Иди Мехргон. Зикри ҷашни Меҳргон дар осори бузургон

Иди Меҳргон. Зикри чашни Мехргон дар осори бузургон.

иди мехргон муборак картинка

Меҳргон ба мисли Наврӯз яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон мебошад, ки аз замонҳои қадим ба мо мерос монда, пешиниён онро бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор мекарданд. Аммо, бо мурури замон, ин ҷашни миллию мардумӣ аз ёдҳо рафта, таҷлилаш дар қаламрави мамлакат баргузор намегашт. Нишонаҳои суннати Меҳргон танҳо дар ёди бузургсолон монда, арзиш ва қимати он аз ҷониби донишмандони соҳаи мардумшиносӣ ҳифзу ҳимоя меёфт ва гоҳ-гоҳ дар маъракаи ҳосилғундорӣ аз он ёд мешуд.

Доир ба ҷашни Меҳргон Сарвари давлат назари некбинона дошта, онро куҳантарин ҷашни миллии мо медонанд ва ба арзишҳои он эҳтироми хосса изҳор менамоянд. Дар ҳамин асос, ҷашни мазкур аз нав эҳё шуда, доир кардани он ҳамасола ба ҳукми анъана даромада истодааст. Вобаста ба ин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми баргузории ҷашни 80-солагии таъсиси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (аз 8 октябри соли 2011) гуфта буданд: “Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму оини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва сохиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд”

Дарвоқеъ, ин ҷашни ниҳоят қадима мероси мардумии мо маҳсуб ёфта, аз замоне ки онҳо ба чорводорӣ машғул шуданд, бо замин сару кор гирифтанд ва ҳосил рӯёнда, аз дастранҷи худ роҳат диданд ва ин маросимро эҳё намуданд, онро дар доираи тафаккуру ташаккули зеҳнии асотирии ҳамондавраинаашон доир намуданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар ҳақиқат, яке аз унсурҳои ин ҷашн аз он иборат буд, ки мардум аз баракати ҳосили ҷамъовардаашон шукрона мекарданд ва либосҳои шинаму тоза ба бар карда, баракати солро дар баргузории ҷашни Меҳргон ифода намуда, шодию хурсандӣ менамуданд, ки соли оянда ҳосил боз ҳам фаровон шавад ва дастархони мардум аз маҳсулоти деҳқон фаровон гардад ва инчунин ғубори заҳмати кашидаи худро ба ин восита аз дил мебароварданд.

Вожаи меҳргон аз ду ҷузъ иборат буда, дар луғатномаҳо дар борааш чунин шарҳ омадааст: «меҳр» – муҳаббат, самимият, дӯстӣ ва «гон» – далел бар нисбат, яъне ба чизе мансуб будан аст. «Гон», одатан, дар охири исми рӯз ва моҳи хуршедӣ омада, исми амшоспанд (ҷовидони муқаддас) ва фариштае аз устураҳои қадимаи мо мебошад. Мардуми ориёитабор дар замони бостон чунин рӯзеро, ки дар охири рӯзу моҳаш пасванди «гон» дошта, мардум ба онҳо эҳтироми фавқулода дошта, ин рӯзҳоро ба таври хос қайд мекарданд. Инҳо обонгон, обрезгон, хурдодгон, фарвардгон, меҳргон ва ғайраҳо мебошанд.

Доир ба ҷашни Меҳргон инчунин дар сарчашмаҳои хаттии пешина ва осори адибони гузашта маълумоти фаровон омадааст, ки ҳар кадом бо диду андешаи худ аз сифатҳои ин ҷашну оини куҳан хабар додаанд ва онро беҳтарин маросими мардумӣ муаррифӣ намудаанд.

Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ аёнамон мегардад, Наврӯз ба номи Ҷамшед ва Меҳргон ба номи Фариддун вобаста аст. Дар ин бора дар сарчашмаҳо зиёд ишорат шудааст. Дар «Шоҳнома» омадааст, ки баъд аз Ҷамшед салтанатро Заҳҳоки морон ба даст гирифт, ки дар он замон мардум ба ситам ва азобу азият гирифтор буданд. Хушбахтона, аз насли Ҷамшед абармарде ба номи Фаридун пайдо шуду Заҳҳокро аз сари ҳукумат ду сохт, ки ин дар моҳи меҳр рух дода буд. Мардум аз воқеаи нек, аз ин озодӣ ба ваҷд омада, ҷашни бузург баргузор намуданд. Номи ин ҷашнро Меҳргон гузоштанд, ки Фирдавсӣ дар ин бора гуфтааст:

Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор,
Надонист ҷуз хештан шаҳриёр.
Ба расми каён тоҷу тахти меҳӣ,
Биёрост бо кохи шоҳаншаҳӣ.
Ба рӯзи хуҷаста сари меҳру моҳ,
Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.
Замона беандуҳ гашт аз бадӣ,
Гирифтанд ҳар як раҳи эзадӣ .
Дил аз довариҳо бипардохтанд,
Ба оини кай ҷашни нав сохтанд.
Нишастанд фарзонагон шодком,
Гирифтанд ҳар як зи ёқут ҷом.
Маи равшану чеҳраи шоҳи нав,
Ҷаҳон гашт равшан сари моҳи нав.
Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,
Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.
Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносоиву хӯрдан оини ӯст.
Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи меҳр,
Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр.
Варо буд ҷаҳон солиён понсад,
Ки нафканд як рӯз бунёди бад.

