Шаҳрҳо, мактаб ва адабиёти Руми қадим. Шаҳрҳо. Мактаб. Адабиёт.
Шаҳрҳо
Рум шаҳри калонтарини империяи Рум ба ҳисоб мерафт ва дар он қариб 1,5 миллион нафар одамон зиндагӣ мекарданд. Дар ҷойи дуюм Искандарияи Миср меистод, ки аҳолии он қариб 500 ҳазор нафар буд.
Дар асри II–V шаҳри Румро ёздаҳ қубур аз об таъмин мекард. Онҳо аз сурб ва сафол сохта шуда буданд. Дутояш ба румиҳо ҳоло ҳам хизмат карда истодааст. Пойтахти империя – шаҳри Рум ва шаҳрҳои дигари мамлакат биноҳои бошукӯҳи ибодатхонаҳо, ҳайкалҳои худоҳо, айвонҳои истироҳатӣ, театрҳо ва биноҳои дигари бо санъати баланд офаридашуда доштанд. Онҳо ба шаҳрҳо намуди муҳташаму идона мебахшиданд.

Майдонҳои байни шаҳрҳо агоре ва ё форум доштанд. Одатан дар байни онҳо манораҳои зафар ва ҳайкалҳои аспҳо қомат рост карда буданд. Форуми Рум хеле зебою дилрабо буд, вале форуми Траян дар тамоми империя ба худ ҳамто надошт. Мақбараи Август ва ибодатхонаи гунбаздор, ки онро «барои ҳамаи худоҳо» бо номи «Пантеон» дар Рум Агриппа сохта буд, «Алтар» («Қурбонгоҳ»)-и ниҳоят зебою муҳташам дошт. Баландии гунбази «Пантеон» ба 43,2 метр мерасид.
Ш аҳри Рум ва шаҳрҳои дигари империя роҳҳои хуби сангфарш доштанд. Дар асри II дарозии умумии онҳо қариб 80 ҳазор километрро ташкил мекард. Дар қад-қади роҳҳо баъди ҳар як 1000 қадам сутунҳои сангӣ рост карда буданд. Дар онҳо масофаи роҳ, аз ҷумла то маҳали наздиктарини аҳолинишин ва шаҳри Рум навишта шуда буд. Дар Форуми Рум сутуни тиллоандуд қомат рост карда буд. Аз он ҳамаи роҳҳои империяи Рум оғоз меёфтанд. Ибораҳои маълуму машҳури «ҳамаи роҳҳо ба Рум мебаранд» аз ҳамин ҷо пайдо шудаанд.
Дар шаҳрҳои соҳили баҳр бандарҳо, анборҳо барои нигоҳдории маҳсулот ва барои аз мавҷҳои тӯфон муҳофизат кардани онҳо деворҳои сангини баланд сохта шуда буданд.
Дар империяи Рум сохтани биноҳои серошёнаро ҳам ёд гирифта буданд. Дар шаҳрҳои Рум, Эфес, Искандарияи Миср ва баъзе шаҳрҳои дигар биноҳои аз се то шашқабата сохта шуда буданд.
Мактаб
Мактаб дар Рум се зина дошт. Аз 7 то 12-солагӣ бачаҳо дар мактаби ибтидоӣ мехонданд. Омӯзгорон дар ин мактаб ба шогирдон хондану навиштан ва ҳисобро меомӯзониданд.
Баъди хатми мактаби ибтидоӣ талабаҳо таҳсилро дар мактабҳои грамматикӣ давом медоданд. Дар ин мактабҳо шогирдон дар зарфи чор сол асарҳои шоирону нависандагон, файласуфон ва олимони дигарро меомӯхтанд, забонҳои лотинию юнониро ёд мегирифтанд ва машқи навиштанро давом медоданд.
Зинаи сеюми мактаби румӣ «риторика» ном дошт. Он ба мактаби олии замони мо монанд буд. Дар ин мактабҳо риторҳо – суханварон ба хонандагон аз санъати сухан дарс медоданд. Ин фан ва омӯзгорони он – риторҳо обрӯй ва эътибори калон доштанд. Ашрофон риторҳоро бо хоҳиши том ба хонаҳояшон даъват намуда, зиёфат ташкил мекарданд ва аз онҳо суханвариро меомӯхтанд.
Императорҳо маблағи калон сарф карда, барои фарзандони худ чунин мактабҳо мекушоданд, то ки онҳо суханвариро хуб омӯзанд. Ин кор ба фарзандони императорҳо зарур буд, чунки ба император шудан тайёрӣ медиданд.
Шогирдони мактабҳои риторӣ бо ҳар роҳу усулҳо маҳорату малакаи худро сайқал медоданд. Онҳо тайёрии хуб дида, дар озмунҳои риторикӣ – суханварӣ иштирок мекарданд. Ғолибони ин озмунҳо бо китобҳо мукофотонида мешуданд.
Адабиёт
Императорони Рум барои баланд бардоштани обрӯйи худ ба шоирону нависандагон ва олимони намоён дасти ёрӣ дароз мекарданд. Барои рӯзгузаронӣ ба онҳо маблағи зарурӣ дода мешуд. Ашрофони алоҳида ҳам ба ин гуна одамон ёрӣ мерасониданд. Яке аз ҳамин хел ашхос дар таърих бо номи Гай Силний Метсенат (солҳои ҳаёташ 74-8 пеш аз милод) машҳур аст.
Ӯ шоиру нависандагонро дар маҳфиле муттаҳид карда, аз ҳисоби даромади мулкҳояш таъминоти аъзои маҳфилро ба уҳда гирифта буд. Метсенат одами донишманд ҳам будааст. Ба шоирону нависандагон дар бораи навиштани асарҳо ва мавзӯи онҳо маслиҳатҳои пурқимат ҳам медодааст.

Масалан, Вергилий бо маслиҳати ӯ аввал «Сурудҳои подабон»-ро дар бораи урфу одат ва тарзи зиндагии одамони деҳот ва баъд «Георгики»-ро дар мавзӯи кишоварзӣ таълиф мекунад. Вергилий инчунин достони машҳури «Энеида»-ро меофарад. Ӯ ин достонро ба охир нарасонида вафот кардааст. Тарзи навишти достони «Энеида» ба достонҳои «Иллиада» ва «Одиссей»-и Ҳомер монанд аст. «Энеида» дар бораи саргузаштҳои аҷоибу ғароиби Эней ном писари қаҳрамони Акхиз ва олиҳа Афродита (Венера) нақл мекунад.
Адабиёти Рум дар асри I пеш аз милод ба дараҷаи баландтарини рушди худ расид. Ин давраро «асри тиллоӣ»-и адабиёти Рум номидаанд.
Савол ва супоришҳо
- Аз харита шаҳрҳои Рум ва Искандарияро нишон диҳед.
- Шаҳри Рим чӣ тавр сохта шуда буд?
- Мафҳумҳои «агора», «форум» ва «пантеон»-ро шарҳ диҳед.
- Дар бораи роҳҳои империяи Рум нақл кунед.
- Дар бораи мактабҳои Рум чиҳо медонед?
- Оё дар бораи мактабҳои риторикӣ иттилоъ доред?
- Дар бораи адабиёти Руми қадим маълумот диҳед.
- Гай Силний Метсенат чӣ хел одам буд?
- Дар бораи нависандаи Руми қадим Вергилий нақл кунед.




















