Убайди Зоконӣ

Гар кунӣ бо дигарон ҷабру ҷафо,
Бо Убайдуллоҳи Зоконӣ макун.

Гузаштагони Убайди Зоконӣ аз Арабистон ба Эрон кӯчида, дар Зокони Қазвин сукунат ихтиёр намуданд. Убайд соли 1270 дар хонадони вазири собиқ ба дунё омадааст. Ӯ таълими ибтидоиро дар зодгоҳаш Зокон гирифта, баъдан дар мадрасаҳои шаҳри Бағдод таҳсил намудааст. Вале даҳшатҳои ҳаёти замони феодалӣ боиси дар муҳтоҷӣ зиндагӣ кардани Убайди Зоконӣ гаштаанд. Ин ҳақиқатро дар ашъори дорои мазмуни тарҷумаиҳолии ӯ дучор меоем:

Дар хонаи ман зи неку бад чизе нест,
Ҷуз бодею пораи намад чизе нест.
Аз ҳар чӣ пазанд, нест ғайр аз савдо
В-аз дар чӣ хӯранд, ҷуз лагад чизе нест…

Ӯ соли 1370 аз олам чашм пӯшидааст. Убайди Зоконӣ нависандаи шӯхтабъ аст. Ҳаҷв равияи хосси эҷодиёти ӯ шинохта шудааст. Асарҳои ӯ дар шакли назм ва наср таълиф шудаанд. Мероси адабии Зокониро «Наводир-ул-амсол», рисолаҳои «Ахлоқ-ул-ашроф», «Садпанд», «Даҳфасл», «Дилкушо», «Ришнома», достонҳои «Ушшоқнома», «Мушу гурба», «Фолномаи буруҷ», «Фолномаи вуҳуш ва туюр», қасидаю ғазал, қитъаву рубоӣ, тарҷеъбанд ва осори дар шаклҳои хурди манзум таълифнамудааш ташкил медиҳанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мазмуни асосии эҷодиёти ӯ аз танқиди ақидаҳои куҳна- шуда, афкори зиддихалқии замона, ҷаҳолатпарастӣ, кирдо- ри ношоистаю баъзе урфу одатҳои мардум, эътирози зидди хонахаробии заҳматкашон аз ҷангҳои доимии дохилии ҷоҳталабон, тарғиби ақидаҳои ҳаётдӯстӣ, муҳаббати поки инсонӣ иборат аст. «Рисолаи дилкушо» асари мансур буда, ба забони арабӣ ва форсӣ таълиф ёфтааст. Он аз ҳикоятҳои хурд сурат гирифта, латифаҳои халқиро ба ёд меорад. Услуби нависанда агарчи ҳазлу мутоиба аст, мазмуни ҷиддии танқидӣ дорад.

Инро худи муаллиф ҳам ишорат намудааст:

Ба мазоҳат нагуфтам ин гуфтор,
Ҳазл бигзору ҷидд аз ӯ бардор!

Якчанд ҳикоя (Латифа ва афанди) аз «Рисолаи Дилкушо»-и устод Убайди Зоконӣ меорем, инҷо хонед: «Рисолаи Дилкушо»

Абулқосими Фирдавсӣ


Шархи холи/тарчумаи холи/зиндагиномаи Убайди Зокони.

ҚаблӣИстиора (дар адабиёт ва шеър)
БаъдӣЛатифа ва афанди аз «Рисолаи Дилкушо»

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед