Кор бо мошинаи дарздузии пойи.
Мошини дарздӯзӣ ба се гурӯҳ ҷудо мешавад.
Дар рӯзгор:
- Дастӣ
- Пойӣ
- Барқӣ
Дар истеҳсолот:
- Нимавтоматӣ
- Автоматӣ
- Махсус барои як намуди амалиёт.

Мошинаи дарздӯзии пойӣ вақти дӯхтро кам ва дасти дӯзандаро аз чархгардонӣ озод мекунад, ки ин ба беҳшавии шароити кор, баландшавии сифат ва афзоиши истеҳсоли маҳсулот мадад мерасонад.
Дар вақти кор қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва техникаи бехатарӣ, талабот ба қоидаҳои дӯхт бо мошини дарздӯзии дастиро, ки дар синфи 5 омӯхта будед, риоя кардан лозим аст.
Бо қисмҳои мошинаи дарздӯзии пойӣ шинос мешавем.
Педал он аст, ки дӯзанда бо ёрии пой ба ҳаракат медарорад. Он бо ёрии шатун чархи гардонаро давр мезанонад. Дар чарх ҷӯяк мавҷуд аст, ки ба он тасмаи чархгардонро мегузаронанд.
Тасма чархи ҳаракатдиҳандаро бо гардона, ки дар чархи асосӣ ҷойгир аст, пайваст мекунад. Чархи асосӣ қисмҳои кори мошина, сӯзан, механизми матоъгузарон, ресмонкашак ва мокуро ба ҳаракат медарорад. Ба пеши чархи ҳаракатдиҳанда барои бехатарии кор сипар мешинонанд. Баъд аз тамом кардани кор тасмаро аз чарх гирифта мондан лозим аст.
Дар вақти кор бо мошини дарздӯзии пойӣ ҳамаи қоидаи техникаи бехатарӣ ва талаботи санитарию гигиении ташкили ҷойи кор барои мошинаи дарздӯзии дастиро риоя бояд кард.
Барои дуруст кор кардани мошина, сабук ҳаракат кардани механизмҳои он ва рост будани дарзҳо онро мунтазам тоза ва равған кардан лозим аст. Сӯзан ва ресмонро вобаста ба навъи матоъ интихоб бояд кард. Агар интихоб нодуруст бошад, боиси шикастани сӯзан, канда шудани ресмон, вайрон шудани дарз ва дигар нуқсонҳо мегардад. Шикастан ва каҷ шудани сӯзан дар вақти нодуруст истифода бурдани даст, тазйиқдиҳанда ё гардона рух медиҳад. Сӯзан ва сӯрохии сӯзангузорак бояд мавқеи дурустро ишғол кунанд. Ҳодисаи сӯзаншиканӣ ҳангоми бо сӯзани борик дӯхтани матои ғафс, дар аснои чокдӯзӣ ба тарафи худ кашидани матоъ рух медиҳад.

1- чархи гардона
2-тана
3-тасма
4-асос
5-чархи ҳаракатдиҳанда
6-сипарча
7-педал

дарздӯзӣ
1- чархи асосӣ
2-шкиви чархи гардона
3-тасма
4-чархи ҳаракатдиҳанда
5-тасмагардон
6-сипарча
7-кривошип (танзимаи ҳаракат
8- шатун
9-педал