Хилофати Араб. Забти Хуросону Мовароуннаҳр аз тарафи забткорони араб

Забти Хуросону Мовароуннаҳр аз тарафи забткорони араб. Забти Хуросону Мовароуннахр аз тарафи забткорони араб.


Ташаккулёбии дини ислом ва Хилофати Араб

Ташаккулёбии дини ислом ва Хилофати Араб. Зуҳури дини ислом, ки пасон сабаби ташкили давлати муттаҳидаи арабҳо, – Хилофати Араб (622-1258) сабаб гардид, дар тақдиру сарнавишти бисёр халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон нақши муҳим бозид.

Ислом, ки ба маънӣ-итоат, тавозӯъ, фармонбардорӣ аст, яке аз динҳои яктопарастии ҷаҳонӣ буда, дар асри VII дар нимҷазираи Арабистон дар муҳити қабилаҳои араб пайдо шудааст. Асосгузори он Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (570-632), яъне Муҳаммад пайғамбар шуморида мешавад. Азбаски дар исломи ибтидоӣ ғояҳои иҷтимоии бародарӣ, баробарӣ, накӯкорӣ, адолатпарварӣ, шафқату эҳтиром ба якдигар тарғибу талқин шуда, зулму тааддӣ, риёкорӣ, дурӯғгӯӣ, ришвахӯрӣ ба зери тозиёнаи танқид афтида буд, мардуми нимҷазираи Арабистон ва баъдтар қавмҳои эронӣ ҳам онро писандида қабул карданд.

Асоси таълимоти дини исломро китоби «Қуръон» ташкил медиҳад. «Қуръон» аз 114 сура (боб) иборат буда, барои мусулмонон китоби муқаддас маҳсуб шуда, пояи асосии дини ислом аст.

Ҳуҷумҳои истилогаронаи арабҳо асосан пас аз даргузашти Муҳаммад пайғамбар дар соли 632 ва баъди пуриқтидор гардидани давлати теократии Хилофати Араб сар зад. Давлати навтаъсисро нахуст, халифаҳо, яъне ҷонишинони паёмбар, – «хулафои рошиддин»: Абӯбакри Сиддиқ (632-634), Умар ал-Хаттоб (634-644), Усмон ибни Аффон (644-656), Алӣ ибни Абутолиб (656-661), намояндагони сулолаҳои Уммавиён (661-750), Аббосиён (750-1258) идора карданд. Ташаккули Хилофати Араб аслан дар замони салтанати «хулафои рошиддин» анҷом ёфта, сарзаминҳои Шому Фаластин, Мисру Эрон ҳам асосан аз ҷониби арабҳо дар ҳамин давра тасхир карда шуд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Хучуми арабхо ба мулкхои Ачам

Ҳуҷуми арабҳо ба мулкҳои Аҷам. Арабҳо дар зери ливои дини ислом ба муқобили мардуми ғайримусулмон, яъне кофирон ҷангҳои муқаддас эълон намуда, дар як вақт ба муқобили ду давлати пурқудрати он давра: империяи Византия (Рум) ва шоҳаншоҳии Сосониён ба ҷанг даромаданд. Охирин шоҳаншоҳи Сосониён Яздигурди III (632-651) бо вуҷуди кӯшишу талошҳои фаровон мардуми Эронро ба муқобили нерӯи ҷангии арабҳо бархезонда натавонист. Дар натиҷаи дар якчанд муҳорибаҳои тақдирсоз, махсусан дар ҷангҳои Қодиисия (дар соли 637), Ҳулвон (дар соли 637), Наҳованд (дар соли 642) ва Кирмон (дар соли 649) арабҳо тамоми нерӯи муттаҳидаи ҷангии Сосониёнро торумор карда, соли 651 маркази Хуросон – шаҳри Марвро тасхир намуданд, ки ин амалан маънии забти ҳама сарзамини Сосониёнро дошт.

