Шеърҳо аз Куҳзод Фатҳулло

БЕҚАДРӢ

Дигар шеъру сухан қадре надорад,
Сухан дар анҷуман қадре надорад.

Насиҳат ҳам ба гӯши кас нафорад,
Дигар панди куҳан қадре надорад.

Барои хоинони миллат, эй вой,
Дигар хоки Ватан қадре надорад.

Ба назди чанд номарди бадахлоқ
Бубин, ҳайфо, ки зан қадре надорад.

Ба пеши ошиқи даррандахӯяш
Нигори гулбадан қадре надорад.

Агарчи сӯхтам аз ишқи он маҳ,
Барояш ишқи ман қадре надорад.

Дареғо, ки дигар дар чашми Ширин
Вафои Кӯҳкан қадре надорад.


ДАР ЗОДРӮЗИ МОДАРАМ

Ту ҳастӣ дар шаби тори дилам маҳтоб, модарҷон,
Набошӣ дил шавад як халтаи зардоб, модарҷон.

Агарчи зиндагӣ кардаст дилсангам, вале бе ту
Дили сангам шавад аз дуриҳоят об модарҷон.

Сарафрозат кунам дар байни халқи рӯи дунё ман,
Зи ту омӯхта фарҳангу ҳам одоб, модарҷон.

Дуо кардӣ суханвар бошаму шеъру ғазал гӯям,
Шавад бо ҳар дуоят шеъри ман ҷаззоб модарҷон.

Шудӣ ҳафтодсола, то ба ҳафтоди дигар, эй кош
Набинам ҳеҷ гоҳе ман туро нотоб, модарҷон.


ЛАЙЛОИ БЕ МАҶНУН, МАҶНУНИ БЕ ЛАЙЛО

Лайлои бе Маҷнун туӣ, Маҷнуни бе Лайло манам,
Андар дили ман ҷо туӣ, як ошиқи расво манам.

Як ғунчаи хандон туӣ, гарде ба зери по манам,
Лабрези шодиҳо туӣ, банди ҳама ғамҳо манам.

Овораву саргаштаам, аз ашки ғам тар гаштаам,
Ту бехабар аз ҳоли дил, дар гӯшае танҳо манам.

Бо ҳам биё якҷо шавем, дилдодаву шайдо шавем,
Айшу тараб ҳамроҳи ту, як дил пур аз ғавғо манам.

Кай меҳрубонам мешавӣ, кай ҷони ҷонам мешавӣ,
Ишқи ту сӯзад синаро, ду дида чун дарё манам.

Гӯӣ агар ёри туам, як умр ғамхори туам,
Пас, бо ту эй нозофарин, хушбахти ду дунё манам.


БЕҚАДРУ НОМАШҲУР…

Нотавону дилҳазину хаставу нозӯр ман,
Чунки аз дидори зебоят нигоро, дур ман.

Ту надорӣ ҳеҷ парвои мани ошуфтаҷон,
Аз фироқи ту вале номеҳрубоно, кӯр ман.

Ту нахонӣ то кунун як мисрае аз шоират,
З-ин сабаб дар чашми ту беқадру номашҳур ман.

Фарқи байни мо ҳамин бошад, ки ту шаҳрӣ, вале
Зодаи Саррезу Кӯҳи Белу Кӯҳи Чур*** ман.

Мерасӣ рӯзе ба қадри Кӯҳзоди худ, вале
Он замон афсӯс бошам андаруни гӯр ман.


ҲАЗАР

( Бо дархости сарояндаи хушовоз Эркин Одинаев)

Ман аз ёрони чандинрӯву берӯям ҳазар кардам,
Ман аз баҳри чунин ёрони бепаймон гузар кардам.
Агарчанде ки будам ҳамдаму ҳамрозу ҳамандеш,
Валекин ҷамъашонро ҷамъ карда пушти сар кардам.

Ҳазар кардам, ҳазар кардам, ман аз ёрони номардам,
Ки бо онҳо миёни халқ умре бо рухи зардам.
Қасам бар нони хону бар ҳама обу намакдонам,
Зи дил ман меҳри онҳоро баровардам, бадар кардам.

Ба ҳар коре, ки фармуданд бо ҷонам адо кардам,
Ҳамеша бо муҳаббат аз дили покам садо кардам.
Кунун афсӯс хоҳам хӯрд, ки ман аз интихоби дӯст
Дар ин дунёи макробод ҳайфо, сад хато кардам.

Ба ҳангоми парешонӣ намебинам канори худ,
Агарчи бе ягон минат будам ман дар бари онон.
Худоё, аз чунин ёрони садрӯям панаҳ дорӣ,
Ки аз ёрон накӯтар ҳаст симу зевари онон.

Пас аз санҷидану дидан, пас аз хориву ранҷидан,
На ёрони забониву на нонӣ орзу дорам.
Фақат андар канори худ Худои меҳрубони ман
Азизони дилу ҳам ёри ҷонӣ орзу дорам.

05.11.2016


ХОСТАМ, АММО НАШУД…

Хостам як шом оғӯшат кунам, аммо нашуд,
Бӯса аз лабҳои хомӯшат кунам, аммо нашуд.

Хостам субҳе ба гӯшат хонда байти ошиқӣ,
Шеъри худро ҳалқаи гӯшат кунам, аммо нашуд.

Хостам ёрам шавию дар миёни ошиқон
Фахр бо он ҳусни гулҷӯшат кунам, аммо нашуд.

Хостам хуни тамоми ошиқонат рехта,
То қиёмат ман сияҳпӯшат кунам, аммо нашуд.

Баъди дилозорию беқадриҳои дам ба дам
Хостам як дам фаромӯшат кунам, аммо нашуд.

23/01/2020


МАН ОШИҚИ ТУАМ, ТУ ОШИҚИ МАНӢ

(Илҳом аз таронаи “Девонагӣ накун”-и Муин)

Беҳуда ҷон макан, аз ман ҷудо машав, ман ошиқи туам, ту ошиқи манӣ,
Ман бовафои ту, ту бевафо машав, ман ошиқи туам, ту ошиқи манӣ.

Дар банди ишқатам, дар банди ишқамӣ, хурсанди ишқатам, хурсанди ишқамӣ,
Аз банди ишқи ман ҳаргиз раҳо машав, ман ошиқи туам, ту ошиқи манӣ.

Ман ҷонфидои ту, ту ҷонфидои ман, ман аз барои ту, ту аз барои ман,
Аз баҳри дигаре ту ҷонфидо машав, ман ошиқи туам, ту ошиқи манӣ.

Ҳастам адои ту, ҳастӣ адои ман, ҳастам гадои ту, ҳастӣ гадои ман,
Аз ишқи дигаре обу адо машав, ман ошиқи туам, ту ошиқи манӣ.

Ман ҳамсадои ту, ту ҳамсадои ман, дорам ҳавои ту, дорӣ ҳавои ман,
Бо душманони ман ту ҳамсадо машав, ман ошиқи туам, ту ошиқи манӣ.

Ман дилкушои ту, мушкилкушои ту, ту дилкушои ман, мушкилкушои ман,
Бар ёри дигаре мушкилкушо машав, ман ошиқи туам, ту ошиқи манӣ.

12/11/2019


РУБОӢ

Як зумра маро ҳарзасаро медонед,
Як тӯда зи базми худ маро меронед.
Лекин ба ҳама нафрататон дар хилват
Шодам, ки шумо шеъри маро мехонед.

ҚаблӣҲоло, ки ман ҷавонам, дунё пур аз ҷавонист (шеъри пурра)
БаъдӣАхлоқ #2 – Хазинаи маърифат

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед