Тухми рустанӣ аз берун бо ҷилди тухм пӯшида шудааст ва функсияи муҳофизатиро иҷро мекунад.
Ҷанини тухми рустаниҳои дупалла аз решача, пояча, муғҷача ва ду тухмпалла – барги ҷанинӣ таркиб ёфтааст. Ҷанини тухми рустаниҳои якпалла аз решача, пояча, муғҷача ва як тухмпалла – барги ҷанинӣ иборат аст.

Моддаҳои захиравӣ метавонанд, дар қисмҳои гуногуни тухм, яъне дар ҷанин ва эндосперм ё дар як вақт ҳам дар ҷанин ва эндосперм захира шаванд.
Ба таркиби тухм об, моддаҳои органикӣ ва маъданӣ дохил мешаванд.
Моддаҳои органикии тухмро асосан сафедаи рустанигӣ, оҳар, равған ташкил мекунанд.
Ба сабзиши тухм об, ҳаво ва ҳарорати муайян зарур аст.
Тухми хушк ва сабзидаистода нафас мегирад. Дар тухми хушк нафасгирӣ суст зоҳир шудааст ва дар тухми сабзидаистода нафасгирӣ якбора меафзояд. Дар раванди нафасгирӣ оксиген фурӯ бурда, гази карбонат ва гармӣ хориҷ мешавад.
Майса ҳангоми сабзиш ва инкишоф аз моддаҳои захиравии тухм ғизо мегирад. Сабзиши тухм метавонад рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ бошад. Дар сабзиши рӯйизаминӣ тухмпалла ба рӯйи замин бардошта мешавад ва дар сабзиши зеризаминӣ тухмпалла дар зери хок ва дар дохили тухм мемонад.
Чуқурии кишт ба андозаи тухм ва хосияти хок вобаста мебошад.
Муҳлати кишти тухм пеш аз ҳама ба талаботи ӯ ба намии хок ва ҳарорати муайяни мувофиқ вобаста аст.
Тавассути тухм рустанӣ паҳн мешавад. Тухм ҳамчун хӯрок барои ҳайвоноти даштӣ, кишоварзӣ хизмат мекунад. Тухми бисёри рустаниҳо ҳамчун маводди ғизоӣ аҳамияти калон дорад.
Тухм (Тухми растани), тухми чист?, тухми растани бо забони точики