Ниҳоят, соли 651 бо марги шоҳаншоҳ Язигурди III давлати Сосониён ҳам расман барҳам хӯрд ва арабҳо ба марзи Осиёи Миёна наздик шуда, барои тасхири ин сарзамин омодагӣ гирифтанд, вале ҷангҳои дохилӣ дар Хилофати Араб, ки ахиран сулолаи Уммавиёнро ба сари ҳокимият овард, раванди забти ин сарзаминро андаке ба таъхир андохт.

Марҳилаҳои асосии забти сарзаминҳои тоҷикон. Бархӯрду амалиётҳои ҷангии арабҳоро дар Хуросону Мовароуннаҳр аз рӯи мақсад, нақша ва рафт ба се марҳила тақсим кардан мумкин аст:

1. Марҳилаи якум, – солҳои 644-704-умро дар бар мегирад. Дар ин фосила арабҳо аввал, Хуросонро пурра тасхир намуда, ба мулк-давлатҳои ҷудгонаи Мовароуннаҳр якчанд ҳамлаҳои ғоратгарона мекунанд, вале ин ҷангҳо бештар хусусияти иктишофӣ (разведкавӣ) ва ғоратгаронаро доштанд.

2. Марҳилаи дуюм, – солҳои 705-715-умро дар бар мегирад. Ин давра ба ҷангҳои пуршиддати арабҳо ва муқовимати сахти мулк-давлатҳои ҷудогона ва ниҳоят ба забти мақсадноки сарзамини Мовароуннаҳр аз ҷониби арабҳо рост меояд;

3. Марҳилаи сеюм, – солҳои 715-821-умро фаро мегирад. Ин марҳила дар навбати худ боз ба якчанд давраҳо ҷудо мешавад. Ин замони паҳншавии дини ислом, шиддат ёфтани сиёсати мустамликавии арабҳо, муқовимати сахти халқҳои Мовароуннаҳру Хуросон алайҳи истилогарони араб, ниҳоят таъсиси давлатҳои миллӣ ва истиқлолият пайдо кардани халқҳои ин сарзамин аст.

Ҳамзамон раванди муҳоҷирати қабилаҳои фотеҳи араб ба сарзаминҳои тасхиршуда шурӯъ шуд. Дар соли 671-672 таҳти васояти сарлашкар ар-Рабиъ ибни Зиёд (671-673) панҷоҳ ҳазор марди ҷангии араб бо хонаводаҳои хеш, ки ниме бошандагони Басра ва ними дигар сокинони Куфа буданд, ба Хуросон омаданд. Агар шумораи ҷангиён панҷоҳ ҳазор бошад, аз эҳтимол дур нест, ки теъдоди афроди ғайриҷангӣ – занону кӯдакон, хидматгорону роҳбаладон ва ғ. ҳади ақал ба се баробари ин рақам рост ояд. Аз ин рӯ, шумораи арабоне, ки дар ин кӯчбандии бузург иштирок доштанд, дусад ҳазор нафарро ташкил мекард.

Муҳоҷирони араб гурӯҳ-гурӯҳ ва қабила ба қабила дар шаҳру минтақаҳои алоҳидаи Хуросон маскан мегирифтанд. Масалан, муҳоҷирони қабилаи бани бакр ва бани тамим дар қисмати шарқии Хуросон ва Сиистон, қабилаи бани қайс дар қисмати ғарбии Хуросон ва Қумис: қабилаи банӣ азд ва гурӯҳи қабилаҳои арабии аднонӣ ва қаҳтонӣ дар ҳама воҳаҳои Хуросон маскан гирифта, мақому манзалати хоса пайдо карда дар якҷоягӣ бо маволӣ (асирони озодшуда) барои тасхири Мовароуннаҳр омодагии ҷангӣ мегирифтанд. Маволӣ аслан мардуми ғайри арабе буданд, ки дини исломро қабул карда, ба ҳокимияти арабҳо ба итоат омада буданд. Табиист, ки ҳама мардумони эронинажоде, ки тобеъи арабҳо шудани дини исломро қабул карданд – мавло, яъне маволӣ шуданд.

