Соҳибкорӣ, вазифа ва хусусиятҳои он

Чи тавре, ки аз мавзӯъҳои гузашта айён гашт, истеҳсолот бидуни омилҳо (сармоя, меҳнат, замин, соҳибкорӣ) ва охирон бидуни истеҳсолот (корхона) вуҷуд дошта наметавонад. Фаъолияти бисёрҷанбаи истеҳсолию тиҷоратии корхона, бешубҳа бе иштироки инсони иқтисодӣ (омили истеҳсолот, яъне қувваи коргарӣ) сурат гирифта наметавонад. Барои фирма инсон на танҳо ҳамчун шахси биологӣ, балки қобилият, фаъолият, амалиётҳои мақсаднок, донишу малака, маҳорат ва дигар хусусиятҳои ҷисмониву маънавии он аҳамият доранд. Ин дастаи хислатҳо дар адабиётҳои кунунӣ ҳамчун фаъолияти соҳибкорӣ қадр карда мешавад ва аз ин лиҳоз лозим медонем тибқи мавод ва дастурҳои мавҷудаи кунунӣ ба он равшанӣ андозем.

Дар илми маркетинг, менеҷмент ва дигар илмҳои иқтисодӣ мафҳуми соҳибкор, соҳибкорӣ, бизнес, бизнесмен ва ғайра ҳамчун ҷавҳари илми умумииқтисод (назарияи иқтисодӣ) ба таври васеъ истифода карда мешавад.

Таҳти мафҳуми соҳибкор – шахс (субъекти иқтисодӣ) ё худ иштирокчи(унсур)-и омили истеҳсолот – ифодакунандаи қобили-ят ва фаъолияти меҳнатӣ, фишанги таҳрикдиҳандаи муносибат-ҳои иқтисодӣ ва таъминкунандаи сатҳи рушд ва таҳаввули ҷомеа тасаввур карда мешавад.

Соҳибкор шахсест, ки бо боварии том даст ба истеҳсолот мезанад, ба ихтироъкорию навоварӣ, тавлиду ҷорӣ намудани намудҳову навъхои навтарини неъматҳову хадамот, баланд бардоштани сифати онҳо ва гирифтани даромад бештар ҳавасманд мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Барои он мусолиҳакорӣ бегона аст, ба маслиҳат ва нишондоди шахсони дигар мӯҳтоҷ нест, ва ин масъалаҳои пайдошударо мустақил ҳал, фаъолияти хоҷагидориро нисбатан хуб дарк, вазъи кунунии онро таҳлил ва ояндаи онро пешбинӣ мекунад. Баъзан аз мушкилиҳо натарсида, корро аз аввал сар мекунад. Вазъи бозорро хуб дарк карда, тибқи талабу дархост ва қонунҳои он амал менамояд.

Соҳибкор шахсест ҷӯяндаи роҳҳои оқилона ва пурсамари ташкили меҳнат ва истеҳсолот, ихтирооту навоварӣ, ҷорӣ кардани намудҳои навтарини техника ва технология, тарафдори таҷҳизи техникӣ, азнавтаҷҳизонӣ ва корҳои таваккалӣ, кашфиётҳои илму техника.

Соҳибкор дар маънои том ҳамчун хӯҷаини воқеӣ (ҳақиқӣ) тасаввур карда мешавад ва дар ин мазмун вай бояд соҳиби комилҳуқуқи захираҳои иқтисодӣ (сармоя) буда, барои фаъолияти истеҳсолӣ, хоҷагӣ, иҷтимоӣ, молиявӣ, бурунмарзӣ пурра ҷавобгар бошад. Бо ибораи дигар, соҳибкор соҳиби корхонаи мустақил буда, дар асоси муносибатҳои ҳисоби тиҷорат кор мекунад, яъне соҳиби дастаи ҳуқуқи моликият буда, ҳуқуқи соҳибӣ, истифода, ихтиёрдорӣ, азонихудкунӣ, идора ва ғайра дошта бошад.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ, соҳибкор бояд фаъолияти хоҷагидории худро дар асоси қонунҳои тақозо, арза, рақобат, нарх, манфиатнокӣ ва ғайра ба роҳ монад. Ба ин мақсад тамоми имкониятҳои истеҳсолию техникиро истифода карда тавонад, бо таври озод ашё, материал ва дигар маводҳои заруриро ба даст орад, захираҳои онро таъмин намояд, қарз гирифта, нерӯю иқтидори иқтисодию техникии фирмаро баланд бардорад, тибқи соҳаи худ маълумотҳо дошта бошад, қонун ва дастурамалҳои аз ҷониби давлат ва субъектҳои ҳуқуқӣ пешниҳод ва тавсия-шударо дастгирӣ намуда, тибқи он фаъолият барад.

Бемуболиға қайд кардан зарур меояд, ки он чӣ дар доираи ҳавзаи маркетинг, менеҷмент, истеҳсолот, бозор, молия ва муносибатҳои бурунмарзӣ ба миён меояд, ба туфайли соҳибкору соҳибкорӣ рух медиҳад.

Соҳибкор ҳамеша дар кадом ҳолате ва ҷое набошад, ҳар соату дақиқа, шабу рӯз дар ғаму андӯҳи фаъолияти хеш мебошад.

Соҳибкор дар авзое, ки дигарон фароғат доранд, кор мекунанд, ҳангоме ки дигарон хӯроки нисфирӯзӣ мехӯранд, онҳо дар сафаранд, дар лаҳзае ки дигарон дар назди телевизор киною консерт тамошо мекунанд, онҳо барои лоиҳасозию банақшаги-рии корхонаи хеш банд мебошанд. Барои онҳо фарқ байни рӯз-ҳои корию рӯзҳои истироҳат қариб вуҷуд надорад. Соҳибкорон ният ва орзуҳои зиёде доранд, ва муттасил дар паи амалӣ гардондани онҳоанд. Онҳо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ки ягон кори нав, маҳсулоти нав, хизмати хубу аъло, ихтироъю навоварӣ пешниҳод намоянд, дар фаъолияти худ босубот ва исроркор бошанд, барои гирифтани фоида ҷидду ҷаҳди хоса намоянд. Онҳо бетоқату озурдахотиранд, вақти худро ба беҳуда-гардию кайфу сафо сарф намекунанд ва барояшон ҳамеша вақт тангӣ мекунад. Ҳамеша ба муваффақият ва омади кор такя намуда, фаъолияти худро барои чандин солҳои дар пешистода ба нақша мегиранд. Нисбат ба дигарон камбудию норасоии худро беҳтар ҳис менамоянд. Барои аз нав эҳё ва бунёд кардани фаъолият тарсу ваҳм надоранд, пул ва сарватғункунӣ барояшон ангезаи асосӣ намебошад. Аксари кор-ҳоро худашон иҷро карда, моҳият ва мазмуни ҳар як дигаргунсозиҳову тағйиротҳоро амиқ дарк мекунанд, нақш ва мақоми онҳоро дар муваффақиятҳои бизнес қадр менамоянд, нақши истеъмолгарро дар низоми бозор хеле хуб ҳис мекунанд, ба қадри ҳар як тини аз даст рафта ме-расанд ва нисбати подошу барқарор кардани онҳо чораҳои судбахш меандешанд. Соҳибкор ҳамеша бо амалия сару кор дорад, медонад кӣ чӣ мехоҳад, аз кӣ чӣ гирад, бо кӣ алоқа дошта бошад. Нисбат ба бозор ҳиссиёти баланд дорад, механизми амал ва нозукиҳои бозорро ба хубӣ дарк мекунад. Онҳо тибқи нақшаи стратегии идоракунии мақсаднок амал намуда, барои қонеъ гардондани талаботи омма кӯшиш ба харҷ медиҳанд1.

Донишманди соҳаи бизнес Генри Минтцберг чунин сифатҳои сарварон(соҳибкорон)-ро тавсиф намудааст:

  1. Санъати баробарӣ доштан, яъне қобилияти ташкил кардани низоми муносибатҳои якхела бо дигарон доштан;
  2. Қобилияти роҳбарӣ нисбат ба зердастон доштан, аз ӯҳдаи ҳалли масъалаҳои мушкили ҳаёт, ки баробари соҳиб шудани вазифа ва ҳокимият ба миён меоянд, баромадан;
  3. Аз ӯҳдаи ҳалли ихтилофот(конфликт)-ҳо баромада тавонистан, қобилияти миёнравӣ ва низоҳоро ҳаллу фасл кардан доштан;
  4. Санъати ҳисобу китоб ва коркарди иттилоот доштан;
  5. Санъати ҳалли ғайристандартии идоракунӣ доштан;
  6. Дар шароити маҳдуд будани захираҳо интихоб карда тавонистани вариантҳои муносиб ва тақсими онҳо;
  7. Истеъдоди соҳибкорӣ – қобилият ба таваккалӣ, ихтирооту навигарӣ доштан;
  8. Санъати худтаҳлилкунӣ доштан – қобилияти мавқеи роҳбарро фаҳмидан, нақш ва нуфузи онро дар ташкили кор муайян кардан ва ғайра2.

Аз ин нигоҳ хулоса бармеояд, ки масъулияту ҷавобгарии соҳибкор дар ҷараёни тавлид ва муомилоти неъматҳои иқтисодӣ ва адои хизмат бениҳоят барҷаста мебошад. Бо таври кулл вазифаҳои соҳибкорро чунин тафриқа кардан мумкин аст:

  1. Таъмин намудани шароити муфид оид ба ҳам пайваст кардани омилҳои истеҳсолот, тавлиди неъматҳову адои хизмат, дараҷаи баланди даромад ва некӯаҳволии корхона;
  2. Дар мояи ташаббуси шахсӣ ривоҷу равнақ додани истеҳсолот, муайян намудани самту равиши инкишофи он, таъмин намудани раванди фаъолияти бизнес;
  3. Ҷорикунандаи техника ва технологияи нав, ихтироъкору ташкилкунандаи раванди истеҳсолу меҳнат ва шаклҳои нави фаъолияти соҳибкорӣ;
  4. Дар асоси таваккалии воситаҳои пулию молӣ, вақт, технология ва маблағгузорӣ таъмин кардани самара ва даромаднокии фирма ва ғайра.

ФАЪОЛИЯТИ СОХИБКОРИ, Сохибкори, вазифа ва хусусиятхои он, вазифахои сохибкор, хусусиятхои сохибкор.

1 Как добиться успеха. М.: 1991. с. 158-159.

2  Ҳамин ҷо. с. 42-44.

ҚаблӣШеърхои гариби барои гарибон
БаъдӣСоҳибкорӣ ҳамчун фаъолият. Вазифа, субъект ва объекти соҳибкорӣ