Маълумот дар бораи Обу ҳаво (Погода Душанбе)

288

Обу ҳаво ҳолати атмосфераи ягон мавзеъ дар лаҳзаи муайян ё дар ягон фосилаи вақт (шаборӯз, моҳ, сол). Режими бисёрсолаи обу ҳаворо иқлим меноманд. Обу ҳаво бо унсурҳои метеорологӣ: фишор, ҳарорат, намии ҳаво, қувва ва самти шамол, абрнокӣ (давомати фаҷри офтобӣ), боришоти атмосферӣ, дурнамоӣ, зуҳуроти туман, бӯрон, раъду барқ ва дагар ҳодисаҳои атмосферӣ тавсиф дода мешавад.

Обу ҳавои шаҳри Душанбе барои имрӯз

booked.net

Дар нуқтаи дилхоҳи курраи Замин обу ҳаво бефосила тағйир ёфта меистад ва ин тағйирот на танҳо аз шаборӯз ба шаборӯзи дигар, балки дар давоми як шаборӯз, як соат ва ҳатто якчанд дақиқа ба дараҷаи намоён ба вуҷуд омада метавонад. Қисми ин тағйирот даврӣ буда, дар натиҷаи таъсири бевоситаи радиатсияи Офтоб ва дар гирди меҳвараш (тағйироти шабонарӯзӣ ё дар гирди Офтоб (тағйроти солона) давр задани Замин ба вуҷуд меоянд. Тағйири шабонарӯзии обу ҳаво хусусан дар сатҳи Замин зоҳир мегардад, зеро тағйири ҳарорати ҳаво ба тағйири ҳарорати сатҳи замин вобаста асту намӣ, абрнокӣ, боришот, шамол дар навбати худ ба ҳарорати ҳаво вобастаанд. Бо зиёд шудани баландӣ амплитудаи лаппиши ҳарорат, намӣ ва суръати шамол якбора кам мешавад. Тағйироти солонаи обу ҳаво, ки бо ивазшавии фаслҳои сол ифода меёбад, то баландиҳои калон нафақат дар тропосфера, балки дар стратосфера низ ба амал меояд.

Тағйироти ғайридаврии обу ҳаво, ки хусусан дар арзҳои ғайритропикӣ намоён мебошанд, ба сиркулятсияи атмосфера, яъне аз як ноҳия ба ноҳияи дигари Замин гузаштани массаҳои ҳаво вобастаанд. Ҳангоми ин хел ҷойивазкунӣ массаҳои ҳаво бо худ сифатҳои хоссаи обу ҳаворо меоранд, ки аз хусусиятҳои дар маҳалли додашуда вуҷудоштаи обу ҳаво фарқ мекунанд. Обу ҳаво дар хоҷагӣ ва дигар соҳаҳои фаъолияти инсон мавқеи калон дорад. Бинобар ин пешгӯии обу ҳаво ҳоло яке аз масъалаҳои муҳими метеорология ба ҳисоб меравад.


Маълумот дар бораи Обу хаво, пагода на таджикском языке, боду хаво, дамои хаво, боду ҳаво бо забони тоҷикӣ, бо забони точики, погода в душанбе, погода душанбе днем, погода на 10 дне душанбе, погода в душанбе на 10, погода в душанбе +на 10 дней, прогноз погоды +в душанбе,точная погода, погода душанбе сегодня, погода таджикистан душанбе, погода душанбе 2019.