Вазифаҳои иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандӣ

Аслан, вазифаи иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳимояи ҳаёти шахсии инсон ва шаҳрвандро ифода менамояд. Зеро дар аксар маврид ҳаёти шахсии инсонҳо ва шаҳрвандон дар зери таъсири сохторҳои сиёсӣ ва низомҳои мухталифи давлатӣ қарор дода мешавад.  Чунин вазифа дар раванди сохтан ва ташаккул додани механизми худидораи ҷамъиятӣ ифода меёбад. Аз ин нуқтаи назар, ҷомеаи шаҳрвандӣ иттиҳодияи шаҳрвандон ва фаъолияти онҳоро аз мудохилаи ғайриқонунии ҳокимияти давлатӣ ҳифз менамояд. Ҳамчунин ташаккули мақомотҳои демократии давлат ва низомҳои сиёсии онро таъмин менамояд. Ғайр аз ин, ҷомеаи шаҳрвандӣ имкон медиҳад, ки маъракаҳои интихоботӣ, референдумҳо, роҳпаймоиҳо, афкори ҷамъиятӣ, васоити ахбори оммаи мустақил ба таври ратсионалӣ истифода бурда шаванд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ кафолатҳои воқеии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро таъмин менамояд ва иштирок дар корҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро барои ҳама дастрас мегардонад. Аз ҳама лаҳзаи ҳассос дар иҷрои вазифаи иҷтимоӣ ин аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди иҷтимоикунонии фард иштироки фаъол дорад.

Вазифаи коммуникатсионӣ. Ҷомеаи шаҳрвандӣ манфиатҳои мушаххаси шаҳрвадонро дар назди давлат муайян месозад. Зеро ҳимояи манфиатҳо ва қонеъ сохтани талаботҳо танҳо аз ҷониби давлат амалӣ карда мешавад.

Вазифаи устуворнамоӣ. Мустаҳкам намудани пояҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки барои устувор нигоҳ доштани ҷомеа ва давлат хеле заруранд.

Вазифаи сиёсӣ. Таъмини озодиҳои сиёсӣ, озодиҳои интихоби иқтисодӣ ва умуман озодиҳои шахс. Зеро озодиҳои шахс асоси ҷомеаи озод ва демократӣ мебошанд. Вазифаи сиёсии ҷомеаи шаҳрвандӣ имкон медиҳад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, вазифаҳо ва соҳаҳои иҷтимоию сиёсӣ, мавқеи ҳуқуқии инсон ва нақши иҷтимоию иқтисодии ӯ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ мушаххас ва муайян карда шаванд. Ғайр аз ин, ҷомеаи шаҳрвандии ташаккулёфта соҳаҳои манфиатҳои шахсӣ, меҳнати шахсӣ ва ҳуқуқҳои шахсиро аз зери назорати қатъӣ раҳо мекунад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Калидвожаҳо: Вазифахои ичтимоии чомеаи шахрванди.

ҚаблӣТаълимот ва омӯзиши ҷомеаи шаҳрвандӣ
БаъдӣҶомеаи шаҳрвандӣ ва давлат