Дар ин саҳифа метавонед китоби “Сарои санг”-и Ато Мирхоча, кисми 2-ро боргирӣ кунед (скачать бесплатно) ва ё онро савтӣ (аудио) гуш кунед.

Номи китоб: Сарои санг (қисми 2)
Муаллиф: Ато Мирхоҷа
Жанр: роман
Нашр: Душанбе, нашриёти “Эр-граф”, 2019
Миқдори саҳифа: 368
Китобро боргирӣ кунед (скачать бесплатно pdf)
Қисми дуюми романи таърихии «Саройи санг» давраи солҳои 1870-1874-уми тоҷикони Бадахшонро дарбар мегирад. Дар ин замон Шуғнону Вахон хироҷгузори Бадахшон бошанд ҳам, амалан ба ҳукумати марказӣ тобеъ набуданд. Бадахшон давлати мустақил ҳисоб шуда, ҳудуди ғарбии он то Тахористон доман паҳн мекунад. Таҳти пуштибонии англисҳо дар Кобул ҳукумати афғонҳо батадриҷ шакл гирифта, ба неруи муҳимми сиёсии минтақа табдил меёбад.
Муаллифи роман дар ин қисмат ба зиддиятҳои хурду камаҳамияти дохилӣ машғул гардида, аз авзои воқеии ҷаҳон бехабар мондани ҳокими Шуғнон ва талошҳои заифонаи ӯро барои нигоҳ доштани ҳукумати худ ба риштаи тасвир кашидааст.
Китобро боргирӣ кунед (скачать бесплатно pdf)
Ҳамчунин шакли савтии онро метавонед дар ин телеграм-канал гуш кунед: Сарои санг (савтӣ)


















