Тайёр кардани запеканкаи творогдор (Кори амалии №5).
Таҷҳизот ва асбобҳо: тоба ё лаганди газ, табақча, истакон, элак ё гӯштқимакунак, қошуқ, корд, қайладон.
Миқдори маҳсулот: творог – 140 г, орди гандум – 12 г, шакар – 10 г, тухм – 1/10 (аз даҳ як ҳисса), намак – мувофиқи табъ, ванилин – 0, 02 г, равған – 5 г, талқони нони қоқ – 5 г, қаймоқ (барои молидан) – 5 г, қайлаи ширин – 75 г ё қаймоқ – 25 г.
Рафти кор. Массаи (масолеҳи) творогиро тайёр карда, ба творог тухм, намак, шакар, орд, ванилин андохта омехта мекунем. Масолеҳи ҳосилшударо ба андозаи 3 – 4 см паҳн карда, ба лаганди тафдони равғанмолида мегузорем ва талқони нони қоқ мепошем. Рӯйи онро ҳамвор карда, қаймоқ мемолем ва ба тафдон гузошта 25 – 30 дақиқа мепазем.
Запеканкаи тайёрро бо корд бурида, ба қисмҳо тақсим карда, ба табақчаҳо гузошта, ба болояш қаймоқ ё қайла мерезем.
Ҳисоботи кори иҷрошуда:
- Муайян кардани сифати хӯрок.
- Талабот ба хӯроки тайёрро гӯед.
Эзоҳ: Аз ҳамаи хӯрокҳои тавсияшуда мувофиқи табъи худ 1 ё 2 намуди хӯрокро амалан тайёр кунед.

Савол
- Барои запеканкаи творогдор кадом масолеҳ лозим аст?
- Барои чӣ пеш аз пухтан ба лаганд равған мемоланд ва боз талқони нони қоқ мепошанд?



















