Мавзӯи 19. Тарбияии эстетики хонандагон

Мавзӯи 19. Тарбияии эстетики хонандагон

Нақша:

  1. Мафҳум, моҳият ва вазифаҳои тарбияи эстетикӣ (зебоипарастӣ) дар мактаб
  2. Нақши тасаввуроти эстетикӣ дар тарбияи мактабиёни хурдсол
  3. Тарбияи эстетикӣ дар ҷараёни таълим
  4. Тарбияи эстетикӣ дар корҳои берун аз синф

1. Мафҳум, моҳият ва вазифаҳои тарбияи эстетикӣ (зебоипарастӣ) дар мактаб

Мафҳуми тарбияи эстетикӣ бо истилоҳи «эстетика» зич алоқаманд аст. Онро бори аввал ҳамчун истилоҳи илмӣ дар қарни ҶVII файласуфи немис Александр Готлиб Баумгартин (1714 – 1762) баробари истилоҳи этика ва мантиқ истифода намуда, онро қисми мустақили фалсафа пиндоштааст.

Эстетика аз истилоҳи юнонии аisthӯtikos гирифта шуда, манояш ҳис кардан, дарк кардани зебоиро дорад. Аммо худи таълимоти эстетикӣ хеле қадимӣ буда, онро ҳанӯз дар Афина ва Спарта васеъ истифода бурдаанд. Эстетика бо санъат, ифодаҳои бадеӣ ва эҳсосоти шахс, бо қобилияти дарки нафосат, лаззат бурдану дар ҳаёт афзун гардонидани онҳо вобастагӣ дорад.

Муфассал >>

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

2. Нақши тасаввуроти эстетикӣ дар тарбияи мактабиёни хурдсол

Тасаввур – ин образи азнавҳосилкардаи чизе ё ҳодисае, ки қаблан дар қишри мағзи сар қабул шудааст, инчунин образи самарабахши хаёлот, шакли олии эҳсосот мебошад, ки ба таври дониши намоишию образӣ инъикос меёбад. Манбаъ ва сарчашмаи тасаввур ҳақиқати воқеӣ аст. Тасаввур ба шакли хотира ва хаёлот намоён мегардад. Тасаввур зинаи муштараки эҳсосот ва тафаккур буда, он аслан биноӣ, шунавоӣ ва мутаҳаррик мешавад.

Тасаввури эстетики кӯдакони сини хурди мактабӣ ҳамчун кӯдакони сини томактабӣ ба тарбияи ахлоқӣ зич вобаста аст. Дар шуури кӯдак некӣ, хубӣ, дар аксари мавридҳо бо фаҳмиши бисёр нағз мувофиқ меояд.

Муфассал >>


3. Тарбияи эстетикӣ дар ҷараёни таълим

Раванди педагогӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти кӯдаконро фаро мегирад ва барои он ки ҳамаи сифатҳои тарбивии онҳо дуруст сурат гирад, бо таъсири ягонаи системаи таълимӣ-тарбиявӣ, ки танҳо дар образҳои асарҳои санъат, инчунин дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти шахсии кӯдакон зебоӣ бояд зуҳУр ёбад. Онҳоро дар таълим, меҳнат, ҳаёти ҳамарӯзаи пай дар пай ба дидан, ҳис кардан ва зебо гардондан бояд омӯхт.

Дар тарбия ва инкишофи эстетики кӯдакон нақши дарсҳои забони модраӣ, мусиқию суруд, санъати миллӣ вам еҳнат бағоят калон аст.

Муфассал >>


4.Тарбияи эстетикӣ дар корҳои берун аз синф

Дар системаи корҳои беруназсинфии мактаби ибтидоӣ ба шаклҳои гуногуни тарбияи эстетикӣ эътибори калон дода мешавад. Мактабиёни хурдсол ба фаъолияти эҷоди бадеӣ саъю кӯшиши зиёд доранд. Муаллимони пешқадам ин майли онҳоро ба инобат гирифта, ба мақсади тарбияи ахлоқӣ, эстетикӣ ва ақлии кӯдакон дар корҳои берун аз синф шаклҳои мувофиқро ба нақша мегиранд.

Нисбати тарбияи дарки зебоишиносии толибилмони хурдсол васеъ истифода бурдани азёдкунии порчаҳои назмӣ ва насрӣ нақши намоиш додани манзараҳои дар суравтҳо тасвирёфтаи табиат ва бевосита додани онҳо шавқи зиёд мебахшанд.

Муфассал >>


Санҷиши контролӣ

  1. Моҳият ва вазифаҳои тарбияи эстетикиро ифшо кунед?
  2. Воситаҳои тарбияи эстетики кадомҳоянд?
  3. Дар ҷараёни таълими кадом фанҳо тарбияи эстетикӣ беҳтар самаранок мегардад?

 Адабиёт барои худомӯзӣ

  • Рахимов Х. Нуров А. Педагогика. Душанбе, 2000.
  • Лутфуллоев М. Шарафномаи миллат. Душанбе 2003.
  • Лутфуллоев М. Истиқлолияти Тоҷикистон ва маорифи навин. Душанбе, 2006.
  • Юнусов Й. Педагогика. Душанбе, 2005.
ҚаблӣҲуқуқҳо ва вазифаҳои волидайн
БаъдӣМафҳум, моҳият ва вазифаҳои тарбияи эстетикӣ (зебоипарастӣ) дар мактаб