Нашъаманди ва окибатхои он.
Нашъамандӣ ҷараёнест, ки гурӯҳи махсуси моддаҳои кимиёвӣ имконияти заҳролуд кардани организми одамро доранд.
Хатарнокии ин моддаҳо дар он зоҳир мегардад, ки онҳо мубодилаи моддаҳоро вайрон намуда, худ барои организм чизи заруртарин мешаванд. Ҳангоми мадҳушшавии нашъамандӣ таъсири моддаи мухаддир паст гашта, ҳолати боздорӣ (нофаъолӣ) ба ҳолати ҳаяҷоноии баланд мубаддал мегардад ва нашъаманд ба ҳолати ногувор меафтад. Ҳамаи баданаш ба ларза омада, дарди хеле беқарори гардан, шикам ва буғумҳо пайдо мешаванд («ломка»).
Барои бартараф кардани он ҳатман ба организм моддаи мухаддирро равон кардан зарур аст. Ҳамин тавр, организм «ғуломи» моддаҳои мухаддир гашта, аз он халосӣ ёфта наметавонад. Роҳи ягонаи аз ин одати бад раҳо ёфтан табобати мутахассис – духтури нарколог мебошад.
Мавзӯи пурра: Вайроншавии фаъолияти олии асаб ва пешгирии он