Сарчашмаҳои дини масеҳӣ. Библия

Сарчашмахои дини масехи. Библия


Дини масеҳӣ дини дуюми ҷаҳонӣ пеш аз ҳама бо таърихи сокинони Аврупо алоқаманд аст. Масеҳият яке аз динҳои паҳншудатарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз рӯи маълумотҳо дар солҳои 70-уми асри ХХ дар ҷаҳон 1024 миллион  одамон (асосан дар Аврупову Америка) пайравони ин динанд. Дини масеҳӣ низ ягона нест, он ба як қатор мазҳабу равияҳои бо ҳам муқобил ҷудо шудааст.

Яке аз масъалаҳои муҳиму душвори дини масеҳӣ мавзӯи асли пайдоиши ин дин мебошад. Мутобиқи анъанаҳои масеҳӣ чунин ҳисобида мешавад, ки масеҳият дар Фаластин мавзеи зисти Исои Масеҳ пайдо шудааст. Аммо маълумотҳои мавҷуда аз он дарак медиҳад, ки масеҳият дар байни яҳудиёни дар Осиёи Хурд ё Миср зиндагӣ мекардагӣ пайдо шудааст.

Ба ин он фактҳо шаҳодат медиҳанд, ки яке аз сарчашмаҳои асосии масеҳият Апокалипсис (соли 68 навишта шудааст) ва китобҳои дигари Аҳди ҷадиди масеҳиён ба забони юнонӣ навишта  шудаанд. Далели дигари дар Фаластин пайдо нашудани масеҳият он аст, ки муаррих Иосиф Флавий дар асари худ тамоми ҳаводиси дар кишвари Яҳудияи солҳои 66-73-ҷой доштаро батафсил зикр намуда, дар хусуси масеҳият чизе намегӯяд.

Агар дар он замон масеҳият дар Фаластин вуҷуд медошт, Флавий бешубҳа дар баробари ёд намудан аз равияҳои саддукейҳо, фарисейҳо, сикариҳо, зелотҳо ва  ессейҳо чанд сухане дар бораи масеҳиён низ мегуфт.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Таҳқиқоти файласуфи немис Бруно Бауэр дар солҳои  1840-1842 нишон медиҳанд, ки масеҳият  дар ибтидои зоҳир шудани худ аз синтези идеяҳои динӣ-фалсафии шарқӣ (яҳудӣ) ва ғарбӣ (эллинӣ-римӣ) иборат буд. Олимони дигар чунин меҳисобанд, ки симои Христос аз сифатҳои худоҳои шарқӣ-Осирис, Митра, Дионис ва пайғамбарони яҳудиён тартиб дода шудааст. Ва мавҷудияти худи Иисус низ ҳамчун шахсияти таърихӣ аз ҷониби олимон шубҳанок дониста шудааст.

Далели муҳками дигари дар Осиёи Хурд пайдо шудани масеҳиятро дар Апокалипсис пайдо менамоем. Муаллифи он ба ҳафт ҷамъияти масеҳиён дар Осиёи Хурд муроҷиат намудааст. Ин бори дигар собит месозад, ки маҳз Осиёи Хурд маҳди пайдоиши масеҳият будааст.

Сарчашмаҳои омӯзиши дини масеҳӣ асосан ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: масеҳӣ ва ғайримасеҳӣ. Сарчашмаҳои масеҳӣ дар навбати худ ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: китобҳои қонунии «Аҳди ҷадид дар Библия, китобҳои динии ғайриқонунӣ (апокрифҳо, мазмунҳои аз Таврот гирифташуда, ки калисо онҳоро эътироф намекунад) ва сеюм-асарҳои ҳомиёни дини масеҳӣ.

Китобҳои қонунии Аҳди ҷадид аз асарҳои зерин иборат мебошанд:

  • чор евангелия (хушхабар): «аз Матфей», «аз Марк», «аз Лука» «аз Иоанн». Мазмуни онҳо аз тавсифи ҳаёти заминии асосгузори масеҳият Иисус Христос, мавъизаҳояш, мӯъҷизаҳо, марг (чормех карда шуданаш) ва зинда гаштанаш иборат мебошанд. Аз рӯи мазмун се евангелияи аввал бо ҳам мувофиқ буда, дар баъзе ҷойҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Вале евангелияи Иоанн аз он се фарқи куллӣ дорад.
  • Зиндагиномаи (сирати) апостолҳо (валиҳо), ки муаллифи он Лука дониста мешавад. Дар он зиндагиномаи тарғиботчиёни аввалини дини масеҳӣ оварда шудааст.
  • Рисолаҳои апостолҳо, ки ба ҷамъиятҳои мухталифи масеҳӣ фиристода шудаанд, аз он ҷумла 14 рисола аз апостол Павел ва 7 рисола аз апостолҳои дигар- Йаков, Пётр, Иоанн, Иуда.
  • Апокалипсис ё «Ваҳйҳои» Иоанни Фақеҳ, муаллифи евангелияи чорум.

Калисо чунин меҳисобад, ки асарҳои дар боло ёдшуда аз ҷониби апостолҳо бо илҳоми худовандӣ навишта шудаанд. Яъне, ҳарчанд ки онҳоро одамон навиштаанд, вале онҳоро бо талқини рӯҳи муқаддас навиштаанд, бинобар ин ҳар як калимаи онҳо ҳақиқат мебошад.

