Ҳукмронии сиёсӣ

Барои муайян намудани моҳияти ҳокимият ва муносибатҳои сиёсӣ доимо мафҳуми «ҳукмронӣ»-ро истифода менамоянд. Аммо барои он ки ҳокимият вазифаҳои ҷамъиятии худро иҷро карда тавонаду дар ҷомеа худро устувор нигоҳ дорад, он бояд ба воситаи институтҳо ва ташкилотҳои махсус амалӣ карда шавад. Дар натиҷаи ин ҳукмронӣ ва тобеият ба вуҷуд омада, тақсими меҳнат ва афзалиятҳо ташаккул меёбад. Чунин ҳолат боиси он мегардад, ки иерархияи махсуси иҷтимоӣ ба вуҷуд оварда шавад ва дар зинаҳои алоҳидаи он қабули қарор, амру супоришҳо, иҷозат додан ва ё мамнуъ эълон намудани баъзе амалҳо амалӣ карда шавад.

Бинобар ин, ҳукмронӣ яке аз шаклҳои асосии ҳокимияти ҷамъиятӣ мебошад. Ҳукмронӣ баъзан ҳамчун механизми дар амал татбиқ намудани ҳокимият дониста шуда, маҷмӯи институтҳои иҷтимоӣ муаррифӣ мегардад. Мувофиқи чунин фаҳмиш ҷомеа ба гурӯҳҳои ҳукмрон ва тобеон тақсим гардида, дар доираи иерархияи муайян ва фаъолиятҳои дастгоҳи махсуси идоранамоӣ ташаккул меёбад. Ҳамин тариқ, ҳукмронӣ тартиботи сиёсие мебошад, ки дар он як гурӯҳ амру фармон медиҳад ва гурӯҳи дигар итоат менамояд. Аммо баъзан гурӯҳи якум низ дар зери назорати гурӯҳи дуюм қарор мегирад.

Ҳукмронӣ омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва идеологиро дар худ нигоҳ медорад. Як қатор сиёсатшиносон ҳукмронии иқтисодиро хеле муҳим мешуморанд. Зеро асоси чунин ҳукмрониро моликият, воситаҳои истеҳсолӣ, сарватҳои ҷамъиятӣ ва монанди инҳо ташкил медиҳанд. Масалан, маблағ метавонад дар раванди баргузории маъракаҳои интихоботӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳои овоздиҳӣ таъсири амиқ расонад. Инчунин, молу сарват имкон медиҳанд, ки сиёсатшиносон харида шуда, ба фаъолияти васоити ахбори омма таъсири ҷиддӣ расонида шавад. Ҳокимияти сиёсӣ ҳукмронии иқтисодиро қонунӣ мегардонад. Зеро ҳокимияти давлатӣ, пеш аз ҳама, таъсири иқтисодии неруҳои ҳукмрон аст. Ҳукмронии идеологӣ вазифадор аст, ки тартиботи мазкурро асоснок намуда, онро ҳамчун тартиботи адолатнок нишон дода, аз ҳар гуна фишор эмин нигоҳ дорад.

Дар давлатҳои демократии муосир ҳокимияти сармояи бузург ба воситаи рақобат, иштироки заҳматкашон дар қабули қарорҳои истеҳсолӣ, тақсими даромадҳо, сиёсати андозбандии давлат ва дигар воситаҳо ба роҳ монда мешавад. Дар чунин давлатҳо ҳокимияти сиёсӣ мустақил буда, ҳокимияти иқтисодиро барои амалӣ намудани мақсадҳои худ истифода менамояд. Дар чунин шароит ҳокимияти сиёсӣ имкон намедиҳад, ки васоити ахбори омма монополияи шахсони алоҳида, гурӯҳҳои алоҳида ва ҳукумат бошад. Зеро чунин вазъият ба шахсони алоҳида, гурӯҳҳои алоҳида ва ё ҳукумат имкон медиҳад, ки бе назардошти самаранокии сиёсат ва иқтисод ҳукмронии худро муддати дуру дароз нигоҳ доранд. Сохтори демократии ҷомеа имкон медиҳад, ки тақсими ҳукмронӣ ба воситаи ташаккули марказҳои мухталифи иқтисодӣ амалӣ карда шавад. Инчунин, тақсими ҳокимият миёни давлат, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои манфиатдор, тақсими ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ, эътирофи плюрализми фарҳангию иттилоотӣ ва дастрасии маълумот низ, хосси сохтори ҷомеаи демократӣ мебошанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳукмронии сиёсӣ воситаи ба даст овардани ҳукмронии иҷтимоӣ мебошад. Зеро ба воситаи ҳукмронии сиёсӣ мавқеъҳои афзалиятноки ҷомеа ба даст оварда мешаванд. Мансабҳои олӣ ба одамон имкон медиҳанд, ки барои худ сарвати зиёд захира намоянд ва дар натиҷаи ин донишҳои заруриро барои худ ва барои фарзандони худ дастрас гардонанд. Сарват, дар навбати худ, инсонро вориди элитаи сиёсӣ намуда, васоити ахбори омма ва маълумотро барои ӯ дастрас мегардонад. Ҳамин тариқ, дар раванди мазкур афзоиши ҳокимият ба назар мерасад, ки дар охир ба мустаҳкам гардидани пояҳои ҳукмронӣ оварда мерасонад.

ҚаблӣМанбаъҳои ҳокимият
БаъдӣМафҳум ва моҳияти идеология