофиқ дар харита дар куҷо воқеъ гардидани қитъаҳои баланду пасти хушкӣ, чуқурии баҳру уқёнусҳоро донистан мумкин аст.

Аҳамияти харита дар ҳаёти инсон. Харита дар ҳаёти инсон аҳамияти бузург дорад. Шумо аз мавзӯъҳои гузашта фаҳмидед, ки аз давраҳои қадим то имрӯз инсон харитаро бо мақсадҳои гуногун истифода мебарад. Харита модели (намунаи) олами ҳастӣ ба ҳисоб меравад. Он имконияти ниҳоят калони маълумотдиҳӣ, тасвирнамоӣ ва муқоисанамоӣ дорад. Аз ин ҷост, ки харита дар география ва дар соҳаҳои илм оид ба Замин ва илмҳои ҷамъиятӣ муҳимтарин воситаи аз нигоҳи илмӣ дарк намудани олами ҳастӣ мебошад. Беҳуда нест, ки бисёр тадқиқотҳои илмӣ, аз ҷумла илми география аз харита ибтидо ёфта, бо харита ба охир мерасад. Аз ин сабаб мегӯянд, ки «Бе харита география нест». Ин ба он маъност, ки ҳама тадқиқотҳои географӣ дар асоси харита гузаронида мешаванд ва натиҷаҳои он харитаро мукаммал мекунанд.

Дар замони мо харита дар ҳал кардани масъалаҳои хоҷагӣ ба худ ҳамто надорад. Хусусан дар масъалаи тадқиқу аз худ кардани қаламравҳои мухталиф, кофтукови сарватҳои зеризаминӣ, баҳисобгирӣ ва баҳодиҳии заминҳое, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ истифода мешаванд, саҳми харита калон аст. Ғайр аз ин харитаро дар ҳалли масъалаҳои баҳодиҳии захираи об, ҷангал, чарогоҳ ва истифодаи онҳо, сохтмони иншоот обёрикунанда, роҳ, каналу обанбор, корхонаҳои саноатӣ, хатҳои интиқоли барқ, гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифзи табиат (дарахтшинонӣ, паст кардани сатҳи обҳои зеризаминии заминҳои кишт, бартараф кардани намаки заминҳои шӯрзада) васеъ истифода мебаранд. Харита инчунин барои киштиронӣ, ҳавопаймоӣ, кайҳоннавардӣ, обуҳавосанҷӣ, сайёҳӣ, корҳои ҳарбӣ, кӯҳнавардӣ ва ғайра низ зарур аст.

Харита ҳамчун сарчашмаи маълумоти географӣ ва аёният аҳамияти калони таълиму тарбиявӣ дорад. Тавассути он на фақат объекту ҳодисаҳои сатҳи Замин омӯхта мешаванд, инчунин алоқамандии сабабу натиҷа, вобастагии объекту ҳодисаҳои табиӣ ва табиию иҷтимоӣ ошкор карда мешавад. Дар рафти таълим харита тафаккури географиро инкишоф медиҳад. Он забони ба худ хос дорад (аломатҳои шартӣ) ва онро на матни китоби дарсӣ иваз карда метавонаду на нақли омӯзгор.

Харитаҳои ҳозиразамон бо истифодаи расмхои аз болои самолёт ва аз коинот гирифташуда таҳия ва аниқ карда мешаванд. Истифодаи васеи технологияи компютерӣ сабаби пайдоиши харитаҳои электронӣ ва истифодаи васеи онҳо дар ҳаёти ҳамарӯза гаштааст. Бартарии ин харитаҳо дар он аст, ки онҳоро метавон калон ё хурд кард. Ба онҳо ворид кардани навигариҳо низ кори мушкил нест. Аз ин рӯ ҳоло харитасозон ба таҳияи харитаҳои электронӣ низ машғуланд.


Инчунин хонед:

Харитаи географӣ

Тасвири баландихо ва чукурихои сатхи замин дар харитахои табии, Ахамияти харита дар хаёти инсон

ҚаблӣМуайян кардани координати нуқтаи даркорӣ дар глобус ва харитаи географӣ
БаъдӣТирукамон (Шеър)