Зада чист? Зада ва мавқеи он дар калима

Зада чист? Зада ва мавкеи он дар калима аз сомонаи www.DONISHJU.net – сомона барои ҳамаи донишомӯзон >>


Зада чист? Равшантару сахттар садо додани яке аз ҳиҷоҳои калимаро зада меноманд. Дар таҳлил ҳиҷои заданок ба воситаи аломати ( ) нишон дода мешавад: хона, дирӯз, омад, фуромад, дусад, хондан.

Зада дар калимаҳои забони тоҷикӣ аксаран дар охири калима меояд: саҳро, донишҷӯ, сафед, қадбаланд, мардона, берун, оҳиста…

Дар шаклҳои тасрифии феъл, баъзе ҷонишинҳо, зарфҳо, пайвандаку ҳиссачаҳо зада дар ҳиҷои аввал меояд: чӣ хел, баъзе, гирифтам, мехондам, хонед, имрӯз, ин қадар, зеро ки, оре.

Бандакҳои изофӣ (китоби нав), феълӣ (омадам), хабарӣ (ту деҳқонӣ), бандакҷонишинҳо (китобам) зада намегиранд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

ШОЯД ИНҲО ҲАМ БА ШУМО ЛОЗИМ БОШАНД:

Фонетика – овошиноси ва вазифаҳои он