Камолиддини Бинои ва «Беҳрузу Баҳром» – и ӯ

Камолиддини Бинои ва «Бехрузу Бахром» – и у


Мавзӯъ: Камолиддини Бинои ва «Беҳрузу Баҳром» – и ӯ

Нақша:

Муқаддима

  1. Маълумот дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шоир
  2. Мундариҷаи асосии «Беҳрӯзу Баҳром»
  3. Мавқеи панду ахлоқ дар «Беҳрӯзу Баҳром»

Хулоса

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Камолиддини Биноӣ номи асосиаш Шералӣ буда, бо лақаби Камолиддин ва тахаллуси Биноӣ машҳур гардидааст. Ӯ соли 1153 дар шаҳри Ҳирот, ки яке аз марказҳои асосии илму адаб ба ҳисоб мерафт, таваллуд ёфтааст. Бинобар ин, дар боло рафтан ва сабзиши маънавии ӯ нақши мактаби адабии Ҳирот басо бузург будааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Биноӣ яке аз шогирдони беҳтарини Абдураҳмони Ҷомӣ ба шумор меравад. Биноӣ ба дарбори Ҳусайн Бойқаро даъват карда мешавшд. Вале, ӯ баъди шиносоӣ бо аҳли дарбор, воқиф мешавад, ки дар назди шоҳ як гурӯҳ хушомадгӯёну одамони пасту разил ҷамъ омада, ҳамеша аз пайи кинаву адовату озори якдигар мебошанд. Онҳо якдигарро ҳаҷву масхара менамоянд, то ҳокимону шоҳонро хурсанд намоянд.

Биноӣ дар вақти ҷангу ҷидолҳои Исмоили Сафавӣ дар айни ҷӯшу хурӯши эҷодӣ вафот мекунад.

Аз мероси адабии Биноӣ асарҳои зиёде боқӣ мондааст. Биноӣ дар умри пурбаракати худ асарҳои бузург: маснавии «Беҳрӯзу Баҳром», асарҳои таърихии «Шайбонинома», «Футуҳоти Хонӣ» ва се девон таълиф намудааст.

Маснавии «Беҳрӯзу Баҳром» асари ахлоқӣ буда, дар эҷодиёти шоир мавқеи асосӣ дорад. Масъалаи одобу ахлоқ дар адабиёт аз тарафи шоирону адибони гузашта таҳлилу баррасӣ шудааст. Дар ҷамъияте, ки Биноӣ умр ба cap мебурд, аҳволи одамони оддии ҷамъият ниҳоят вазнин гардида буд. Дар барообари ин, одобу ахлоқи табақаи боло хеле вайрон шуда буд. Аз ин рӯ, Биноӣ сабаби пайдоиши ахлоқи одамони ҷамъияти болоро рӯйирост ошкор намуда, аз забони қаҳрамонони маснавии «Беҳрӯзу Баҳром» онҳоро маҳкум намудааст. Одобу ахлоқ аз нигоҳи шоир ирсӣ будааст. Дар охир ба хулосае меояд, ки одобу ахлоқи ҳар як инсон дар натиҷаи таъсири муҳити атроф ба миён меояд:

Ҳар кӣ cap зад ба гулхани пурдуд,
Ҷомааш бӯйи дуд гирад зуд.
Нашавӣ ҳоҷа ҳамнишини бадон,
То нагардӣ зи хаёли бехирадон.

Яъне, Биноӣ таъкид бар он дорад, ки ҳамнишини бад инсонро ба роҳи бад мебарад, аз ҳамнишини хуб бошад, танҳо хулқу атвори некӯ мебинад:

В-он ки бо гулханӣ шавад ҳампой,
Ҷуз ба хоки сиёҳ нагирад ҷой.
Ҳар кӣ атвори неку бад гирад,
Ҳама аз ҳамнишини х(в)ад.

Камолиддин Биноӣ барои исботи фикру андешаҳои худ ҳамеша саъю кӯшиш менамояд, ки аз ҳолу аҳволи одамон, аз ҳаёти онҳо мисолҳои зиёде биёварад.

Биноӣ чунин андеша дорад, ки ҳангоме ки мо бо одамони бад нишастухез мекунем, рафта-рафта дар натиҷаи таъсири онҳо ба як шахси разилу хиёнаткор табдил меёбем. Аз ин рӯ, тарки ҳамсӯҳбатони бад ва ё бо одамони хуб ҳамнишин шудан ягона роҳи халосӣ аз ҳамин аст.

Гуфт: «Бигзар аз ин сияҳрӯзон,
Пой баркаш зи оташи сузон!
То аз ин ҳамдамони бадгуҳарат.
Чӣ бало хоҳад омадан ба сарат».

Биноӣ дар маснавии «Беҳрӯзу Баҳром» ба масъалаи кибру ғурур аҳамияти ҷиддӣ додааст. Ӯ қайд менамояд, ки кибру ғурур набояд хосси олимону адибон бошад, вале, дар байни аҳли илму адаб низ пайдо шудани кибр ҳам як ҳодисаи воқеӣ гардида буд. Ахди илму адаб бояд аз кибр дурӣ ҷуста, ба хоксорӣ рӯ оваранд, зеро танҳо ба ҳамин роҳ мақбули омма шуда метавонанд:

В-он ки кибр отрад зи илму ҳунар,
Ҳунару илмро намонад асар.
Гар тавозуъ ба илм матвонӣ,
Аҳли дониш пай, нодонӣ.

Умуман, Биноӣ дар асари худ ба ҳама масъалаҳо дахл намудааст. Ғайр аз ин, ӯ он шахсонеро, ки аз рӯйи хешу ақрабо давлату салват мекунанд, онҳоро ба зери тозиёнаи танқид мегирад:

Мард бояд, ки худ падар бошад,
Боиси фахри сад писар бошад.

Дар бораи сухан ва суханварӣ, одоби сухан кардан низ таълими хуб медиҳад. Таъкид менамояд, ки дар вақти сухан кардан эҳтиёт бояд буд. Сухани мегуфтагиатро дар тарозуи ақл бисанҷ ва пас аз он ки ба дуруст будани он боварӣ ҳосил кардӣ, ба забон биёр:

Суханеро, ки дар мақол орӣ,
Аввал он беҳ, ки дар хаёл орӣ.

ҚаблӣКамоли Хучанди ва мероси адабии у (иншо, эссе)
БаъдӣҚорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ ва мероси адабии ӯ