Аз замонҳои бостон то имрӯз дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон дастархони пурнозу неъмат мегустурданд ва аз гузаштагон бо хушҳолӣ ёд менамуданд. Дар бораи хони Меҳргон ва ороиши он дар манбаъҳо ишорат шудааст, ки такя бар он Сарвари кишвар ба таври зерин аз он ёдоварӣ намудаанд:

«Суфраи ҷашни Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувонӣ дорад, густурда мекарданд. Дар рӯи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хурданиҳои маҳаллӣ ва бӯйҳои хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад».

Асадии Тӯсӣ доир ба ҷашни Меҳргон дар «Гаршоспнома»-аш зикр мекунад ки:

Ҳамон сол Заҳҳокро рӯзгор,
Дижам гашту шуд соли умраш ҳазор.
Биёмад Фаридун ба шоҳаншаҳӣ,
Ва з-он морфаш кард гети тиҳӣ.
Сарашро ба гурзи кайи кӯфт хурд,
Бибасташ ба кӯҳи Давоманд бурд.
Чу дар бурҷи шоҳин шуд аз хӯша меҳр,
Нишаст ӯ ба шоҳӣ сари моҳи меҳр.
Бар ороиши Меҳргон ҷашн сохт,
Ба шоҳӣ сар аз чархи маҳ барафрохт.

Устод Рӯдакӣ низ дар бораи ҷашни Меҳргон чунин мефармояд:

Малико, ҷашни Меҳргон омад!
Ҷашни шоҳону хусравон омад!
Ҳаз ба ҷойи мулҳаму хиргоҳ,
Бадали боғу бӯстон омад.

Чунин шеърро сурудани устод Рӯдакӣ шаҳодат аз он медиҳад ки дар аҳди Сомониён ҷашни Меҳргон бо шаъну шукӯҳи хосса таҷлил гардида, ба баргузории он хонадони Сомонӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамуданд. Шоири дигари ҳамин даврон Манучеҳрӣ низ Меҳргонро ситоиш намуда, дар васфи он менигорад:

Шод бошед, ки ҷашни Меҳргон омад,
Бонгу овои дуройи корвон омад.
Корвони Меҳргон аз хизрон омад,
Ё аз ақсои билоди Чинистон омад.
На аз ин омад, било на аз он омад,
Ки зи фирдавси барин, в-аз осмон омад.
Меҳргон омад, ҳон, дар бикшоедаш,
Андар оред ва тавозӯъ бинмоедаш.

Тибқи навиштаҳои Манучеҳрӣ маълум мегардад таваҷҷуҳ ба ҷашни Меҳргон зиёд буда, ҳатто шодӣ, бонги най ва истиқболи он то манотиқи Чин доман паҳн намуда, онро ба фирдавси барин ҷой, яъне биҳишт шабоҳат медоданд. Инчунин ба таъкиди Манучеҳрӣ ҷашни Меҳргон ҳамчун воситаи дилхушии мардумон тавсиф шуда, мардум дар ин ҷашн шодию хурсандӣ менамуданд.

Доир ба ҷашни Меҳргон шоири дигари замони Ғазнавиён Фаррухӣ низ ёдовар гашта, таҷлили ин ҷашнро ба шоҳ Фаридун нисбат дода, Султони Ғазнинро низ ба он ташбеҳ медиҳад ва маълум мегардад, ки дар замони давлатдории Ғазнавиён таҷлили ин ид хеле дар сатҳи баланд доир мегашт:

Меҳргон ҷашни Фаридун мулки фаррух бод,
Бар ту эй ҳамчу Фаридун, мулк фарухфол.

Шоири дигари асри Ғазнавиён Унсурӣ низ таҷлили ҷашни Меҳргонро васф намуда, чунин мегӯяд:

Меҳргон омад, гирифта фолаш аз некӣ мисол, 
Некрӯзу некҷашну неквақту некҳол.

Саъди Салмон шоири дигари ҳамин даврон доир ба хайру саховат намудани мардум дар ҷашни Меҳргон чунин таъкид мекунад:

Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр бияфзой, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон.

Дар осори Низомии Ганҷавӣ низ зикри Меҳргон оварда шуда, ҳатто дар достони «Хусрав ва Ширин» аз 30 оҳанги Борбад, ки яке аз онҳо Меҳргонӣ ном дорад, зикр мешавад.

Дар осори устод Айнӣ низ зикри таҷлили Меҳргон хеле ҷолиб оварда шуда, бо номи сайри Дарвешобод машҳур мебошад.

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо иду ҷашнҳои миллӣ, балки маросимҳои мухталифи мардумӣ аз нав эҳё гардид ва барои дар сатҳи баланд доир кардани онҳо шароит фароҳам омад. Махсусан, ҷашни Наврӯз бо кӯшиши бевоситаи Сарвари давлат мақоми баланд ва арҷи арзанда дар кишвар пайдо кард ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт. Имрӯз дар олам баробари дигар ҷашнҳо Наврӯз низ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардида, асолати пешинаи хешро на фақат барқарор кардааст, балки ба он ҷузъиёти нав ворид гардидааст.

Чун оид ба ҷашни Меҳргон дар осори гузаштаву имрӯзаи мо зикри фаровон шуда, ба гуфтаҳои боло қаноат намуда, иброз медорем ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргон низ рӯз то рӯз дар байни мардуми мо ҷолибтару ҷозибтар шуда истодааст.

ҚаблӣҲаёт ва фаъолияти Малеҳои Самарқандӣ / Малехои Самарканди
БаъдӣҲаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам (р)