Васфи тирамох аз нигохи олимон

Фасли тирамоҳ кай оғоз меёбад?

Рӯзҳо ҳанӯз дароз ва ҳаво хеле гарм бошад ҳам, лекин номаълум, оҳиста-оҳиста фасли тирамоҳ меояд.

Агар аз рӯйи тақвим ҳисоб кунем, тирамоҳ якуми сентябр сар мешавад. Аз рӯйи ҳисоби астрономӣ* тирамоҳ 22-юми сентябр, вақте ки дар тамоми кураи замин рӯзу шаб баробар асту дувоздаҳсоатиро ташкил медиҳад, оғоз меёбад.

Баъди ин рӯзҳо кӯтоҳ шудан мегиранду шабҳо баръакс дароз мешаванд. Офтоб рӯз аз рӯз бешитоб сӯйи зимистон ҳаракат мекунад. Агар тағйироти худи табиатро ба назар гирем, тирамоҳ баъзан дер, баъзан зуд фаро мерасад.

Тирамоҳ нишонаҳои бисёр дорад: парандагони гармидӯст сӯйи кишварҳои гарм парида мераванд, дар рафтори ҷонварон тағйирот пайдо мешавад. Лекин нишонаи аз ҳама маълуму зуд ба чашм бархӯранда дигар шудани ранги баргҳои дарахтон мебошад. Онҳо зарду арғувонӣ* ва бунафш* мешаванд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Чаро дар тирамоҳ баргҳо зарду арғувонӣ ва бунафш мешаванд?

Дар таркиби баргҳо доначаҳои зиёди хурд-хурде ҳастанд, ки ранг доранд: сабз, зард, сурх. Ин доначаҳо зуд-зуд вайрон шуда, боз аз нав барқарор мегарданд. Дар тобистон бо сабаби рӯшноӣ ва гармии бисёр доначаҳои сабз зуд ва осон барқарор мегарданд, бинобар ин баргҳо тару тоза, сабз мешаванд. Ранги барг тағйир намеёбад, чунки донаҳои сабз онҳоро нигоҳ медоранд.

Рӯзҳо кӯтоҳ мешаванд. Рӯшноӣ торафт кам мегардад. Доначаҳои сабз мисли тобистони зудгузар барбод раванд ҳам, тухми нави онҳо суст инкишоф меёбад ва барг беранг мешавад.

Аммо дар ҳуҷайраи барг моддаи рангдор – зард вуҷуд дорад; фақат дар тобистон афзоиши доначаҳои сабз онҳоро пахш мекунад. Дар тирамоҳ инкишофи доначаҳои сабз суст мешавад, доначаҳои зард ғолиб меоянд ва дурахшонтар мегарданд. Баргҳо зард мешаванд.

Баргҳо на фақат зард, балки акнун рангҳои сурху бунафшро низ ба худ мегиранд. Дар баргҳо боз як моддаи рангин падид омада, он рангро тағйир медиҳад. Ин модда дар фасли тирамоҳ дар қисми зиёди баргҳо ҷой мегирад, зеро барои ба вуҷуд омадани он ҳаво бояд сард шавад ва ҳаёти рустаниҳо қатъ гардад. Ҳамаи ин дар фасли тирамоҳ ба амал меояд.

Ана барои чӣ баргҳо ранги худро тағйир медиҳанд.


  • астрономӣ – ситорашиносӣ, нуҷум
  • арғувонӣ – сурх, сурхтоб
  • бунафш – ранги нофармон, ранги кабуди моил ба ранги гули бунафша
  1. Фасли тирамоҳ кай оғоз меёбад?
  2. Нишонаҳои тирамоҳ кадомҳоянд?
  3. Дар фасли тирамоҳ кай шабу рӯз баробар мешавад?

Иншо дар бораи ТИРАМОХ, ТИРАМОХИ ЗАРИН, маълумот дар бораи Тирамох, мохи тирамоҳ, фасли тирамох, иншо бо забони точики, Васфи тирамох аз нигохи олимон, Фасли тирамох кай огоз меёбад?

Иншо дар бораи Навруз