Шеърхои гариби барои гарибон

Шеър дар бораи гариби, шеърхои гариби барои гарибони дур аз ватан. Ғарибӣ шеър >>

Ҳаво сардасту боронист дилам майли Ватан дорад,
Мисоли мурғи осмони дилам майли чаман дорад,
Худоё, сабру тоқат деҳ, дар ин мулки ғарибона,
Ғариб андар дилаш дарду ба сар чашмони ғам дорад,
Шакар дар коми ӯ заҳр аст, зи пазмонию сарсонӣ,
Ба умеди Ватан дар дил ҳазор фикре ба сар дорад,
Тамоми бори дунёӣ, надорад қиммат кохе,
Дар он хоке, ки дилбандаш ба роҳи ӯ назар дорад,
Машав нoyмед ало дустам, мусофирбаччаи тоҷик,
Бидон шоми ғарибӣ ҳам ба худ субҳи дигар дорад.

Дил муқими кӯи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискинтани танҳо ғариб.
Орзӯманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бе сару бе по ғариб?!
Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо,
Меҳнати ғурбат надонад ҳеҷ кас, илло, ғариб.
Ҳаргиз аз роҳи карам рӯзе напурсидӣ, ки чист,
Ҳоли зори мустамандӣ монда дур аз мо ғариб.
Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли мо,
Дар чунин шаҳре, ки мебинӣ кӣ афтад бо ғариб?
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб.


Рӯйхати Шеър, ғазал ва рӯбоёт <<

«Ғарибӣ» ё худ «Ғарибнома»

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

шеър дар васфи Ватан, шеър барои Ватан, шеър барои гарибон, гариби, шеър дар васфи ғарибон, дар васфи гарибон, шеърхои гариби, барои ғарибон, дар васфи ғарибон, шеъри ғарибӣ, шеъри гариби.

ҚаблӣҚоидаҳои имлои бандаки “ing”
БаъдӣСоҳибкорӣ, вазифа ва хусусиятҳои он

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед