Яклухтии раванди педагогӣ

Раванди педагогӣ — алоқамандии дохили маҷмӯи равандҳои зиёд, ки моҳиятан аз таҷрибаи иҷтимоӣ ба сифати воситаи ташаккулдиҳандаи одам табдил меёбад. Раванди яклухт дар худ пайвасткунии равандҳои тарбия, омӯзиш, инкишофро на ба таври механики, балки ҳамчун сифатҳои нави омӯзиш, ки ба қонунияти махсуси худ итоат доранд, алоқаманд мекунад. Яклухтӣ, умумият, ягонагӣ — тавсифи асосии раванди педагогӣ, таъкидкунандаи тобеияти ҳамаи ягонагии равандҳои таркибии он ба як мақсад аст.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Чунин бувад диалектикаи мураккаби муносибати дохилии раванди педагогӣ:

1) Дар ягонагӣ ва мустақилият будани равандҳои бавуҷудоварии он;

2) Дар яклухтӣ ва баробар тобеъшавии он системаҳои воридшудаи мустақил;

3) Дар мавҷудияти умумӣ ҳам нигохдории хусусиятҳои ба худ хоси қисматҳо.

Хусусиятҳои яклухтшудаи раванди педагогӣ кадомхоянд? Онҳо мавриди ҷудошавӣ ба вазифаҳои бартаридоштаи худ зоҳир мегарданд. Раванди бартаридоштаи таълим, тарбия ва инкишоф. Вале ҳар кадоми ин раванди номбаршуда дар ра­ванди яклухт вазифаҳои ҳамроҳикунандагиро иҷро мекунанд: тарбия на фақат бо тарбиякунӣ, ҳамчунин бо инкишофдиҳӣ ва вазифаи маълумотдиҳӣ бо таълим (омӯзиш), ҳамчунин омӯзиш бо тарбия ва инкишоф вобаста иҷро карда мешавад. Диалектикаи бо ҳам алоқамандӣ ба мақсад, вазифаҳо, маз­мун, шакл ва методҳои иҷрокунии ташкили якҷоякунии равандҳо нақш мегузорад, ҳангоми таҳлил хусусиятҳои бартарии онҳо низ ҷудо карда мешавад. Масалан, дар мазмуни омӯзиш бартарӣ доштани ташаккулёбии маълумоти илмӣ, аз- худкунии мафҳумот, қонунҳо, принсипҳо, назария, пай дар пай таъсиррасонӣ ба инкишоф ва ба тарбияёбии шахсият низ тааллуқ дорад. Дар мазмуни тарбия афзалияти ташаккулёбии эътиқод, ақида, қоида, идеалҳо, арзишҳои муайянкунӣ, гузориши мақсад, мотивҳо ва ғ, вале дар ҳамин вақт тасаввурот, дониш, маҳорат низ ташаккул меёбад. Ҳамин тавр, ҳар ду ра­ванд ба мақсади асосӣ- ташаккули шахсият, вале ҳар кадоме аз онҳо ба матлаби ноилгардии ин мақсад тибқи воситаҳои махсус истифода мебаранд.

Хусусиятҳои равандҳо дар вақти интихоби шакл ва методҳои ноилгардии мақсад равшан мегардад. Агар дар омӯзиш бо ҷиддият батанзимории шакли дарси синфӣ, дар тарбия бошад, бештар шаклҳои озоди корҳои бартаридошта — фоиданоки ҷамъиятӣ, варзишӣ, фаъолияти бадеӣ, ташкили гуногуни алоқа, меҳнатӣ ҳадди ақалро истифода мебаранд. Методҳо дар асоси худ дар ягонагии ноилшавӣ ба мақсад фарқ доранд: агар омӯзиш бештар воситаҳои таъсиррасони зеҳниро, дар тарбия ҳам онҳоро инкор накарда, бо майлу рағбат ба таъсирбахшии рӯҳӣ истифода мебаранд. Ҳамчунин методҳои назорат ва худназоратӣ дар раванди таълиму тар­бия хусусияти умумӣ доранд.

Алахусус тамоми равандҳои таълимӣ ва тарбиявӣ хусусиятҳои яклухтии раванди педагогиро ифода мекунанд.

Раванди умумии педагогӣ


Яклухтии раванди педагоги, Раванди педагоги, реферат бо забони точики, педагогика.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама