Дар маҳаллаҳои руснишин ва сарҳадии аморати Бухоро барпо намудани тартиботи Шӯравӣ. Воқеаи дар маркази Русия – шаҳри Петроград сарнагун намудани Ҳукумати Муваққатӣ ва дар маркази кишвари Туркистон – шаҳри Тошкент сар шудани ҳаракатҳои инқилобӣ ба зудӣ то ба маҳаллаҳои руснишини аморати Бухоро- Бухорои Нав (Когон), Чорҷӯйи Нав, инчунин нуқтаҳои сарҳадӣ-Тирмиз, Каркӣ ва ғайра расид. Дар натиҷа аллакай 28 октябри соли 1917 дар Бухорои Нав, 31 октябр дар Чорҷӯйи Нав, 1 ноябр дар Тирмиз, каме дертар дар Каркӣ ҳам ҳокимият ба ихтиёри Шӯроҳо гузашт. Вале дар Бухорои Нав амалан резидентсияи Русия ва комиҷроияи вилоятии собиқ Ҳукумати Муваққатӣ, ки ба он П.П. Введенский ҳамчун комиссар сарварӣ мекард, ҳукмфармоӣ менамуданд. Ниҳоят 29 ноябр бинои резидентсия аз тарафи аскарони сурх забт гардид. Бо ҳамин резидентсия барҳам хӯрд.
Декабри соли 1917 анҷумани II Шӯроҳои маҳаллаҳои руснишини аморати Бухоро дар ин маҳаллаҳо барҳам додани кумиҷроияи вилоятии собиқ Ҳукумати Муваққатӣ ва резидентсияро маъқул шуморида, ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳокимиятро ба қонуният даровард. Ин анҷуман органи иҷроияи маҳаллаҳои руснишини аморат – Шӯрои Комиссарони Халқиро ташкил дод.
Тезутунд гардидани зиддияти байни Давлати Шӯравӣ ва ҳукумати амирии Бухоро. Баъди бунёди тартиботи Шӯравӣ ҳукумати амирии Бухоро умуман Ҳукумати Шӯравиро, аз ҷумла дар маҳаллаҳои руснишин ва сарҳадии аморат барпо гардидани чунин ҳукуматро нашинохт.
29 ноябри (12 декабри) соли 1917 сарвари ҳукумати кишвари Туркистони Шӯравӣ Ф.И.Колесов ба амири Бухоро Саид Олимхон барқия фиристода, дар он таъкид намуд, ки ҳангоми оромӣ дар сарзамини Бухоро, Ҳукумати Шӯравӣ тайёр аст бо ҳукумати амирӣ муносибати худро беҳтар намояд ва соҳибихтёрии Бухороро ба тарзи расмӣ шиносад. Вале ҳукумати амирии Бухоро бо Ҳукумати Шӯравӣ муносибати худро беҳтар карданӣ набуд. Ҳанӯз аввали декабри соли 1917 аз тарафи ҳукумати амирӣ ба номи Ҳукумати Шӯравӣ ду таҳдиднома фиристода шуд. Дар таҳдидномаи аввал амир аз Ҳукумати Шӯравӣ талаб мекард, ки барои аз сӯи Қаршӣ,ба воситаи Бухорои Нав, ба Бухорои Кӯҳна гузаронидани ғалла ягон хел мамоният накунанд. Дар таҳдидномаи дигар бошад амир талаб мекард, ки дар маҳаллаҳои руснишини аморат ба ҷадидон-ҷавонбухороиён паноҳгоҳ надиҳанд.
Ҳанӯз анҷумани II Шӯроҳо ба ин таҳдиднома дахл намуда, ба таҳдидномаи аввал ҷавоби қаноатбахш дода, таъкид намуд, ки ҳар гуна бор, ҳангоми аз Бухорои Нав гузаштан, танҳо бо мақсади нагузаронидани яроқ тафтиш карда мешаванд. Таҳдидномаи дуюмро бошад анҷуман рад намуд. Баръакс он анҷуман аз ҳукумати амирӣ ба тарзи қатъӣ талаб намуд, ки дар дохили аморат ҳам ба ҳар гуна таҳдид ва қатли мардум, аз он ҷумла ҷавонбухороиён, хотима диҳад.
Ҳамин тавр дар охири соли 1917 ва аввали соли 1918 зиддияти байни Давлати Шӯравӣ ва ҳукумати амирии Бухоро рӯз аз рӯз боло мегирифт. Дар дохили аморат тарафдорони тартиботи ҳамонвақтаи амирӣ нисбат ба муқобилони худ-махсусан ҷавонбухороиён, ягон гузашт карданро намехостанд.
Калидвожаҳо: Тезутунд гардидани зиддияти байни Давлати Шурави ва хукумати амирии Бухоро.