Уҳдадориҳои фарзанд дар назди падару модар

Ухдадорихои фарзанд дар назди падару модар.

хакки модару падар

Муносибатҳои оилавӣ ба меъёрҳои ахлоқӣ асос ёфта, дар асоси ҳамин меъёрҳо ба танзим дароварда мешаванд. Аз ин рӯ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасли масъалаҳоеро, ки дар муносибатҳои оилавӣ сар мезананд, дар навбати аввал барои ба таври ихтиёрӣ анҷом додани онҳо бартарият медиҳад. Яъне фарзандони болиғ барои дастгирӣ ва ёрмандӣ ба падару модари муҳтоҷу ғайри қобили меҳнат ва ё бемори худ бояд уҳдадориҳояшонро ба таври ихтиёрӣ иҷро намоянд.

Дар моддаи 34-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки “Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд”. Ин меъёри конститутсионӣ дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳеҳтар дарҷ ёфтааст, ки тибқи он фарзандон на танҳо ба нигоҳубин, инчунин ба зоҳир намудани ғамхорӣ нисбати волидон масъул мебошанд. Нигоҳубин ва ғамхорӣ ба волидон қарзи инсонии ҳар як фарзанд мебошад. Дар сурати ба таври ихтиёрӣ зоҳир нагардидани ғамхорӣ нисбат ба падару модар аз ҷониби фарзанд мақомоти салоҳиятдори давлатӣ метавонанд дахолат намоянд. Яъне дар ин ҳолат мақомоти дахлдори давлатӣ метавонад ба таври маҷбурӣ бо тартиби судӣ аз фарзанд барои падару модар алимент рӯёнад.

Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки қонунгузорӣ ҷиҳатҳои дигареро низ ҳангоми ситонидани алимент аз фарзанд пешбинӣ намудааст. Аз ҷумла, то чӣ андоза аз тарафи падару модар иҷро гардидани вазифа ва уҳдадориҳои онҳо оид ба таълим, тарбия, таъминоти моддӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак. Ҳолати аз тарафи падару модар пурра иҷро нагардидани уҳдадориҳои зикршуда яке аз омилҳои озод шудани фарзандони болиғ аз уҳдадориҳои алиментӣ (нисбат ба падару модар) шуда метавонад, ки ин, пеш аз ҳама, ба принсипи адолати иҷтимоӣ асос ёфтааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Таъмини моддии падару модар вазифаи фарзандони болиғи қобили меҳнат мебошад. Дар навбати худ фарзандони болиғе, ки маъюбанд, нафақа ва ё ёрдампулӣ мегиранд ва қобилияти меҳнатӣ надоранд, аз додани алимент ва иштирок дар хароҷоти иловагӣ озод мебошанд.

Гузашта аз ин, бояд хуб дар хотир дошт, ки хизмат ба падару модар, ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми онҳо вазифа ва қарзи инсонии ҳар як фарзанд мебошад. Зеро ки онҳо ширинтарин лаҳзаҳои ҳаёт ва ҳамаи меҳру садоқати худро барои ба воя расонидан ва таълиму тарбияи фарзандон мебахшанд. Набояд фаромӯш кард, ки волидон ҳам замоне ҷавон, боғайрат ва бақувват буданд ва бо сад умеду орзу дар лаҳзаҳои тифлию нотавонӣ фарзандро ба оғӯши гарми худ гирифта, ғамхорӣ намуданд ва аз носозгории рӯзгор эмин доштанд, бойигариву сарвати доштаашонро сарф карданд, то ки вай ба ин дараҷа бузург шавад. Акнун онҳо шояд пир шуда, аз қувват монда, ба даст асо гирифтаанд. Чашмонашон хира гаштааст. Бинобар ин вазифаи ҳар як фарзанд аст, ки ҳурмати онҳоро ба ҷо биёрад, ба насиҳаташон гӯш диҳад, ёрирасони онҳо бошад ва аз ранҷонидани дили онон худдорӣ намояд. Дар мавриди эҳтироми модар шоир Эраҷ Мирзо чунин мефармояд:

Писар, рав қадри модар дон, ки доим
Кашад ранҷи писар бечора модар.

Бирав, беш аз падар хоҳаш, ки хоҳад
Туро беш аз падар бечора модар.

Зи ҷон маҳбубтар дораш, ки дорад-т
Зи ҷон маҳбубтар бечора модар.

Нигаҳдорӣ кунад нуҳ моҳу нуҳ рӯз,
Туро чун ҷон ба бар бечора модар.

Аз ин паҳлу ба он паҳлу нағалтад,
Шаб аз бими хатар бечора модар.

