Зоология – илм дар бораи ҳайвонот

Ба омӯзиши олами ҳайвонот, ки теъдоди зиёди мавҷудоти зиндаро дар бар мегирад, илми зоология машғул аст.

Зоология аз калимаи юнонии зоо – ҳайвон ва логос – илм гирифта шудааст.

Ҳайвонот дар табиат ва ҳаёти инсон нақши муҳим доранд. Баъзе аз онҳо фоидаовар буда, бе онҳо ҳаёти солими инсонро тасаввур намудан ғайриимкон аст.   Масалан, чорвои хонагӣ, моҳиёни шикорӣ, парандаҳо, занбӯри асал, кирми абрешим ва бисёр намудҳои дигар.

Баъзе намудҳои ҳашарот ба зироатҳои мухталифи кишоварзӣ зарар мерасонанд, қисми дигарашон паҳнкунандаи бемориҳои инсон ва ҳайвон мебошанд. Намудҳои ҳайвонҳое низ вуҷуд доранд,ки аз рӯйи ҳаракати махсуси (рафтори) онҳо ҳодисаҳои фалокатовари табиӣ, ба монанди заминларза ва тӯфон дар баҳру уқёнусро пешгӯйӣ кардан мумкин аст. Илова ба ин, ҳайвонот дар табиат ва ҳаёти инсон аҳамияти калони эстетикӣ доранд. Масалан, хониши булбул, кабк, бедона ва даҳҳо намудҳои дигари парандаву ҳайвонот ба инсон ҳаловат мебахшанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Фактҳои ҷолиб аз ҳайвонот

Аз ҳамин сабаб инсон бо ҳайвонот дар тамоми давраи ҳаёташ робита дорад. Ӯ ҳайвонҳоро чун маводи хӯрока, ба- рои тайёр кардани анҷомҳои оройишӣ ва дигар мақсадҳои хоҷагӣ истифода мебарад. Зоология яке аз соҳаҳои илми биология буда, бо дигар фанҳои биологӣ – ботаника, анатомия ва физиология, систематика, экология, генетика, биохимия, биофизика, таълимоти эволютсионӣ ва ғайраҳо робита дорад. Ба ғайр аз ин, зоология ба илми тиб, хоҷагии қишлоқ ва дигар фанҳои табиатшиносӣ низ алоқаманд аст. Аз сабаби бениҳоят зиёд будани гуногуншаклии ин ё он гурӯҳи ҳайвонот, зоологияро ба фанҳои соҳавӣ ҷудо мекунанд. Масалан, ҳайвонҳои  якҳуҷайраро  фанни протозоология, ҳашаротро фанни энтомология, парандагонро фанни орнитология меомӯзад.

Вазифаҳои фанни зоология. Вазифаҳои илми зоология инҳоянд: сохти зоҳирӣ ва дохилии ҳайвонотро меомӯзад; гуногунии олами ҳайвонот, тарзи ҳаётгузаронӣ ва алоқамандии ҳайвонотро ба муҳити зист мефаҳмонад; пайдоиши ҳайвонот, инкишоф, паҳншавӣ, аҳамият, зарароварӣ ва роҳҳои муҳофизати онҳоро тадқиқ мекунад.


Зоология – илм дар бораи хайвонот, сохахои илми биология, Вазифахои фанни зоология, зоология чист? Зоология бо забони точики, реферат, Зоология чиро меомузад ва вазифахои ин фан аз чи иборатанд? донишчу тч, донишчу нет.

ҚаблӣАзимут ва муайян кардани он дар маҳал
БаъдӣТаърихи фанни зоология

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед