Ёрии аввалин ҳангоми зарар дидани скелет

Ёрии аввалин хангоми зарар дидани скелет, Ёрии аввалин хангоми ёзидани пойхо ва баромадани бугумхо


Ёрии аввалин ҳангоми ёзидани пойҳо ва баромадани буғумҳо. Дар натиҷаи ҳаракатҳои ноҷо ё зарбхӯрӣ мумкин аст пайҳои пайвасткунандаи устухонҳои буғум зарар бинанд. Дар натиҷа, атрофи буғум варам карда, дардманд мешавад. Чунин ҷойи зарарёфтаи баданро ёзиш меноманд.

Ҳангоми расонидани ёрии аввалин ба ҷойи зарбхӯрда халтачаи ях ё латтаи ба оби хунук таркардаро гузоштан лозим аст. Хунуккунии ҷойи зарардида дардро сабук карда, варамкуниро нигоҳ медорад ва хунравии дохилиро кам мекунад. Ҳангоми ёзиши пойҳо ҷойи латхӯрдаро сахт докапеч кардан лозим аст (расми 31).

Дасту пойи зарардидаро ёзондан, кашидан ё гарм кардан мумкин нест. Баъди ёрии аввалин ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Ҳаракатҳои ноҷо боиси беҷошавии устухонҳо ва баромадани онҳо мегарданд. Дар ин ҳолат сараки устухон аз холигии дигар баромада, боиси ёзидан ва баъзан канда шудани бандакҳо мегардад, ки дар натиҷа дарди сахт пайдо мешавад. Ёрии аввалин ҳангоми баромадани устухонҳо аз он иборат аст, ки буғуми зарардидаро дар ҳолати оромии том нигоҳ доштан лозим аст. Дасти баромадаро бо рӯймолча ё дока ба гардан кашол кардан лозим аст (расми 31).

Расми 31. Ёрии аввалин ҳангоми латхӯрӣ ва ёзидани буғумҳо
Расми 31. Ёрии аввалин ҳангоми латхӯрӣ ва ёзидани буғумҳо

Пойро бошад, аз воситаҳои мавҷуда (тахтача, картони сахт) истифода бурда, тахтабандӣ кардан зарур аст. Барои сабук кардани дард ба буғуми зарардида халтачаи ях ё оби хунук монда, баъд шахси осебдидаро ба духтур бурдан лозим аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ёрии аввалин хангоми шикастани устухонхо

Ёрии аввалин ҳангоми шикастани устухонҳо. Устухонҳо сарфи назар аз боқувватиашон баъзан ҳангоми захмдоршавӣ, сахт лат хӯрдан ва афтидан мешикананд. Бисёртар устухони дасту пойҳо мешикананд. Агар ба шикастани устухон гумон пайдо шавад, танҳо боэҳтиёт бастани ҷойи зарардида дардро сабук мекунад ва беҷошавии устухонпардаҳои шикастаро пешгирӣ менамояд, зеро онҳо метавонанд бо канорҳои тезашон атрофро захмин созанд. Даст ё пойи шикастаро бо тахтабанд беҳаракат нигоҳ доштан мумкин аст. Тахтаҳои махсуси шикастабандӣ дар табобатхонаҳо мавҷуданд. Дар ҷойи воқеа онҳоро метавонанд аз тахтача, навдаи дарахтон ва картон тайёр кунанд. Тахтачаро на танҳо дар ҷойи шикастагӣ, балки дар қисми сиҳати пой ҳам ҷойгир мекунанд.

Чӣ тавре ки дар расм нишон дода шудааст, ҳангоми шикастани банди даст тахтача бояд ҳам қисми бозу ва ҳам панҷаро дар бар гирад. Дар ин ҳолат, устухонпораҳои шикаста беҷо намешаванд. Тахтачаро ба дасту пой бо докаи сербар, сачоқ ва ғайра сахт мебанданд. Агар тахтача набошад, дасти шикастаро ба тан ва пойи шикастаро бо пойи солим докапеч кардан мумкин аст (расми 32).

Расми 32. Ёрии аввалин ҳангоми баромадани буғумҳо ва шикастани устухонҳо
Расми 32. Ёрии аввалин ҳангоми баромадани буғумҳо ва шикастани устухонҳо

Таҷрибаҳо нишон доданд, ки на ҳар устухони шикастаро тахтабанд кардан мумкин аст. Ба ин, пеш аз ҳама устухони қафаси сина, қабурғаҳо, сутунмуҳра, косахонаи сар ва ғайра дохил мешаванд. Масалан, ҳангоми шикастани қабурға одам бояд бисёртар чуқур нафас бароварда, рӯякӣ нафас гирад. Дар вақти шикастани сутунмуҳра зарардидаро ҳатман ба ҷойи ҳамвору сахт ба шикам хобонда, мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват кардан лозим аст (расми 32).

Дар сурати захмдоршавии косахонаи сар беморро ба пушт хобонда, сарашро бояд оҳиста боло бардошт, то ки хунравии дохили косахонаи сар пешгирӣ карда шавад.


Дониши худро санҷед:

  1. Дар вакти латхури ва ёзидани пойхо чи хел ёрии аввалин расонидан лозим аст?
  2. Дар вакти баромадани устухонхо чи хел ёри расонидан мумкин аст?
  3. Хангоми шикастани дасту пой бояд чи тадбир андешид?
  4. Дар вакти шикастани кабурга, сутунмухра ва косахонаи сар чи хел ёрии аввалин расонидан мумкин аст?
ҚаблӣДубайтиҳо – шеърхо аз Гулрухсор Саифиева
БаъдӣМушакҳо ва вазифаи онҳо. Кори мушакҳо. Бофтаи мушак