Шумо дар тӯли ин соли таҳсил таърихи дунёи қадимро омӯхта, як қадар дониш ба даст овардед. Аз ин китоб фаҳмидед, ки одамон дар аввали пайдоиши худ ҳам аз ҷиҳати зоҳирию ақлу тарзи зиндагӣ, ҳам аз ҷиҳати малакаю маҳорати касбу ҳунар ва сифатҳои дигари инсонӣ ҳанӯз мисли мову шумо набудаанд. Олоти кориро дар аввал аз сангу чӯб ва хеле дағал месохтанд, дар ғорҳо сукунат доштанд, тавассути афзорҳои сангу чӯбин худро аз дарандаҳо муҳофизат мекарданд, ба шикору моҳигирӣ ва парвариши зироат машғул буданд.
Дар тӯли садҳо ҳазор сол дар натиҷаи такмил ёфтани олоти меҳнат ба одамони асри санг имкон дод, ки маҳсулнокии корашон афзояд, ақл, малакаҳои боз ҳам баландтари меҳнатӣ ва сифатҳои дигари инсонии онҳо ташаккул ёбанд.
Зинаи ояндаи таърихи одамони қадим пайдоиши иттиҳоди қабилаҳо ва давлатҳо мебошад. Давлат барои он зарур шуд, ки моликият ва марзҳои сукунати қабилаҳои дар қаламрави муайян сукунатдошта ҳифз карда шаванд. Пайдоиши давлат давраи ба таърих воридшавии ҷамъияти инсонӣ мебошад.
Чӣ тавре ки ба шумо маълум гардид, давлатҳои дунёи қадим дар аввал он қадар калон набуданд. Онҳо асосан шаҳрҳои хурдхурд ва деҳкадаҳои гирду атрофи онҳоро дар бар мегирифтанд. Аз ҳамин сабаб шаҳр-давлатҳо ном бурда мешаванд. Шаҳрдавлатҳои пурқувваттар бо мурури замон шаҳр-давлатҳои хурд ва заифтарро забт карда, бузургтар мешуданд. Баъзеи онҳо ба давлатҳо – марказҳои калон табдил меёфтанд.
Кам бошад ҳам, шумо ба усулҳои идораи давлатҳои дунёи қадим шинос шудед. Дар он давра аксари кулли давлатҳо истибдодӣ буданд, чунки онҳоро шоҳу корол ва императорҳо бе иштироки намояндагони халқ идора мекарданд. Гарчанде дар Порт, баъзе давлатҳои Ҳиндустон, Юнон, Рум ва чандин давлати дигари дунёи қадим унсурҳои идораи халқии давлат вуҷуд доштанд, яъне дар баробари сардори давлат, ки аксаран меъросӣ буд, шӯроҳои гуногун, маҷлисҳои халқӣ, сенат амал мекарданд.
Омӯзиши таърихи дунёи қадим ба шумо имкон дод бифаҳмед, ки мардуми дунёи қадим ба фаъолияти пурсамари хоҷагидорӣ машғул буданд. Бе он ягон давлати дунёи қадим вуҷуд дошта наметавонист. Меҳнати самаранок дар замин, устохонаҳои косибию ҳунармандӣ ва ба тиҷорат шуғл варзидан сабабҳои пешравии давлатҳои қадим буданд. Ҳар як давлати он замон ҷидду ҷаҳд ба харҷ медод, ки артиши пурзӯр, хоҷагӣ ва тиҷорати пешқадам дошта бошад. Давлатҳое, ки аз уҳдаи ин корҳо баромада наметавонистанд, таназзул ёфта, оқибат барҳам мехӯрданд. Давлатҳои рӯ ба таназзулро давлатҳои тараққикарда ишғол мекарданд.
Яке аз зуҳуроти манфии дунёи қадим ва умуман ҳамаи давру замонҳо ҷангҳо мебошанд. Шумо дар мавриди омӯзиши мавзӯъҳои оид ба ҳамаи давлатҳои дунёи қадим ҷараёни ҷангҳоро мушоҳида кардед. Давлатҳои пуриқтидор, аз ҷумла барои ҳифзи худ ва ҷангҳои истилогарона артиши хуб мусаллаҳшудаи сершумор ва таҷрибанок доштанд.
Ҷангҳо дар дунёи қадим на танҳо воситаи муҳофизати ҳудуди давлатӣ, инчунин воситаи забти давлатҳои ҳамсояю дур ва аз они худ кардани сарватҳои онҳо ҳам буданд. Шумо ҷангҳои Сумеру Аккад, Бобулу Ошур, Юнону Форс, Мисру Сурия, Руму Порт ва ғайраро дар ёд доред. Онҳо ба сари мардуми осоишта бадбахтиҳои зиёд оварда, хоҷагию зиндагӣ ва маданияти онҳоро хароб мекарданд.
Давлатҳо бе қонунҳо вуҷуд дошта наметавонистанд. Шумо аз қонунҳои Хаммурапи, Солон, бародарон Гракхҳо ва мақомоти қонунбарори Юнон (Маҷлиси халқӣ ва “Шӯрои 500”) ва Рум (Маҷлиси халқӣ ва Сенат) бохабар ҳастед. Дар давлатҳое, ки низоми ҳаёти ҷомеа тавассути қонунҳо ва хусусан, қонунҳои боадолатона сурат мегирифтанд, мардум умри бештар медиданд. Дар ин давлатҳо аҳволи ҳамаи табақаҳои аҳолии мамлакат ва аҳли меҳнат низ хуб буд. Онҳо бештар ҳокимияти шоҳу корол ва императору табақаи ҳукмронро мустаҳкам ва ҳимоя карда, ба табақаҳои дигари аҳолӣ фоидае намеоварданд. Бояд гуфт, ки дар дунёи қадим, сарфи назар аз сохти давлатӣ, ғуломон табақаи беҳуқуқро ташкил мекарданд.
Давлатҳои пурзӯртарини қадим: Миср, Бобул, Чин, Ҳиндустон, Ҳахоманишиён, Порт, Юнон, Рум ва як қатор давлатҳои дигар дар таърих аз худ нақши бузург гузоштаанд. Дар ин мамлакатҳо хат ихтироъ карда шуд, аввал донишҳои илмӣ пайдо шуда, баъд илмҳои алоҳида тавлид ва ташаккул ёфтанд. Ҳамин тариқ, илмҳои ҷуғрофия, тиб, табиатшиносӣ, риёзӣ, ситорашиносӣ, ҳандаса, фалсафа, таърих ва баъзе илмҳои дигар пайдо шуда, рушд карданд.
Санъат дар асри санг пайдо шуда, баъд зинаҳои муҳимтарини камолоти худро дар давлатҳои дунёи қадим аз cap гузаронид. Мо инро дар таърихи Миср, Бобул, Чин, Ҳиндустон, Ҳахоманишиён, давлатҳои қадими Амрико ва давлатҳои дигари он замон мушоҳида кардем.
Илм ва санъат ба рушду нумӯи ҳамдигар таъсири мусбат расонидаанд. Агар илм ва санъат намебуданд, пас Манораи Бобул, ҳайкали Абулҳавл, Аҳроми Хеопс, Минои Искандария, Тахти Ҷамшед, манораи Траян, Форум, Палатин ва ҳоказо офарида намешуданд.
Хуллас, шумо китоби дарсии таърихи дунёи қадимро омӯхта, фаҳмидед, ки гузаштагони дури башар ва халқи мо дар замони қадим чӣ тавр кор ва зиндагӣ карда, дар хоҷагидорӣ, идораи давлат, тиҷорат ва илму фарҳанг ба кадом муваффақиятҳо ноил шуда будаанд.
Дар синфи 6-ум бошад, шумо ба давраи дигари таърихи башар ва халқи худ шинос хоҳед шуд. Дар ин синф ба саҳифаҳои нави рушду пешрафти давлатҳои гуногуни Шарқу Ғарби асримиёнагӣ шинос шуда, хоҳед дид, ки инсоният дар ин давра чӣ тавр умр ба cap бурда, ба кадом комёбиҳо ноил шуда будааст.




















