Ҳунарҳои мардумӣ (Ҷуроббофӣ)

Ҳунари ҷуроббофии бонувони Бадахшон аз замонҳои хеле қадим оғоз ёфта, то имрӯз расидааст. Ҷуроб моли санъати мардуми Бадахшон буда, аз бофанда ҳунари баландро талаб мекунад. Ҷуробро ҳанӯз дар қарнҳои VII-VIII ба меҳмонони олимақом чун туҳфа тақдим  енамуданд. Ҷуробро чун туҳфа аз Бадахшон ба мулкҳои Чин, Покистон, Афғонистон мебурданд.

Ҷуробҳои бофтаи бонувони ҳунарманди Бадахшон дар осорхонаҳои Русия, Олмон, Инглистон, Украина ва Беларус ба намоиш гузошта шудааст. Ҳунари ниҳоят баланди бофандагии бонувони бадахшонӣ ҳунармандон, олимони соҳаи фарҳангу ҳунар, этнографҳоро дар ҳайрат мегузорад. Ҷуробҳо дар шаклҳои гуногун бофта мешаванд, онҳоро то зону ва аз зону боло низ мебофанд.

Ин навъи ҳунар ҳоло ҳам хоси бонувони Бадахшон аст. Ҷуробҳоро асосан аз пашми гӯсфанд, бузҳои ангорӣ ва уштур тайёр мекунанд. Барои бофтани ҷуробҳо танҳо мӯинаи дар фасли баҳор тарошидаро истифода мебаранд, чунки сифати он баланд аст.

Сараввал мӯйинаро бо химчаи бед кӯфта мулоим намуда, барои ресидан тайёр менамоянд. Баъди омода намудани мӯйина бо дастгоҳи ресандагӣ – «чархи дастӣ» ё бо чархи одии дастии «чалак» мересанд. Баъди тайёр шудани ресидаи мӯйина риштаҳоро бо рангҳои табиӣ ранг мекунанд. Барои ранг кардани риштаҳои ҷуробҳо аз рангҳои табиӣ ба таври фаровон истифода мебаранд. Рангҳоро аз рустаниҳо, гули рустаниҳо ва решаи дарахтон тайёр мекунанд. Ҳунармандон ранги гулобиро аз рустании рӯян, ранги зардро аз гули хуч, ранги сурхро аз решаи гули хуч, ранги зарди тираро аз жоғари зардолу ё дарахти чормағз, ранги сиёҳро аз пӯстлохи ормағз тайёр мекунанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар байни ҷуробҳо нақшу нигорҳои гуногун дида мешаванд, ки ба номашон хеле мувофиқанд. Масалан, аловгул, пари товус, синаи боз, чархгардонак, пайи гурба, пайи гург, пайи гунҷишк, пайи мурғ, нохуни паланг, чашмак, гандумак, чапу рост, далқангул (кӯзагул) ва ғайраҳо.

ҲУНАР ОМӮЗ К-АЗ ҲУНАРМАНДӢ


Хунархои мардуми, Чуроббофи.

ҚаблӣШириншоҳи Шоҳтемур
БаъдӣМо ва оинаи нилгун (қоидаҳои тамошои телевизор)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед