Замони ояндаи номуайян – The future indefinite tense

Агар замони мазкурро ба тоҷикӣ тарҷума кунем, “Замони ояндаи номуайян” ҳосил мешавад. Замони ояидаи номуайян амалеро мефаҳмонад, ки дар ояндаи наздик ва дур иҷро мешавад. Ба ҷумлаҳои зерин назар афканед:

I shall visit my aunt tomorrow. Ман пагоҳ ба зиёрати холаам меравам.

They will go to Moscow next year. Онҳо соли оянда ба Маскав мераванд.

Дар ҷумлаи якум амал дар ояндаи наздик (пагоҳ) ва дар ҷумлаи дуюм амал дар ояндаи дур (соли оянда) иҷро шуда истодааст. Пеш аз феълҳои асосӣ (visit, go) дар ҷумлаҳои англисӣ феълҳои ёридиҳандаи “shall”, “will” кор фармуда шудаанд. Дар ҷумлаҳои тоҷикӣ бошад, дар замони оянда пеш аз феълҳо унсурҳои ёрирасон намеистанд. Ҳангоми ифодаи амали оянда низ феълҳои тоҷикӣ дар замони ҳозира истифода мешаванд.

Сараввал дар замони ҳозираи номуайян феълҳои ёридиҳандаро аз назар мегузаронем.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст


Феъли ёридиҳандаи “to be” дар замони оянда

Феъли “to be” дар замони ҳорзира шаклҳои “am”, “are”, “is” дар замони гузашта шаклхои “was”, “were” – ро дошт. Он дар замони оянда дар шаклхои “shall be” ва “will be” истифода мешавад.

 Мисолҳо:

I shall be a teacher. Ман омӯзгор мешавам.

You will be a doctor. Ty пизишк мешавӣ.

He will be a driver. Ӯ ронанда мешавад.

She will be an actress. Ӯ ҳунарпеша мешавад.

We shall be teachers. Mo омӯзгор мешавем.

You will be doctors. Шумо духтур мешавед.

Чӣ хеле ки аз мисолҳои боло аён аст, феъли ёридиҳандаи “shall” пеш аз феълҳо барои шахсҳои якуми танхо ва ҷамъ (we) феъли ёридиҳандаи “will” бошад, барои шахсҳои боқимонда истифода бурда мешавад. Аз ҷонишинҳои шахсӣ ва феълҳои ёридиҳандаи “shall”, “will” ибораҳои зерин дар шакли пурра ва мухтасар ҳосил мешаванд:

I shall = I’ll

You will = You’ll

Не will = He’ll

She will = She’ll

We shall = We’ll

They will = They’ll


Ҷумлахои инкорӣ:

 I shall not be a baker. – Ман нонво намешавам.

She will not be a student. – Ӯ донишҷӯ намешавад.

We shall not be in the garden. – Mo дар боғ намешавем.

They will not be on the roof. – Онҳо дар болои бом намешаванд.

Ибораи инкории “shall not” дар шакли мухтасар “shan’t” ва ибораи инкории “will not” мухтасаран “won’t” ифода мешаванд.


Феъли ёридиҳандаи “to have” дар замони оянда

Ин феъл дар замони ҳозира шаклхои “have”, “has” дар замони гузашта шакли “had”-ро доро буд. Дар замони оянда бошад, дар шаклхои “shall have”, “will have” кор фармуда мешавад.

Мисолҳо:

She will have a party tomorrow. – Ӯ пагоҳ шабнишинӣ дорад.

We shall have a meeting next week. – Mo дар ҳафтаи оянда маҷлис дорем.

They will have a new car next year. – Онҳо соли оянда дорои мошини нав мешаванд.


Ҷумлаҳои инкорӣ дар замони оянда

We shall not have free time tomorrow. – Mo пагоҳ ваҳти холӣ надорем.

They will not have a party next week. – Онҳо дар ҳафтаи оянда шабнишинӣ надоранд.

You will not have a new car. – Ту дорои мошини нав намешавӣ.


Ҷумлаҳои саволӣ дар замони оянда

Shall we have a party tomorrow? Yes, you will. No, you will not.

Will she have a new dress tomorrow? No, she wil not.

Феълҳои модалӣ дар замони оянда вуҷуд надоранд. Вазифаи онҳоро дар замони оянда ибораҳои муродифи онҳо иҷро мекунанд.


Ибораи “to be able to” – тавонистан.

Бо ибораи мазкур ҳоло якбора ҷумлахои тасдиқӣ, инкорӣ ва саволиро дар замони оянда месозем.

I shall be able to help you next week – ҳафтаи оянда ман метавонам ба шумо кумак кунам.

They will be able to speak English next year – Онҳо метавонанд, ки соли оянда ба англисӣ ҳарф зананд.

She will not be able to translate this text tomorrow – Ӯ пагоҳ ин матнро тарҷума карда наметавонад.

They will not be able to come to Munira’s party – Онҳо 6a шабнишинии Мунира омада наметавонанд.

Shall we be able to finish our work tomorrow? No, we shall not – Пагоҳ мо корамонро тамом карда метавонем? Не.

Will Anvar be able to go there next week? Yes, he will – Анвар ҳафтаи оянда ба он ҷо рафта метавонад? Ҳа.


Ибораи “to be alolowed to” – тавонистан

 I shall be allowed to go with my father. – Ман метавонам бо падарам равам.

You will be allowed to take our books next week. – Шумо метавонед ҳафтаи оянда китобҳои моро гиред.

You will not be allowed to go by train. – Ту наметавонӣ, ки бо қатора равӣ.

Will you be allowed to go to the park with me? Yes, I shall. – Ту бо ман ба парк рафта метавонӣ? Ҳа.

Shall I be allowed to invite you to my party? Yes, you will. – Мумкин ман туро ба шабнишинӣ даъват кунам? Ҳа.


Ибораи “to have to” – бояд

I shall have to send this letter to Moscow tomorrow. – Ман пагоҳ бояд ин мактубро ба Маскав фиристам.

You will have to stay at home. – Ту бояд дар хона бимонӣ.

They will not have to come tomorrow. – Онҳо пагоҳ набояд оянд.


Феълҳои асоси дар замони оянда

Дар замони ояндаи номуайян пеш аз феълҳои асосӣ низ феълҳои ёридиҳандаи “shall” ва “will” гузошта мешаванд.

Мисолҳо:

We shall go to the theatre tomorrow. – Mo пагоҳ ба театр меравем.

She will finish her work in half an hour. – Ӯ корашро баъд аз ним соат тамом мекунад.

Не will come in two hours. – Ӯ баъд аз дусоат меояд.

Пеш аз он ки дар бораи феълҳои асосӣ маълумоти муфассал диҳем, назаре ба зарфҳои замони оянда меандозем.


Феълхои ёридиханда ва модали дар замони оянда, Замони ояндаи номуайян – The future indefinite tense дар забони англиси бо забони точики, Феъли ёридихандаи “to be дар замони оянда, Феъли ёридихандаи “to have” дар замони оянда, Чумлахои инкори дар замони оянда, Чумлахои саволи дар замони оянда, Ибораи “to be able to” – тавонистан, Феълхои асоси дар замони оянда

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед