Хати шикаста. Секунҷа. Чоркунҷа. Бисёркунҷа

Порчаҳои АВ, ВС, СД, ДЕ дар расми 13 хатти шикастаро ҳосил кардаанд. Ҳар яки ин порчаҳо (бандҳо ё звеноҳои) хатти шикастаи АВСДЕ-ро ташкил додаанд.

Охирҳои хатти шикастаи АВСДЕ озоданд. Онҳо, инчунин, метавонанд бо ҳам пайваст бошанд. Дар чунин маврид шаклҳои одии геометрӣ, аз ҷумла секунҷа, чоркунҷа ва ғ. ҳосил мешаванд.

Порчаҳои АВ, ВС ва СА дар расми 14 секунҷаи АВС-ро ҳосил кардаанд. Ин порчаҳо тарафҳои секунҷаи АВС ва нуқтаҳои А, В, С қуллаҳои секунҷаро ташкил медиҳанд. Агар ҳар се тарафи секунҷаи АВС баробар бошанд, онро меноманд: АВ=ВС=СА.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар расми 15 чоркунҷаи АВСД тасвир ёфтааст. Порчаҳои АВ, ВС, СД ва ДА тарафҳо, нуқтаҳои А, В, С, Д қуллаҳои чоркунҷаро ташкил додаанд. Ҳамин тавр, секунҷа се тарафу се қулла, чоркунҷа чор тарафу чор қулла доранд.

Секунҷа ва чоркунҷаро дар якҷоягӣ бисёркунҷа мегӯем. Шумораи тарафҳои бисёркунҷа аз 4 ҳам зиёд шуда метавонад.

Таъриф. Суммаи дарозии қисмҳои хатти шикаста дарозии хатти шикаста номида мешавад. Суммаи дарозиҳои тарафҳои бисёркунҷа периметри бисёркунҷа ном дорад.

Масалан, периметри секунҷаи АВС ба АВ+ВС+СА ва периметри чоркунҷаи АВСД ба АВ+ВС+СД+ДА баробар аст.

Барои чен кардани дарозии порча аз хаткашак истифода мебаранд.

Дар хаткашаки дар расми 16 тасвирёфта   хатчаҳои штрихӣ дар масофаҳои баробар кашида шудаанд. Ҳиссаҳои баробар тақсимотҳои хаткашак ном доранд. Тақсимотҳо аз чап сар карда, ба самти рост рақамгузорӣ шудаанд: ибтидои ҳисоб бо 0, баъд 1, пас аз он 2 ва ғ. Дарозии ҳар як тақсимот дар хаткашаки овардашуда ба 1 см баробар аст:

Дар расми 16 дарозии порчаи АВ бо воситаи хаткашак чен карда шудааст. Тавре аён аст, вай ба 4 см баробар аст.

Ҳамаи тақсимотҳои хаткашак дар якҷоягӣ шкаларо ташкил медиҳанд.

Шкалаҳо на фақат дар хаткашакҳо дучор меоянд. Дар расми 17 ҳароратсанҷи хонагӣ тасвир ёфтааст. Шкалаи ин ҳароратсанҷ аз 55 тақсимот иборат аст. Ҳар як тақсимоти шкалаи мазкур ба як дараҷаи Селсия (10 С0) мувофиқ аст. Дар расми овардашуда ҳароратсанҷ 180 С0ро нишон медиҳад.

Шкалаҳоро на фақат дар порчаҳо ғунҷонидан мумкин. Масалан, дар соатҳо шкалаҳо, аз рӯйи давра ҷойгир карда мешаванд (расми 18). Соати дар расми 18 тасвирёфта вақти 16 соату 50 дақиқаро нишон медиҳад.


Хати шикаста. Секунча. Чоркунча. Бисёркунча, бандхо ё звенохо, секунчаи АВС, тарафхои секунча, куллахои секунча, чоркунчаи АВСД, тарафхои чоркунча, куллахои чоркунча, куллаи чоркунча, кула, тарафи секунча чи маъно дорад, дарозии хатти шикаста чист? периметри бисёркунча, таксимотхои хаткашак, шкала чист, бо забони точики.

ҚаблӣПорча. Дарозии порча
БаъдӣҲамворӣ. Хати рост. Нур