Ба вақти зодани ту марги худро
Бигирад дар назар бечора модар.

Хамсуҳбати пирони рӯзгордида шудан, ба насиҳати онҳо гӯш додан ва бо онҳо машварат намудан нишони эҳтиром ва одобу ахлоқи ҳамидаи инсонист:

Ройи равшан зи бузургони куҳансол талаб,
Обҳо соф дар айёми хазон мегарданд.

Ҳурмат кардани пирон, пеш аз ҳама, дар ҳурмат кардани падару модар зоҳир мешавад. Меҳнату машаққати падару модар сазовори ҳама гуна иззату эҳтиром аст:

Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад,
Ҷигарҳо хун шавад, то як писар мисли падар гардад.
Падар аз шавқи дил дар кӯдакӣ дасти писар гирад,
Ба уммеде, ки дар пирӣ писар дасти падар гирад.

Бале, ҳар як падару модар бо ранҷу заҳмати зиёд, ба умеди фардои худ фарзандро тарбия намуда, ба воя мерасонад. Ҳар гоҳ фарзанд бемор шавад, падару модар дарди ӯро дар ҷисму ҷони хеш эҳсос карда, барои наҷоти ӯ тайёранд ҳастии худро нисор кунанд. Падару модар аз ҳар амали неки фарзандон меболанду ифтихор мекунанд, аз нобарорию нохушии онҳо ғам мехӯранду маъюс мешаванд. Онҳо то зиндаанд, фарзанд барояшон ҳамон кӯдак аст, ки омодаанд ҳар дам ба ёриаш шитобанд.

Унсурулмаолии Кайковус дар «Қобуснома» дар боби эҳтироми падару модар навиштааст: «Бидон, эй писар, ки… аз муҷиби хирад бар фарзанд воҷиб аст худро ҳурмат доштан ва тааҳҳуд (нигоҳубин) кардан ва низ воҷиб аст асли худро тааҳҳуд кардан ва ҳурмат доштан ва асли ӯ ҳам падару модар аст. Ва он фарзандро, ки мудом хирад раҳнамуни ӯ бувад, аз ҳаққу меҳри падару модар холӣ набошад…

Ва зинҳор, эй писар, ки ранҷи падару модар хор надорӣ… Пас, ҳаққи модару падар агар аз рӯйи дин нанигарӣ, аз рӯйи хираду мардумӣ бингар, ки падару модар мунтаҷаби некиву асли парвариши нафси туанд. Чун ту дар ҳаққи эшон муқассир бошӣ (хато карда бошӣ), чунон бувад, ки ту сазои ҳеч некӣ набошӣ ва он кас, ки вай ҳақшиноси некии асл набошад, некии фаръро ҳам қадр надонад».

Падару модарон танҳо муҳтоҷи эҳтирому дидори фарзандон мебошанд. Аз ин рӯ бояд фарзандон дар ҳар фурсати муносиб бо ҳамсару фарзандони худ ба дидорбиниашон биёянд, дар кори рӯзгор ба онҳо ёрӣ расонида, аз аҳволашон бохабар бошанд. Ин муносибати фарзандон дарсест барои фарзандони худи онҳо. Амали неку рафтори шоиста барои фарзандон намунаи ибрат гардида, онҳоро ба ҳурмату эҳтиром кардани падару модар ҳидоят менамояд. Беҳуда нест, ки гуфтаанд: «Ҳурмат кунӣ – ҳурмат бинӣ». Ҳар нафаре, ки эҳтироми падару модарро ба ҷо меорад, ин ҳурмату эҳтиромро рӯзе аз фарзандони худ мебинад.

Дар ривояте овардаанд, ки: «Шахсе назди Муҳаммади пайғамбар омада гуфт: – Ё Пайғамбар, падару модарам бемор шудаанд ва нон дар даҳони эшон мениҳам ва ба гардан бардошта, ба таҳоратхона мебарам. Ҳамчунин, таҳораташон месозам, оё ҳаққи эшонро ба ҷо оварда бошам ?

Пайғамбар фармуданд:

–Аз ҳазор якеро нагузошта бошӣ, вале накуӣ бикун, ки туро дар ин кор савоб бисёр аст».

Ҳурмату эҳтироми падару модар, пос доштани ҳаққи онҳо барои ҳар халқу миллат яке аз мавзӯъҳои меҳварии меъёрҳои ахлоқӣ маҳсуб гардида, ҳамеша дар мадди назари аҳли ҷомеа қарор дорад. Беэҳтиромӣ нисбат ба падару модарро ҳар қавму миллати мутамаддини дунё маҳкум намуда, эҳтиром, нигоҳубин ва ғамхорӣ нисбати онҳоро қарзи инсонии фарзандон медонад.

Педагоги маъруфи рус В. А. Сухомлинский чунин менигорад: «Барои падар ва модар ту ҳамеша, ҳатто баъди панҷоҳ, шаст, ҳафтод, ҳаштод ва навадсола шуданат ҳам кӯдакӣ. Ҳаp қадаму рафтори ту – хоҳ рафтори хуб бошад ва хоҳ бад, ба дили падару модар асар карда, хурсандӣ мебахшад ё дард меорад, саодатманд мекунад ё азобу кулфат меорад. Онҳо нисбат ба ту меҳру муҳаббати бепоён доранд, вале замоне мерасад, ки барои ба ту бахшидани ашёи моддии ҳаёт дигар қувваташон намемонад ва қувваи онҳо фақат ба дӯст доштани ту мерасаду бас. Бидон, ки ба ғамхории падару модар, ба меҳру муҳаббат ва садоқати бепоёни онҳо бо ғамхорӣ, меҳру муҳаббат ва садоқати худ нисбат ба онҳо ҷавоб гардондан қарзи инсонии фарзанд аст. Қарзи фарзандонро аз падару модар бо ягон ченак қиёс кардан, бо ягон асбоб ҳисоб кардан мумкин нест».

Воқеан ҳам, чунонки меҳру муҳаббати падару модар ба фарзандон беинтиҳост, қарзи фарзандон низ дар назди волидон беохир аст ва бо ҳеҷ ченаке қиёсшаванда нест. Шоир ба ин мазмун чӣ зебо мефармояд:

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Мутафаккири бузург Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мефармояд: «Накуӣ бо модар ва падар фозилтар аз намоз ва рӯза ва ҳаҷ ва умра аст. Ризои падар бузургтарин дари биҳишт аст. Агар биҳишт мехоҳӣ, ин дарро муҳофизат намо».

Нақл мекунанд, ки: «Ҷавоне қасди зиёрати хонаи Каъба кард. Модари танҳое дошт. Иҷозат пурсид, модараш розӣ нашуд. Ӯ ба гапи модар илтифоте накарда, озими сафар гардид. Модараш гирякунон аз қафои писар афтод. Ҳарчанд зорию тавалло менамуд, писар аз рафтан бознамеистод. Дили модар ранҷид.

Писар ба шаҳре расида шаб дар масҷид қарор гирифт. Нисфишабӣ хеста ба хондани намозҳои нафл машғул шуд. Ҳамон шаб ба хонаи шахсе дузд даромад. Соҳибхона доду фарёдкунон дуздро дунболагир кард. Дузд гурехта ба сӯйи масҷид омаду ғоиб гардид. Мардум ҷамъ шуда, чароғ равшан карда ба даруни масҷид даромада диданд, ки шахси бегонае намоз мехонад. Подшоҳ фармуд, ки дастҳояшро бурида, чашмонашро кофта, ба бозорҳо гардонида гӯянд, ки сазои шахсе, ки дуздӣ мекунад, ҳамин аст.

–Он ҷавони зиёраткунанда гуфт:

Ин тавр нагӯед, балки гӯед, ки ин ҷазои касест, ки бе иҷозати модар сафар намояд.

Мардуме, ки ӯро медонистанду мешинохтанд, воқеаро ба подшоҳ изҳор карданд. Подшоҳ пушаймон шуда узрхоҳӣ намуд. Ҷавон гуфт:

–Ин ҷо гуноҳи шумо нест. Ранҷидани дили модарам аст, ки бе иҷозаташ ман ба сафар баромадаму ба ин бало гирифтор шудам. Агар хоҳед, ки аз Шумо хурсанд бошам, маро ба вилояти худам расонед.

Ӯро ба шутур савор карда, ба манзилаш оварданд. Аз хона садои модар мебаромад:

–Худоё, аҳволи писарам дар биёбони Арабистон чӣ шуда бошад. Ӯро ба назди ман баргардон, то хотирам ҷамъ шавад.

Ҷавон бетоқат шуда дарро кӯфт. Модар назди дар рафт. Дар дилаш мегуфт, ки «Наход хабари фарзанди ғарибам омада бошад?» Дид, ки ғарибе бо аҳволи раҳмовар нишастааст. Ба ӯ гуфт:

–Эй мусофир, гуруснаӣ, ноне диҳам?

–Нонро чӣ гуна бигирам, ки даст надорам,– гуфт ҷавон.

