Маълумот дар бораи Махдавия.
Маҳдавия-аслан ҳаракати миллӣ – озодихоҳӣ буда дар шимоли Африқо дар зери ниқоби исломӣ рӯй дод. Ҳаракати аз ҳама машҳури зидди мустамликавии динӣ ҳаракати маҳдавия дар Судон дар солҳои 1881-1898 буд. Сардори ин ҳаракат дарвеш Муҳаммад Аҳмад дар соли 1871 дар яке аз ҷазираҳои дарёи Нил бо номи Абба ҷой гирифта, аз он ҷо дарвешони худро ба ҳар кунҷу канори Судон бо супоришҳо мефиристод.
Ӯ дар соли 1881 худро «маҳдии охирзамон», ки мебояд ба ҳаракати динии зидди мустамликавии мусулмонони Африқо роҳбарӣ намояд, эълон намуд. Зеро ба ақидаи ӯ, хӯҷаинони онҳо сарватмандони турку мисрӣ мусулмонони дурӯғин буда, ба ғорати мардум машғуланд ва аз фармудаҳои Қуръон дур мебошанд. Дар хусуси мустамликадорони аврупоии ғайри дин ҳоҷати гап ҳам нест. Ин ҳаракат Судони Шарқӣ ва масоҳати калонеро дар Шарқ то Баҳри Сурх фаро гирифт.
Шӯришчиён дар ноябри соли 1883 лашкари англисию мисрии генерал Хиксро ва дар соли 1884 лашкари генерал Бекерро шикаст дода, дар соли 1885 пойтахти Судон шаҳри Хартумро гирифтанд. Ҳаракати маҳдавия қариб 20 сол идома ёфта бо душворӣ аз тарафи қувваҳои империалистии англисию мисрию франсавӣ дар соли 1898 пахш карда шуд.