Консепсияҳои ҳокимият

Дар адабиёти илмии муосир консепсияҳои мухталифи ҳокимият мавҷуданд. Масалан, консепсияҳои системавӣ ҳокимиятро таркиби системаи сиёсии ҷомеа муаррифӣ менамоянд. Ба ақидаи Талкот Парсонс, ҳокимият таркиби система буда, бо мақсадҳои умумӣ ва ташаккули системаи сиёсӣ алоқамандӣ дорад. Ҷомеашиноси фаронсавӣ Мишел Крозйе ҳокимиятро падидаи ҷовидонӣ медонад. Ба ақидаи ӯ: «ҳокимиятро аз байн бурдан ва ё миллӣ гардонидан ғайриимкон аст. Ҳокимият ба монанди сари морҳои «Гидра»[1] мебошад ва ҳар боре, ки сарҳои онро бурида, дар фикри он ки вайро аз байн бурдаанд, сарҳои нав бароварда боз ҳам нерумандтар ва пурқувваттар мегардад».[2]

Дар тӯли таърих консепсияҳои ҳуқуқии ҳокимият муддати хеле тӯлонӣ афзалиятнок дониста мешуданд. Масалан, Т.Гоббс, Ҷ.Локк, Б.Спиноза, Ж.Ж.Руссо, И.Кант ва як қатор мутафаккирони дигар ҳуқуқро аввалиндараҷа шуморида, сиёсат ва ҳокимиятро маҳсули ҳуқуқ медонистанд. Файласуфони фаронсавӣ дар асри XVIII хирадро афзалияти бештар дода, хостори ҷомеае буданд, ки дар он бояд ахлоқ бо ҳуқуқҳои табиии инсон мувофиқ гардонида мешуд. Гузашта аз ин, ҷустуҷӯи ҳуқуқ ва давлати идеалӣ дар таълимоти Афлотун ва Ф.Бекон мавқеи марказӣ касб намуда, инчунин барои сотсиалистони утопиявӣ низ (аз Т.Мор сар карда то Э.Кабэ) идеали сиёсӣ маҳсуб меёфт. И.Кант назарияи давлати ҳуқуқиро аз нуқтаи назари фалсафа асоснок намуда, мувофиқати сохтори давлатӣ бо меъёрҳои ҳуқуқиро дар мадди аввал мегузорад.

Аммо дар раванди шарҳу баёни ҳокимият консепсияҳои бихевиоралистӣ афзалияти бештар пайдо намудаанд. Ҷараёни бихевиоралистӣ дар солҳои 20-30-юми асри ХХ аз ҷониби як гурӯҳ олимони Донишгоҳи Чикаго ташаккул дода шуда, онҳо аввалин шуда ба рафтори сиёсии инсон таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.

Ба ақидаи бихевиоралистон, одамон дорои мақсадҳои мушаххас буда, барои амалӣ намудани онҳо ба ҳокимият рӯ меоваранд ва дар чунин ҳолат рафторҳои гуногуни сиёсӣ зоҳир менамоянд. Бихевиоралистон мазмун ва мундариҷаи ҳаёти сиёсии ҷомеаро дар асоси чунин мулоҳизаронӣ шарҳ медиҳанд. Ба ақидаи онҳо, инсони сиёсӣ одамест, ки ба сӯйи ҳокимият майл менамояд. Дар сиёсат ҳама чиз ҳокимият аст ва ҳамчунин ҳама гуна ҳокимият сиёсат мебошад. Аммо сиёсат соҳаи муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад. Бинобар ин, одамони алоҳида ва ё гурӯҳҳои мухталиф барои ба даст овардани ҳокимияти бештар байни ҳамдигар дар муносибат қарор мегиранд. Маҳз мақсадҳои одамон заминаи асосии сиёсат мебошанд ва аз ин рӯ, муносибатҳои мазкур марҳила ба марҳила ба воситаи институтҳои сиёсӣ устувор ва бонизом гардонида мешаванд. Ҳокимияти институтҳои мазкур ифодакунандаи иродаи одамон буда, онҳо низ дар байни худ муносибатҳои хосеро ба вуҷуд меоваранд. Омили мазкур боиси он мегардад, ки дар ҷомеа давлат, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои мухталифи оммавию сиёсӣ ба вуҷуд оянд.

Бихевиоралистон муносибатҳои сиёсиро бозори ҳокимият номидаанд. Зеро субъектҳои ҳокимият байни худ созишномаеро мебанданд, ки дар асоси он хариду фурӯши хизматрасониҳои сиёсӣ сурат мегирад. Иҷро гардидани созишнома аз ду омили асосӣ вобаста мебошад: виҷдони поки иштирокчиёни созишнома ва қувваи беруние, ки иштирокчиёнро барои риоя намудани уҳдадориҳо ва қоидаҳои бозӣ маҷбур менамояд.