Аслан истилои ниҳоии якчанд шаҳру минтақаҳои Хуросон – Балху Марваррӯд, Ҳироту Бодғис, Бомиёну Фориёб, Сарахсу Ҷузҷон, ҳамзамон ҳуҷумҳои Уммавиён ва комилан истиқрор ёфтани Хилофати Араб сурат гирифт.

Соли 673 сарлашкари араб Убайдуллоҳ ибни Зиёд (673-675) аз рӯди Ҷайҳун гузашта, ба сӯи Бухоро ҳуҷум намуд. Шаҳрҳои Пайканду Роментанро забту ғорат карда, ба муҳосира шаҳри Бухоро шурӯъ мекунад, лашкари муттаҳидаи суғдиёни Бухоро ва туркҳо дар ин ҷанг бо арабҳо бархӯрд карда, онҳоро қисман шикаст доданд. Ба сабаби он ки шаҳзодаи Бухоро кӯдак буд, модари ӯ малика Хутак-Хотун дар тахти Бухоро нишаста ҳукм меронд. Ӯ бар ивази додани сад ҳазор дирҳам бо арабҳо сулҳ мекунад. Арабҳо ғайр ба боҷи зиёд, алиҳаву либос, тиллову нуқра ва боз дигар сарватҳоро ҳамроҳи чор ҳазор нафар асир гирифта, ба Марв бармегарданд.

Соли 676, яъне пас аз се сол, амири нави Хуросон Саид ибни Усмон (675-677) бо қушӯнҳои худ боз ба Бухоро ҳамла меорад. Маликаи Бухоро ба як саду бист ҳазор нафар қувваи ҳарбӣ, ки аз мулкҳои Суғди Самарқанд, Кеш ва Нахшаб ба ёрӣ омада буданд, эътимод карда, барои ҷанг бо арабҳо лашкари худро равона мекунад, вале иттифоқчиён ба воҳима афтида, Бухороро ба тақдири худ монда, аз майдони муҳориба мебароянд. Дар натиҷа, малика маҷбур мешавад, ки боз боҷи зиёд дода, бист нафар маликзодагону деҳқонони асилзодаро ба асирӣ супорида, бо арабҳо сулҳ бандад. Дар соли 680 амири нави Хуросон Салм ибни Зиёд (680-683) ба Хоразм, Суғди Самарқанд, Бухоро ва Хуҷанд ҳамла оварда, ин мулк-давлатҳоро тасхиру ғорат карда, бо ғаниматҳои зиёд ва асирони сершуморе аз Мовароуннаҳр баромада рафт.

Ҳокимони Суғди Самарқанд, Бухоро, Кешу Нахшаб, Хатлону Чағониён ва Чоч барои пурқувват гардондани ҳокимияти мутлақи худ аз арабҳо ёрӣ ҷустанд, ки ин кори арабҳоро дар забти Мовароуннаҳр осон гардонд.

Агар таърихро бо рақам баён намоем, дар ин марҳила, сипоҳиёни араб солҳои 654, 667, 673, 676, 680, 691, 699-702, 703 – 704, яъне зиёда аз ҳафт маротиба рӯди Ҷайҳунро убур карда, шаҳру вилоятҳои чудогонаи Мовароуннаҳрро ғорат намуда, ҳаёти осоиштаро комилан вайрон намуда, одамонро асир гирифта, ба боигарии зиёде соҳиб шуда, ба Марв баргаштанд. Дар рафти амалиётҳои ибтидоӣ арабҳо аввал, аз парокандагии сиёсию ноиттифоқии ҳокимони мулк-давлатҳои маҳаллӣ, дуюм, аз топография ва маҳалли дақиқи ҷойгиршавӣ ва тарзи фатҳи шаҳру вилоятҳо ва сеюм, аз боигарии ҳайратангези Мовароуннаҳр пурра хабардор шуда, тамоми нерӯи ҷангии хешро барои тасхир кардани ин сарзамин омода карданд. Аз ин рӯ, марҳилаи аввали ҳуҷумҳои арабҳо дар Мовароуннаҳр бештар характери иктишофӣ (разведкавӣ), номунтазам, стихиявӣ ва ғоратгарона дошт. Дар ин марҳила ҳадафи асосии арабҳо шинос шудан ба ин сарзамин буд.

Амалиёти забткоронаи Кутайба ибни Муслим

Амалиёти забткоронаи Қутайба ибни Муслим. Марҳилаи дуюми ҳуҷумҳои арабҳо ба Мовароуннаҳр аз соли 705 сар шуда, то соли 715 давом мекунад, дар ин давра ин сарзамин пурра забт карда мешавад. Соли 705 яке аз сарлашкарони шуҷоъ, серғайрат ва маккори араб Қутайба ибни Муслим (704-715) амири Хуросон таъин мешавад. Қутайба соли 705 ба забти вилояти Балх шурӯъ кард. Дар ин фосила вилояти Чағониён хам бе ҷанг ба арабҳо таслим шуд. Бо ҳамин давраи дуюми забкориҳои арабҳо дар Мовароуннаҳр оғоз ёфт.

Соли 706 Қутайба бо лашкари бисёре аз рӯди Ҷайҳун гузашта, ба Бухоро ҳамла овард. Дар ин ҳамла қувваҳои ҳарбии арабҳоро ба ғайр аз маволиёни эронӣ боз дастаҳои ҳарбии ҳокимони Балху Чағониён ҳамроҳӣ мекарданд. Қутайба аввал шаҳри қадимаи ободи Мовароуннаҳр-Пайкандро ба муҳосира гирифт. Пайкандиҳо дар якҷоягӣ бо нерӯи ҳарбии Суғд ва дигар вилоятҳо, ки ба ёрӣ омада буданд, ба муқобили арабҳо сахт ҷангида, қаҳрамонӣ зоҳир карданд. Муҳосираи Пайканд панҷоҳ рӯз давом кард. Арабҳо девори мудофиавии шаҳрро рахна карда, ба дохили шаҳр даромада, аҳолии шаҳрро нобуд карда, Пайкандро ба даст дароварданд. Аҳли Пайканд ба Қутайба ибни Муслим бар ивази пардохти боҷи зиёде муоҳида бастанд. Қутайба яке аз ҳамқавмони хеш – Варқаъ ибни Насрро волии Пайканд таъин карда, худ ба тарафи Бухоро лашкар кашид, вале лашкари араб ҳанӯз панҷ фарсах (30 км) дур нарафта, аҳли Пайканд шӯриш карданд ва арабҳои дар он ҷо истодаро ба қатл расониданд. Қутайба аз роҳ баргашта Пайкандро дубора ишғол карда, онро тамоми ба харобазор мубаддал гардонда, ҳама мардони ҳозирбударо кушта, занону кӯдаконро ба ғуломӣ дод. Арабҳо дар ин ҷо ҳамон қадар сарвату боигарӣ ба даст дароварданд, ки то ин вақт дар ҳеҷ ҷо ин миқдор ғанимат насиби онҳо нагардида буд. Пайканд бошад, ба харобазор табдил меёбад.

