Тайёр кардани ширбиринҷ (Кори амалии №3)

Тайёр кардани ширбиринч (Кори амалии №3).


Таҷҳизот: дег ё дегчаи сирдор – 2, тағорача, табақча, қошуқ.

Миқдори масолеҳ: биринҷ – 1 кг, шир – 2 л, об – 0, 5 л, равғани зард – 100 г, шакар – 2 – 3 қошуқ, намак.

Рафти иҷрои кор

Коркарди якум: – биринҷро тоза карда, дар оби хунук шӯед.

Пухтани ширбиринҷ

1. Ба оби ҷӯшидаистода биринҷи тайёркардаро андозед. 15 – 18 дақиқа пазед ва обашро аз ширполо гузаронед. 2. Баъд аз он ба шири гарм андозед. Намак ва шакарро андохта, то тайёр шуданаш дар оташи паст пазед, камтар дам диҳед, хоҳед сарпӯши дегро пӯшида, 5 дақиқа дар оби хунук нигоҳ доред.

Ороиши хӯроки тайёр. Ба ширбиринҷ равған андохта, дар табақча ба мизи хӯрокхӯрӣ диҳед.
Тарзи тайёр кардани ширбиринҷ
Тарзи тайёр кардани ширбиринҷ
ҚаблӣТайёр кардани қайлаи ширдор. Кори амалии № 2
БаъдӣПухтани шавлаи кашкӣ. Тайёр кардани хӯрок аз кашк