Агар муносибатҳои сиёсӣ ба бозие монанд карда шавад, пас дар ин бозӣ гурӯҳе метавонад гурӯҳҳои дигарро дар ҳайрат гузорад, ки агар ӯ ғолибиятро дар асоси қоидаҳои бозӣ ба даст оварда бошад. Дар бозии сиёсӣ бурду бохт бо каму зиёд гардидани ҳаҷми ҳокимият алоқамандӣ дорад. Яъне, нафаре, ки дар бозӣ бурд намудааст, ӯ ҳаҷми бештари ҳокимиятро соҳиб мегардад. Ба ақидаи Г.Лассуэлл, қобилияти дар раванди қабули қарори сиёсӣ ширкат намудан имкони бурдро бештар менамояд. Дар бозии сиёсӣ ҳолатҳое низ во мехӯранд, ки иштирокчиёни он на танҳо қоидаҳоро вайрон месозанд, балки ба хотири ба даст овардани ғолибият кӯшиши тағйир додани онҳоро менамоянд. Дар бисёре аз ҳолатҳо қоидаҳои бозӣ аз берун тағйир дода мешаванд. Бинобар ин, қоидаҳои бозӣ бояд дар дохил тартиб дода шаванд.

Бихевиоралистон идеяи механизми худтанзимкунандаро аз афкори иҷтимоию иқтисодии олимони амрикоӣ гирифтаанд ва тибқи он бозор танзимкунандаи ҳама гуна муносибатҳои иқтисодӣ мебошад. Идеяи мазкур дар соҳаи муносибатҳои сиёсӣ ба таври васеъ паҳн гардида, дар амал низ татбиқ гардид. Мувофиқи он ҳокимият дар асоси қоидаҳои тиҷорат хариду фурӯш мешавад. Дар ин раванд рақобати харидорон ва фурӯшандагон, зиёд намудани даромадҳо, баинобатгирии талабот ва таклифоти сиёсӣ меъёрҳои марказӣ ба шумор мераванд.

Ҳеҷ гоҳ бозори сиёсии воқеӣ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро дар ҳар як бозор, бе истифодаи найранг, демагогия, таҳдид, қоидавайронкунӣ ва ғ. фоида ба даст намеояд. Аз ин рӯ, дар бозори сиёсӣ низ чунин ҳолатҳо ба мушоҳида расида, барои дар амал татбиқ намудани он неруи махсус, зиракӣ, ҳунармандӣ, бахту иқбол, имкониятҳои васеъ ва монанди инҳо зарур шуморида мешаванд. Ҳар нафаре, ки моликият ва сарвати худро назорат менамояд, кӯшиш мекунад, ки пулҳои худро ба овози интихобкунандагон ва ба ҳокимияти сиёсӣ табдил диҳад. Ин аст, ки Ч.Мерриам тиҷоратро диктатори ҳокимият номидааст. Мубориза барои ба даст овардани ҳокимият на танҳо ба хотири ҳукмронӣ намудан аст, балки мақсади дигари он дар бозиҳои сиёсӣ дастболо шудан аст. Ҳамин тариқ, сиёсат фазое мебошад, ки дар он бозии сиёсӣ сурат гирифта, ҳам бурд ва ҳам бохт насиби иштирокчиёни он мегардад. Табиати сиёсии инсон асоси ин фазоро ташкил намуда, рафтори сиёсии ӯ бошад, гуногунрангии онро таъмин менамояд.

Консепсияҳои релятсионии ҳокимият низ дар шарҳу баёни муносибатҳои сиёсӣ афзалияти бештар доранд. Мувофиқи консепсияҳои мазкур ҳокимият ҳамчун муносибати байнифардӣ дониста шуда, ба яке аз онҳо имкон медиҳад, ки рафтори дигареро тағйир диҳад. Дар баъзе сарчашмаҳои дигар раванди мазкур муносибатҳои субъект ва объекти ҳокимият дониста мешавад. Ҳамчунин муносибати субъект ва объекти ҳокимият ва муайян намудани мавқеи онҳо ба воситаи консепсияҳои каузалӣ низ шарҳ дода мешаванд. Мувофиқи консепсияҳои каузалӣ сабаби ба вуҷуд омадани объекти ҳокимият натиҷаи фаъолиятҳои субъекти ҳокимият мебошад. Аммо дар консепсияҳои релятсионӣ муносибатҳои сиёсӣ дар шаклҳои гуногун зоҳир мегарданд: дар зери фишор қарор додани муқовимати объект, тақсими нобаробари манбаъҳо дар байни иштирокчиёни муносибатҳои сиёсӣ, тақсими нобаробари неъматҳо ва монанди инҳо. Агар дар баъзе ҳолатҳо ҳокимият ба як шахс тааллуқ дошта бошад, пас бо иваз шудани мавқеи таъсиррасонӣ нақшҳо низ иваз мегарданд. Ба ибораи дигар, объекти ҳокимият ба субъекти он ва субъекти ҳокимият, баръакс ба объекти он табдил меёбад.


[1] Гидра дар асотири Юнони қадим номи мори чандсарае мебошад, ки агар як сарашро буранд, гўё ба ҷойи он сари нав пайдо мешудааст.

[2] Мишел К. Власть. – М., 1989. – С.85.