Вазъияти сиёси-адаби, илм ва мадани дар асрхои IX-X (9-10)

Вазъияти сиёси-адаби, илм ва мадани дар асрхои IX-X (9-10)

Мавзӯъ: Вазъияти сиёси-адабӣ, илм ва маданӣ дар асрҳои IX-X

Нақша:

  1. Вазъияти сиёсӣ
  2. Вазъияти илмӣ ва маданӣ
  3. Равнақи илми мусиқи

Аз асрҳои IX cap карда адабиёти тоҷик ба забоне сару кор гирифтааст, ки имрӯз ҳам мардуми мо бо он забон гуфтугӯ менамояд. Таъкид намудан бамаврид аст, ки забони шоирон ва адибони адабиёти классикӣ аз забони ҳозираи адабии тоҷик фарқи куллие надорад. Асоси адабиёти тоҷик маҳз дар ҳамин давраҳо гузошта шуд. Жанрҳои асосии адабиёти мо дар насру назм ба чаҳорчӯби муайян дароварда шудаанд. Ҳамаи ин пайвандҳо адабиёти асрҳои IX-X-ро бо тамоми давраи адабиёти минбаъдаи мо пайваст намуд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Адабиёти асрҳои IX-X бо мӯҳтавои мазмунҳои иқтисодӣ, сиёсй, ҷамъиятй ва илмй дар таърихи халқи тоҷик мақоми махсус дорад. Тавре аз таърих медонем, арабҳо солҳои 636-637 Эронро забт карданд ва соли 651 Марв, соли 709 Бухоро ва соли 712 Самарқандро истило карданд. Халқҳои Хуросону Мовароуннаҳр муборизаро бар зидди арабҳо давом дода, ба ташкил ёфтани давлатҳои мустақили мутамаркази феодалии халқи тоҷик асос гузоштанд. Хусусан, дар замони Сомониён, ки пойтахти он Бухоро буд, бисёр урфу одатҳо ва дигар муқаддасоти гузаштагонамон аз нав зинда карда шуд.

Дар истиқлол ва мустаҳкам гардидани_ давлати Сомониён саҳми Исмоили Сомонй хеле назаррас аст. У марди оқилу доно буд.

Бо ташкил ёфтани давлати мустақили мутамарказ дар асри X боис шуд, ки илму маданият низ рушду нумӯъ ёбад. Дар шаҳрҳои калони Хуросону Мовароуннаҳр ва Хоразм санъатҳои гуногуни меъморӣ ва мусиқӣ рӯ ба тараққй ниҳоданд. Дар Бухорову Самарқанд ва дигар шаҳрҳо марказҳои илмию маданй, мактабҳо, мадрасаҳо, китобхонаву корвонсаройҳо сохта шудаанд. Ёдгориҳои он замон, хусусан, оромгоҳи Исмоили Сомонй дар Бухоро бо ороиш ва шукӯҳи худ ҳамаро мафтун мегардонад. Мадрасаҳои бисёре сохта шудаанд, ки барои рушду тараққиёти илму маданият мусоидат менамуданд. Аксари толибилмон таҳсилоти худро дар мадрасаҳо идома медоданд. Инкишофи илму адабиёт, маориф ба таъсиси бисёр китобхонаҳо сабаб шуд. Дар Бухоро, Самарканд, Балх, Нишопур ва Рай китобхонаҳои бузург

ба кор оғоз намуданд. Бузургтарини онҳо китобхонаи Сомониён буд, ки аз он Абӯалй ибни Сино истифода кардааст.

Ривоҷу равнақи илму фарҳанг дар ин давра ба дараҷае буд, ки на танҳо дар мадрасаҳо, балки дар дӯконҳо, саройҳо низ баҳсҳои илмй барпо мешуданд. Растаҳои китобфурӯшӣ ба миён омаданд, ки мардум китобҳои даркории хешро аз он ҷо дастрас мекарданд.

Дар асрҳои IX-X дар соҳаи илми мусиқй низ дастовардҳои муҳиме ба даст оварда шуданд. Мутрибону созандагону навозандагон ба ширинкориву сурудани маҳзакаҳои мардумй оғоз менамуданд. Дар ҳамин давра пояҳои мустаҳками «Дувоздаҳмақом» гузошта шуд. Дар дарбори Сомониён дастаҳои мусиқй расман ҳунарнамоӣ мекарданд. Аз асри IX cap карда забони тоҷикӣ ташаккул меёфт. Дар асрҳои IX-X пояи адабиёти оламшумули тоҷику форс бо ҳамин забон гузошта шуд, ки устод Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Балъамй, Фирдавсй, Берунй ва бисер бузургони дигар онро боз ҳам суфтаю пухта намуда аз он ҳимоят карда ва дар инкишофи минбаъдаи он нақши бузурге гузоштаанд.

ҚаблӣКамоли Хуҷандӣ / Камоли Хучанди
БаъдӣДавлатшохи Самарканди ва мероси адабии у