Ҳангоме, ки муаррихон асарҳои мазкурро мавриди омӯзиши амиқ қарор доданд, маълум шуд, ки аз ҷумлаи он китобҳо барвақттаринашон «Апокалипсис» (Ваҳй) мебошад. Он дар солҳои 68-69 ба зудӣ пас аз марги  қайсари Рум-Нерон дар замони шӯриши яҳудиёни Фаластин бар зидди Рим навишта шудааст. Аз «Ваҳй» инчунин маълум мегардад, ки алакай дар солҳои 60-ум якчанд калисоҳои масеҳӣ-7-то бо ҷамъиятҳои худ дар Осиёи хурд-шояд маҳди масеҳият мавҷуд будаанд. Аз ин асар бӯи нафрати сахт нисбат ба онҳое, ки яҳудиёнро ғулом карда буданд, меояд. Пешгӯӣ карда мешавад, ки ба зудӣ ғуломдорон нест хоҳанд шуд.

Рисолаҳои апостолҳо бошанд пас аз «Ваҳй» пайдо гардида, замони навишта шудан ва муаллифонашон низ мухталиф аст. Онҳо дар ибтидо ва то миёнаҳои асри II навишта шудаанд.

Калисо чунин мешуморад, ки евангелияҳо аз ҳама барвақттар навишта шудаанд, аммо таҳқиқотҳо собит сохтанд, ки  онҳо дар миёнаҳои асри II навишта шуда, хатогиҳои зиёди ҷуғрофию таърихӣ низ доранд.

Евангелияҳо дорои хабарҳои бо ҳам муқобил низ мебошанд. Масалан дар евангелияҳои Матфей ва Лука насабномаи Иисус аз подшоҳ Давид оварда шуда, аз рӯи хабари Матфей он насаб аз 28 насл, вале аз рӯи хабари Лука аз 42 насл иборат аст. Матфей бобои падарии Иисусро Йаков, аммо Лука бошад ӯро Илия гуфтаанд.

Аз рӯи ривояти Матфей-падару модари Иисус дар шаҳри яҳудии Вифлеем зиндагӣ карда, баъди таваллуди кӯдак ба Миср рафта… баъд ба Назарет кӯчидаанд, аммо Лука менависад, ки падару модари Иисус ҳама вақт дар Назарет мезистанд ва дар вақти таваллуди Иисус дар Вифлеем қарор дошта, боз ба Назарет баргаштаанд. Чунин ноҷӯриҳо дар матнҳои евангелияҳо зиёд ба назар мерасанд.

«Сирати апостолҳо» низ тақрибан дар миёнаҳои асри II навишта шудааст.

Чи тавре зикр шуд, гурӯҳи дигари сарчашмаҳоро китобҳои динии ғайриқонунӣ ташкил медиҳанд. Ин гурӯҳи китобҳоро калисо рад намекунад, вале онҳоро китобҳои аз рӯи илҳоми худовандӣ навишта шуда намешуморад. Шумораи онҳо дар аввал хеле зиёд буда, то замони мо фақат номҳои баъзеҳояшон ва аммо як қисмашон дар шакли  пурра омада расидаанд. Аз ҷумлаи онҳо асарҳои зеринро номбар кардан мумкин аст: Евангелияи Никодим, Нахустевангелияи Йакови яҳудӣ, Китоб оиди таваллуди Мария, Китоби Юсуфи Наҷҷор, Сират, Пастири Герма, Таълимоти 12 апостолҳо. Аксари китобҳои динии ғайриқонунӣ дар замонҳои пеш дар натиҷаи душмании гурӯҳҳои бо ҳам мухолиф нест карда шуда буданд. Баъзе аз ин китобҳо, масалан «Таълимоти 12 апостолҳо» дар нимаи аввали асри II,  яъне хеле барвақттар нисбат ба китобҳои динии қонунӣ навишта шуда, таърихи марҳалаи аввали ҷамъиятҳои масеҳиро дар бар гирифтааст.

 Чи тавре ёд гардида буд, гурӯҳи сеюми сарчашмаҳоро асарҳои ҳомиёни дини масеҳӣ ташкил медиҳанд. Қимати ин асарҳо дар он аст, ки муаллифон ва солҳои навишта шуданашон аниқ аст. Ба ин гурӯҳ китоби Юстини файласуф (тақр. то соли 150); асари Иринейи Лугдунӣ (тақр. с. 180) дохиланд. Ин ахир аз чор евангелияи қонунӣ ёд карда аз ҷиҳати динӣ собит карданӣ мешавад, ки чаро онҳо маҳз чортоянд; китоби Тертуллиани  Карфагенӣ (асрҳои II-III), асари Ориген (асри III): «6-китоб ба муқобили Цельс» (Цельс масеҳиятро танқид карда буд), асарҳои Клименти Александриягӣ (асри III), Евсевийи Кесарийгӣ (асри IV) ва асарҳои дигар.

Гурӯҳи дигари сарчашмаҳои дини масеҳиро маводи нави бостоншиносӣ ташкил медиҳад. Дар Миср дар 50-километрии шимоли Луқсор дар соли 1946 навиштаҷотҳои зиёде дар папирусҳо бо забони қибтӣ, ки ба асрҳои III-IV мансубанд, ёфт гардиданд. Дар таркиби ин бозёфтҳо «Евангелияи Фома» ва «Евангелияи Филипп»-ро ёд намудан мумкин аст, ки аз рӯи мазмуни худ ба он чор евангелияи расмӣ наздиканд. Дастнависҳое, ки аз Хирбет-Кумрон дар соҳили Баҳри мурда ёфт  шуданд, ба равияи ессейҳо марбут буда, баъзе ҷиҳатҳои ҳаёти давраи аввали масеҳиёнро равшан месозад.

ҚаблӣДини Маҳаяна (Махаяна)
БаъдӣДини масеҳии яҳудӣ