Ваколатнома (Боварнома, Доверенность)

Ваколатнома ҳуҷҷатест, ки тавассути он корхона (муассиса, ширкат ва ғ.) ба касе ҳуқуқи иҷрои ин ё он кореро, амалиётеро медиҳад. Шахси ваколатгиранда аз номи шахси ваколатдиҳанда кореро иҷро менамояд.

тарзи навиштани ваколатнома, доверенность

Давоми матн пас аз блоки реклама

Ваколатномаеро, ки корхона ё муассиса медиҳад, ваколатномаи расмӣ меноманд. Ваколатномаи расмӣ ҳуҷҷатест, ки дар асоси он муносибатҳои ташкиливу молиявӣ байнн муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ваколатномаи расмӣ маълумоти зерин бояд сабт гарданд:

  1. Санаи эътибори ваколатнома.
  2. Ному нишонии корхона (муассиса)-и истифодабаранда.
  3. Ному нишонии муассисаи пардохткунанда, таъминкунандаи мавод.
  4. Номи ҳуҷҷат.
  5. Санаи дода шудани ҳуҷҷат.
  6. Насаб, ном, номи падар, мушаххасоти Шиносномаи шахси ваколатгнранда.
  7. Ном, рақам ва санаи ҳуҷҷате, ки мутобиқи он мавод гирифта мешавад.
  8. Номгӯй ва миқдори мол.
  9. Имзои роҳбари муассиса ва сармуҳосиб, сана ва муҳри корхона.

Агар дар ваколатномаи расмӣ санаи ба охир расидани эътибори он нишон дода нашуда бошад, он ба муддати як сол эътибор дорад. Ваколатномаи расмӣ, одатан аз ҷониби сарвари корхона ба шахси таъминкунанда бо мавод, муовин оид ба коркоӣ хоҷагӣ (мудири хоҷагӣ) дода мешавад. Вай аз корхона, муассисаҳои савдо ва ғ. барои корхона маводи зарурӣ дастрас менамояд.

Навъи дигари ваколатномаи расмӣ, ваколатномаест, ки муассиса (корхона), созмон, ширкат ва ғ. ба яке аз кормандонаш ваколат медиҳад, ки манфиатҳояшро дар ҷараёни мурофиаи судӣ (додситонӣ) ҳимоят намояд.

Намунаҳояш инҷо оварда шудаанд: Намунаи Ваколатнома<<

Ваколатномаи шахсӣ дар ҳолату вазъияти гуногуне, ки дар зиндагӣ рӯй доданашон имкон дорад, аз ҷониби як шахӣ ба шахси дигар дода мешавад. Дар ваколатномаи шахсӣ қисмҳои зерин ҷой мегиранд:

  1. Номи санад.
  2. Насаб, ном ва номи падари шахсе, ки ваколат медиҳад.
  3. Насаб, ном ва номи падари шахсе, ки ваколатдор мешавад (мушаххасоти Шиносномааш).
  4. Матни ваколатнома (мундариҷаи ваколатнома).
  5. Имзои ваколатдиҳанда
  6. Санаи дода шудани ваколатнома
  7. Вазифа ва имзои шахсе, ки имзои ваколатдиҳандаро тасдиқ менамояд.
  8. Санаи рӯз, муҳр.

Ҳар ду навъ ваколатномаро метавон бо шакли дастнавис ва чопӣ таҳия намуд.


Намунаи Ваколатномаи шахсӣ:

Ваколатнома

Ман, Аброров Далер Қурбонович — муаллими калони Кафедраи забонҳои Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Ватанов Хуршед Саидович (шиносномааш А 3003100, 15 майи соли 2007 дар ШКД ноҳияи Синои ш.Душанбе дода шудааст) ваколат медиҳам, ки музди меҳнати маро барои моҳи апрели соли 2010 аз хазинаи ДМИТ бигирад, чунки ман аз сабаби беморӣ имкони гирифтани музди меҳнатамро надорам.

Имзо /                 / Аброров Д.Қ.

28 апрели соли 2010.

 

Имзои Аброров Д.Қ.-ро тасдиқ менамоям.

Сардори Шуъбаи кадрҳои ДМИТ

Имзо /        / Абдуллоев Ҷ.

Санаи рӯз

Муҳр


Маводҳои монанд:


Тарзи навиштани Ваколатнома, довереност.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама