Чавонон ва фазои чахонии интернет.

Интернет имрӯз василаи нави технологияи таъсиргузор дар мафкураи ҷавонон ба ҳисоб меравад, ки ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии он дар фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо амиқ инъикос мегардад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як баромадашон қайд карда буданд: «….аксари наврасону ҷавонон аз телефон ва шабакаҳои интернетӣ на барои гирифтани маълумоти мукаммалкунандаи донишу малака, балки барои дарёфти дигар маълумоти ба ахлоқи ҷомеа зарарнок сару кор мегиранд».
Дуруст аст, ки маълумотҳои дар интернет ҷойгир шуда на ҳама дуруст ва манфиатовар мебошанд. Барои ҷавонони муосир идеологияи тарғибгароӣи фаҳш, ғайри фарҳангӣ, зуроварӣ бештар маъмул гардидааст. Дар пасманзари ҳама гуна иттилооти носанҷидаи интернетӣ, назару мақсадҳои одамону гурӯҳҳои манфиатдор меистанд, ки ба ташаккули афкори ҷавонон бе таъсир нахоҳад буд. Донишманди рус чунин менависад: «… Интернет фикру мулоҳиза медиҳад, ки дар ҳаёти воқеӣ он нест». Аз ин рӯ ҷавононро мебояд, то дар ин фазои пур аз найрангҳои иттилоотӣ, дар пайи ҷустуҷӯи маълумотҳои зарурӣ бо эҳтиёт бошанд ва аз манбаҳои мутаъмаду воқеӣ истифода намоянд.
Яке аз омилҳои ташвишовар имрӯзҳо ин ахборҳои дурӯғин аз ҷониби истифодабарндагони қалбакӣ(ба истилоҳ фейкҳо) дар шабакаҳои интернетӣба ҳисоб меравад. Тавре оморҳо нишон медиҳанд ҳама рӯза дар ҷаҳон 18,4 миллион хабарҳои дуруғин ба интернет роҳ меёбанд. Фирефтаи ин ҳама фейкҳо одамони куҳансол, ҷавонон ва занон мегарданд. Зарари иқтисодӣ аз ҷонинби ин афрод дар соли 2021 қариб 79,1 миллиард доларро ташкил медиҳад. Зарар ба саломатӣ 9, 6 миллионнафарро ташкил медиҳад, ки аз ахборҳои дурӯғини онҳо истифода намудаанд, зарари рӯҳӣ-равонӣ ва дигар омилҳои бади онҳо сабабгори зиёди мушкилоти ҷавонон ва одамон гардидаанд. Ҷаҳони интернет агарчи кори моро садҳо маротиба осон гардонанд ҳам, боз метавонад оламро дар як сония табдилу иваз кунад.
Омили дигари ташвишовар ин шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳама рӯза паёмадҳои манфии он тариқи ҳама гуна расонаҳою маҷалаҳо ва дигар воситаҳои ахбори омма инъикос мегарданд. Ҳодисаҳои зиёди солҳои ахир, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, пастшавии ахлоқу фарҳанги либоспӯшӣ, ҷудошавии барзиёди оилаҳои ҷавон аз ҳамдигар ва садҳо омилҳои монанди инҳо паёмадҳои рӯзафзуни шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Тим Бернерс-Ли мегӯяд: «агар шумо фикр доред, ки аз барномаҳои ширкатҳои Google, Microsoft, Yahoo, Apple, Facebook ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ истифода менамоед…дониста бошед, ки онҳо маълумотҳои шуморо истифодамебаранд ва маблағ ба даст меоранд».
Тибқи маълумотҳои ҷаҳонии агентии We Are Social аҳолии ҷаҳон то январи 2022 7,91 миллиардро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 67,1% онҳо аз телефонҳои мобилӣ истифода мебаранд. Дар як соли охир ин нишондод афзуда – боз 95 миллион муштарии дигар ба истифода аз телефони мобилӣ шурӯъ карданд. Шумораи умумии онҳо то охири соли 2022 ба 5,69 миллиарднафар расида, гуфта мешавад, ки аз инҳо 4,62 миллион нафар аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифодаменамоянд. Серистифодабарандаҳои онҳо – Instagram, Facebook, WatsApp, Telegram, TikTok ба ҳисоб меравад, ки ҳар як 13-сония пас, як инсон дар рӯи замин ба шабакаҳои иҷтимоӣ пайваст мегардад. Агар чи қисмати зиёди ин шабакаҳои иҷтимоӣ барои тиҷорати фосилавӣ ва электронӣ пешниҳод гардида бошад ҳам, вале қисмати зиёди истифобарандагонашон ба ҷуз аз зоеъи вақту хараҷоти маблағ чизеро ба худ намегиранд.
Барои пешниҳод хуб мешуд сохторҳои марбутаи батанзимдароранда ва назорати шабакаҳои компютерӣ, провайдерону ширкатҳои мобилӣ барои наврасону ҷавонон шабакаҳо ё порталҳои махсуси интернетиро бо таърифҳои таълимӣ ва оилавӣ пешниҳод намоянд.
Хулоса ҷавононро мебояд, то дар замири худ бо истифода аз шароитҳои фароҳам буда, донишҳои зеҳнии худро баланд бардоранд, зиракии сиёсию техникӣ ва равонии худро ташаккул диҳанд, вақти худро сарфаи омӯзиш ва беҳтар гардонии фаъолияту зиндагии хеш қарор диҳанд.
Сардори маркази тестӣ,
технологияҳои иттилоотӣ
ва таҳсилоти фосилавӣ Асомуддини Р.К.

