Неруи ҷангандагии арабҳо соли 705-708 Боғдису Толиқон, соли 706-707 Чағониёну Шумонро бо аксари воҳаҳои Тахористон комилан тасхир намуд. Солҳои 707-709 бошад, Қутайба боз ба Бухоро ба музофотҳои атрофиён се бор ҳуҷум карда, қалъаҳои зиёд: воҳаҳо ва заминҳои ободро забту ғорат кард. Ӯ Бухорхудот-Туғшода (708-739)-ро волии Бухоро ва яке аз наздикони хешро амири он таъин кард. Мувофиқи муоҳидае, ки Бухорхудот бо Қутайба дар соли 709 ба тасвиб расонда буд, мардуми Бухоро бояд ҳар сол ба хазинаи Хилофат ба миқдори муайяне боҷ супорида, ба ғайр аз ин ними ҳавлӣ ва манзилашонро ба аскарон ва муҳоҷирони араб холӣ карда медоданд.
Соли 710 Қутайба-Шумону Аҳорун ва Нахшабу Кешро забт карда, барои ҳуҷум ба Суғди Самарқанд омодагии ҳарбӣ гирифт, вале фурсати муносибе барои тасхири Хоразм ба вуҷуд омад. Қутайба бо баҳонаи кӯмак расонидан ба Хоразмшоҳ Хорамзро забт карда, исёни халқиро фурӯ нишонда, бародари хоразмшоҳ Ҳурзодро ба қатл мерасонад. Аз ин ёрӣ Хоразмшоҳ ҳеҷ бурде намекунад. Баръакс, ӯ истиқлолияти давлати Хорамзро аз даст медиҳад ва Хоразм ба яке аз вилоятҳои боҷдиҳандаи Хилофати Араб мубаддал мешавад, зеро мувофиқи муоҳидаи сулҳ – Хоразмшоҳ муаззаф шуда буд, ки ба тариқи подош даҳ ҳазор сар чорво ба арабҳо диҳад ва дар ҳамлаҳои ҷангӣ ба Қутайба аскар равона кунад.

Ниҳоят, соли 712 Қутайба бо лашкари муттаҳидаи арабҳо ва қушунҳои маликони Бухоро ва Хоразм ба Суғди Самарқанд ҳуҷум мекунанд. Дар ин давра ихшид Тархун бо сабаби ба арабҳо дар иттифоқ шуданаш аз тахт дур карда шуда, ба ҷои он Ғурак (709-738) «ихшиди Суғд ва афшини Самарқанд» шуда буд. Ҳаракати вай дар таърихи муборизаи ҳифозатхонаҳонаи суғдиён воқеъаи муҳим ба шумор мерафт, зеро Ғурак арбоби машҳури давлатӣ, сиёсатмадор ва ватанпарасти замони худ буд, ҳарчанд муборизаи ӯ баҳри ҳифозати Суғд характери умумихалқиро нагирифт, вале ӯ тавонист, ки дар лаҳзаҳои муайян ба муқобили арабҳо муташаккилона ҷангад. Ғурак ба ҳокими Чоч, ҳоқони Турк ва ихшиди Фарғона сафир фиристода, аз онҳо ёрӣ мепурсад. Ҳоқони Турк нерӯи ҳарбии худро, ки аз саворагони тирандоз иборат буданд, бо роҳбарии писараш Инал-ҳоқон ба ёрӣ мефиристад, вале Қутайба аз омадани саворагони турк хабардор шуда, ба муқобили онҳо қушӯни баргузидаеро мефиристад, ки қушун турконро торумор менамояд.

Сугдиён як моҳ шаҳрро қаҳрамонона мудофиа караданд. Аз камон тир холӣ карда, аз шаҳр берун баромада, беамон ҷангида, ба арабҳо талафоти калон мерасонанд, вале ахиран, Самарқанд таслим мешавад. Байни суғдиён ва арабҳо муоҳидаи сулҳ баста шуд, ки онро ихшид Ғурак бо сарлашкар Қутайба имзо карданд. Мувофиқи муоҳидаи сулҳ ихшид Ғурак бояд ба арабҳо якбора ду ҳазор дирҳам, ҳар сол бошад, дусад ҳазор дирҳам, илова бар ин сӣ ҳазор ғулом дода, дар шахр як нафар сарбоз нигох надошта, шаҳристонро холӣ карда, дар он ҷо ба ҷои оташкадаи зардуштиён масҷиди ҷомеъи мусулмонӣ бунёд намуда, бутҳои зарринро хам бояд ба арабхо месупорид. Бар ивази ҳамаи ин Қутайба Ғуракро ихшиди Самарқанду Кеш ва Нахшаб таъин менамояд. Ғурак амалан вассал, яъне тобеъи арабхо мешавад.