Модар сухани ӯро шунида гуфт:

–Аз куҷо меойӣ? Овозат ба овози писарам бисёр монанд аст.

Вай ба хона рафта чароғро оварду ба чеҳраи мусофир назар андохта, гиряомез гуфт:

–Писаре доштам, ба зиёрати хонаи Каъба рафта буд. Ман розӣ набудам. Ту ба ҳамон писарам бисёр монандӣ.

Ҷавон фиғон бардошта гуфт:

–Модарҷон, ҳамон писари пургуноҳат манам.

Пиразан инро шунида, беҳуш шуда ба замин афтод. Пас аз чанде ба худ омада, муноҷот кард:

–Илоҳо, ба фарзандам адаб додӣ, акнун ӯро ҳалок макун!»

Аз ин ҳикоя чунин хулосае бармеояд, ки бе ризоияти падару модар наметавон ба мақсад расид.

Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар ин бора гуфтааст:

Падарро ақл дону нафс – модар,
Маёзор ин ду касро, эй бародар!

Розигии падару модар муваффақияту барори кори фарзанд хоҳад буд. Шахсе, ки ҳар саҳар пеш аз сафар ё коре бо волидон машварат мекунад ва дуо мегирад, ҳангоми бозгашт аз дидаву шунида ва бардоштҳояш ба онҳо нақл мекунад, ба муроду мақсад ва орзую омоли худ хоҳад расид.

Ҳикоят мекунанд, ки: «Ҷавоне чӯб дар даст падари худро мезад. Мардум инро дида, хостанд адаби он ҷавонро бидиҳанд. Падар гуфт:

– Ба писарам нарасед. Ӯ барои задани падари худ ҳақ дорад. Зеро ман ҳам овони ҷавониам падарамро дар ҳамин ҷо зада будам. Акнун дар ивази он писарам маро мезанад».

Вобаста ба мазмуни ин ҳикоя шоир ва мутафаккири бузург Ҷалолиддини Румӣ хеле хуб гуфтааст:

Ин ҷаҳон кӯҳ аст, феъли мо нидо,
Сӯйи мо ояд нидоҳоро садо.

Бале, инсон дар зиндагӣ ҳар амалеро, ки иҷро мекунад, хоҳ некӣ аст ва хоҳ бадӣ, подоши онро дер ё зуд дар ҳамон шакл хоҳад дид. Аз ин рӯ некиву накукорӣ дар ҳама давру замон қадр гардида, бадиву бадахлоқӣ маҳкум мешавад.

Гузаштагони мо дар мавриди эҳтироми падару модар ҳазорҳо панду қиссаҳои ҳикматомез гуфтаанд, ки ҳама саршор аз меҳру муҳаббат, ғамхорию шафқат ва пос доштани ҳурмати волидон мебошад. Бар ивази ранҷҳое, ки падару модар барои мо арзонӣ доштаанд, бояд ҳама умр шукргузорӣ намоем ва ҳаргиз нагузорем, ки хотири онҳо аз ягон сухан ва ё амали беҷои мо озурда гардад, зеро вақте ки онҳо ба мо раҳму шафқат менамуданд, бисёр заифу нотавон будем, ки ҳатто магасеро аз худ наметавонистем дур созем.

Дар ин бобат Саъдии Шерозӣ мефармояд:

Эй тифл, ки дафъи магас аз худ натавонӣ,
Ҳарчанд ки болиғ шудӣ, охир на ҳамонӣ?
Шукронаи зӯроварию рӯзи ҷавонӣ
Ин аст, ки қадри падари пир бидонӣ.

Ба ин маънӣ, мо бояд бо падару модари хеш ҳамеша накурафтору хушмуомила, мушфиқу меҳрубон ва ҳалиму қадрдон бошем, то дар зиндагӣ соҳиби обрӯю эътибор ва баракати рӯзгор гардем.

Саволҳо

  1. Ибораи «карзи фарзанд дар назди падару модар»-ро чи гуна маънидод мекунед?
  2. Ухдадории фарзанд дар назди падару модар танхо меъёри ахлоки аст ва ё дар конунгузори низ пешбини шудааст?
  3. Шумо дар бораи он фарзандоне, ки падару модарашонро нигохубин намекунанд, чи акида доред?
  4. Оё шумо ходисахоеро медонед, ки фарзандон аз падару модарашон руй гардонида бошанд?
  5. Падару модар аз фарзандони худ, ки бо сад азобу машаккат онхоро ба воя мерасонанд, чиро интизоранд?
ҚаблӣГуфтахои бузургон дар васфи муаллим – омузгор
БаъдӣТабрикот барои рузи муаллим (омузгор, устод)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед