Дар баёнир мазаммати хашму ирода, Аз силсиламақолаҳои Пандномаи Аттор!
Эй писар, ҳар кас ки дорад чор чиз,
Чори дигар ҳам шавад мавҷуд низ.
Оқибат расвоӣ ояд аз лаҷоҷ,
Хашмро накнад пушаймонӣ илоҷ.
Бегумон аз кибр хезад душманӣ,
Ҳосил ояд хорӣ аз коҳилбинӣ.
Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Чун луҷоҷе дар миён пайдо шавад,
Банда аз шумии ӯ расво шавад.
Хашми худро чунки ронад ҷоҳиле,
Ҷуз пушаймониш набвад ҳосиле,
Ҳар кӣ гашт аз кибр боло гарданаш,
Дӯстон гарданд охир душманаш.
Коҳилиро ҳар кӣ созад пешае,
Ояд аз хорӣ ба пояш тешае.
Хашми худро гар фурӯ нахвард касе,
Оқибат бинад пушаймонӣ басе.
Ҳар кӣ ӯ афтодаву танпарвар аст,
Нест одам, камтар аз гову хар аст.
Шояд ин ҳам писандатон ояд: