Бо кашаки дароз маснуоти гуногунро бофтан мумкин аст. Ин хел бофт, хусусан барои бофтани либоси бачагона тавсия мешавад, чунки маснуоти бо кашаки дароз бофташуда тез-тез шуста шавад ҳам, шакли худро тағйир намедиҳад. Ҳангоми тартиб додани андозаҳо озодона ёзидани ашёро низ ба ҳисоб гирифтан даркор аст. Қутри чангаки кашаки тунисӣ гуногун буда, тири кашак аз каҷак то охир бояд як хел ва на камтар аз 35-40 см дарозӣ дошта бошад; дар охираш бояд тоқича ё ҳалқа дошта бошад, ки ҳалқаҳои бофташуда баромада нараванд.
Маснуотро ҳам рост ба пеш ва ҳам ба самти қафо аз тарафи дастааш мебофанд. Ҳамин тариқ, бо кашаки дароз як қатор бофтан 2 давраро дар бар мегирад.
Давраи якум – аз ҳар як ҳалқаи ҳавоии асос (аз тарафи роста) аз рост ба чап ҳамаи ҳалқаҳоро ба бари матоъ баробар карда мечинанд (ҳамаи ҳалқаҳои гирифташуда дар тири кашак мемонанд).
Давраи дуюм – ҳар як ҳалқаи дар тири кашак бударо аз чап ба рост мебофанд.

Қатори дуюм ва ҳамаи қаторҳои минбаъда ҳамин тавр бофта мешаванд, вале бо кашак аз таги риштаи болоии амудӣ (як нимаи ҳалқаи ростистодаи қатори пешина) гузаронида ҳалқаи нав мегиранд ва дар тири кашак нигоҳ медоранд (расмҳои в ва г). Дар бофтан бо кашаки «тунисӣ» бологирии қатори минбаъда мебошад.


Қоидаҳои техникаи бехатарӣ
- Равшанӣ аз тарафи чап фарояд.
- Пеш аз оғози кор бояд дастҳоро бо собун шӯед.
- Дар вақти кор бо сих ва чангакҳо дастҳоро ба чашм ва рӯй наздик набаред.
- Сихҳо ва чангакҳоро дар ғилофи махсус ё дар зарфҳои алоҳида нигоҳ доред.
- Аз сихҳо ва чангакҳои зангзада, қатшуда сираш харошидашуда истифода набаред.
- Нӯги сихҳо ва чангакҳо набояд аз ҳад тез бошад, барои он ки панҷаҳо осеб мебинанд.
- Дар вақти кор бо асбобҳо эҳтиёткорона муносибат кунед.
- Бо дарзмол эҳтиёткорона муносибат намуда, талаботи техникаи бехатариро риоя намоед.
Савол
- Барои бофтани маснуот кадом асбобҳоро истифода мебаранд?
- Дар вақти бофтан кадом риштаҳоро истифода мебаранд?

