Соли 713 водии Чоч хам бо пойтахташ шахри Бинокат забт карда мешавад. Қутайба дар водии Уструшана ҷангҳо карда, Хуҷанду Канд ва Косонро забт менамояд. Соли 714 ӯ бо мақсади ҷудо сохтани нерӯи ҷангии ҳокими Чоч ва Хоқони Турк ба Исфичоб лашкар кашида, он ҷоро низ забт мекунад, ва то Кошғар мерасад. Ниҳоят, соли 715 ба Фарғона ҳамла оварда, ин водиро низ пурра тасхир мекунад. Бо забти Фарғона – мархилаи дуюми ҳуҷумхои истилогаронаи арабҳо анчом ёфт. Дар ин мархила, дар фосилаи дах сол арабхо бо сарварии Қутайба ибни Муслим аввал, хама мулк – давлатхои Мовароуннаҳрро пурра забт карданд, дуюм, муҳоҷирон ва аскарони арабро, ахли хонаводаашон ба ин сарзамин кӯч баста буданд, дар шахрхои марказии Мовароуннаҳр дар хонаводаи мардуми маҳалли чой карданд, сеюм, арабхо шаҳру воҳаҳои ободу хуррами Мовароуннахро ғорату вайрон карда, ба харобазор табдил дода, одамонро асир гирифта, ба ғуломӣ гирифтор карда, ба бойгарии ҳайратангези ин сарзамин соҳиб шуданд ва ниҳоят, арабҳо дар сарзаминхои тасхиркарда ба тарзи қатъӣ ба паҳн кардани дини ислом шурӯъ карданд.

Соли 725 амири нави Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ (724-728; 735) ба мукобили Хатлон амалиёти ҷиддии ҳарбӣ сар мекунад. Арабҳо аз мулки Балх ба Хатлон гузашта, ба қувваи муттаҳидаи ҳокими Хатлон ва Хоқони турк рӯ ба рӯ мешаванд. Дар натиҷа арабҳо шикаст хурда ба Балх бармегарданд. Мардуми Балх дар хаққи онхо тамасхуромезона сурудаи зеринро мегуянд:

Аз Хутталон омадия,
Ба рӯ табоҳ омадия,
Овора боз омадия,
Хушку низор омадия.

Арабҳо дар муҳорибаи Хатлон чунон сахт шикаст хӯрда буданд, ки дар муддати даҳ сол ишғол кардани онро ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наоварданд. Танхо дар соли 737 арабҳо бори охирон ба Хатлон ҳуҷум оварданд. Ин навбат неруи ҷангандаги Хоқони турк аз муборизаи минбаъда даст кашид. Ҳокими Хатлон – Бадр-Тархон бо сарбозонаш ҳарчанд дар муҳосира афтода бошанд хам ба аскарони араб ҷангро давом медоданд. Азбаски қуввахо нобаробар буд, онҳо маҷбур шуданд, ки ба арабҳо гуфтушунид карда, сулх банданд. Арабхо ваъда доданд, ки ба Бадр-Тархон осебе намерасонанд, вале ваъдахилофӣ карда, ӯро ҳам мисли Деваштич аҳдшиканона ба қатл расониданд.

Баъди ин арабҳо Хатлонро хам ба тасарруфи худ дароварданд, ягона нуктае, ки арабхо дертар забт карданд, вилояти Уструшана буд. Афшинҳои Уструшана ба тарафдории деҳқонон, яъне мулкдорони хурд, махсусан, ба хайрхоҳӣ ва муборизаи фаъоли заминдорони озодихоҳ такя карда, истилогарони арабро то охири асри VIII ба қаламрави худ роҳ надоданд.

ҚаблӣОсиёи Миёна (Варазруд) дар давраи парокандагии феодалии асрҳои VI-VII
БаъдӣМуборизаи халқҳои Осиёи Марказӣ ба мукобили зулму истибдоди аҷнабиён