Латифа ва афанди аз «Рисолаи Дилкушо»

“Рисолаи Дилкушо” асари ҳазлнависи машҳур Убайди Зоконӣ мебошад. Дар он бисёр латифа ва ҳикояҳои хубе дарҷ гардидаанд, ки якчандтои онҳоро меорем.

… Чунин гӯяд муаллифи ин рисолат ва муҳаррири ин мақолат (Убайди Зоконӣ)… фазилати нутқ, ки шарафи инсонӣ бад-ӯ манут (вобаста) аст, бар ду ваҷҳ аст, ки: яке ҷид ва дигаре ҳазл ва руҷҳони (бартарии) ҷид бар ҳазл мустағнист (бениёз) ва чунон ки ҷид доим муҷиби малол мебошад, ҳазл доим низ боиси истихфоф (таҳқир ва кам шумурдан) ва қасри (кӯтоҳии) арз мешавад…

Давоми матн пас аз блоки реклама

Ҳикоят (Афанди)

Талҳакро (номи қаҳрамони фолклорӣ дар Эрон, мисли Афандӣ) бо муҳимме пеши Хоразмшоҳ фиристоданд. Муддате он ҷо бимонд. Магар Хоразмшоҳ риояте, чунон ки ӯ мехост, намекард. Рӯзе пеши Хоразмшоҳ ҳикояти мурғон ва хосияти ҳар яке мегуфтанд.

Талҳак гуфт:

-Ҳеч мурғе аз лаклак зирактар нест.

Гуфтанд:

-Аз чӣ донӣ? Гуфт:

-Аз баҳри он ки ҳаргиз ба Хоразм намеояд.


Латифа

Падари Ҷуҳо ду моҳии бузург бад-ӯ дод, ки бифрӯш. Дар кӯчаҳо мегардонид. Бар дари хонае расид. Зане хубсурат ӯро дид. Гуфт: «Як моҳӣ ба ман бидеҳ». Ҷуҳо моҳӣ бидод… хушаш омад, моҳии дигар бидод… Пас бар дари хона нишаста гуфт:

-Қадре об мехоҳам.

Он зан кӯзае бад-ӯ дод ва бихӯрд ва кӯза бар замин заду бишкаст. Ногоҳ шавҳарашро аз дур бидид ва дар гиря афтод. Мард пурсид, ки:

-Чаро гиря мекунӣ?

Гуфт:

-Ташна будам. Аз ин хона об хостам. Кӯза аз дастам бияфтод, бишкаст. Ду моҳӣ доштам, хотун ба гарави кӯза бардоштааст ва ман аз тарси падар ба хона намеёрам рафт.

Мард ба зан итоб кард, ки «Кӯзае чӣ қадр дорад?!»

Моҳиҳо бигирифт ва ба Ҷуҳо дод, то ба саломат равон шуд.


латифахои точики, афандии точики

Латифа

Туфайлиро пурсиданд, ки:

–Иштиҳо дорӣ? Гуфт:

Мани бечора дар ҷаҳон ҳамин матоъ дорам.


Латифа

Султон Маҳмуд пире заифро дид, ки пушторае хор мекашад. Бар ӯ раҳмаш омад. Гуфт:

-Эй пир, ду динор зар мехоҳӣ ё дарозгӯше, ё ду-се гӯсфанд, ё боғ, ки ба ту бидиҳам, то (ки) аз ин заҳмат халос ёбӣ?

Пир гуфт:

-Зар бидеҳ, то (ки) дар миён бандам ва бар дарозгӯше бинишинам ва гӯсфандон дар пеш гирам ва ба боғ биравам ва ба давлати ту дар боқии умр он ҷо биёсоям.

Султонро хуш омад ва фармуд, чунон карданд.


Ҳикоят

Ҳакиме гуфта, ки ҳушёр дар миёни мастон монанди зинда дар миёни мурдагон аст. Аз нуқлашон мехӯрад ва ба уқулашон механдад


Латифа

Кале аз ҳаммом берун омад, кулоҳаш дуздида буданд.

Бо ҳаммомӣ моҷаро мекард. Ҳаммомӣ гуфт:

–Ту ин ҷо омадӣ, кулоҳ надоштӣ.

Гуфт:

–Эй мусулмон, ин сар аз он сарҳост, ки бекулоҳ ба роҳ тавон бурд?


Латифа

Яке аз дигаре пурсид, ки:

–Қаляро ба қоф кунанд ё ба ғайн? Гуфт:

Қаля на ба қоф кунанд ва на ба ғайн, қаля ба гӯшт кунанд.


Латифа

Шахсеро дар понздаҳуми рамазон бигрифтанд, ки ту рӯза хӯрдай.

Гуфт:

–Аз рамазон чанд рӯз гузаштааст?

Гуфтанд:

Понздаҳ рӯз.

Гуфт:

Чанд рӯз мондааст?

Гуфтанд:

Понздаҳ рӯз.

Гуфт:

Мани мискин аз ин миён чӣ хурда бошам?!


Афанди

Қазвинӣ табаре дошт, ҳар шаб дар махзан (анбор) ниҳодӣ ва дар муҳкам бибастӣ. Занаш пурсид:

–Чаро табар дар махзан мениҳӣ?

Гуфт:

  • То (ки) гурба набарад. Гуфт:
  • Гурба табар чӣ кунад?

Гуфт:

  • Аблаҳ зане будаӣ! Шушпорае, ки ба як ҷав намеарзад, мебарад, табаре, ки ба даҳ динор харидаам, раҳо хоҳад кард?!

Латифа

Деҳқоне дар Исфаҳон ба дари Хоҷа Баҳоуддини соҳибдевон рафт. Ба хоҷасаро гуфт, ки «Бо хоҷа бигӯй, ки Худо берун нишастааст, бо ту коре дорад». Ба хоҷа бигуфт. Ба эҳзори (ҳозир кардан) ӯ ишорат кард. Чун даромад, пурсид, ки:

-Ту Худоӣ?

Гуфт:

-Оре.

Гуфт:

-Чӣ гуна?

Гуфт:

-Ҳол он ки ман пеш деҳхудову боғхудову хонахудо будам. Наввоби (яъне ноибони) ту деҳу боғу хона аз ман ба зулм бистаданд, Худо (соҳиб) монд.


Латифа

Қазвиниро дандон дард мекард. Пеши ҷарроҳ рафт.

(Ҷарроҳ) гуфт:

  • Ду оқча бидеҳ, то (ки) барканам.

Гуфт:

  • Як оқча беш намедиҳам.

Чун музтариб (дар изтироб ва ҳаяҷон) шуд, ночор ду оқча бидод ва сар пеш бурд ва дандоне, ки дард намекард, бад-ӯ намуд. Ҷарроҳ онро канд. Қазвинӣ гуфт: «Саҳв кардам». Он дандон, ки дард мекард, бад-ӯ намуд. Ҷарроҳ барканд. Қазвинӣ гуфт: Мехостӣ, ки сарфи ман барӣ ва ду оқча биситонӣ.

Ман аз ту зирактарам. Туро ба бозӣ харидам ва кифояти ту чунон кардам, ки як дандонам ба як оқча баромад.


Афанди

  • Талҳакро пурсиданд, ки даюсӣ чӣ бошад?

Гуфт:

  • Ин масъаларо аз қозиён бояд пурсид.

Афандӣ

Гаронгӯше ба қазвинӣ гуфт:

–Шунидам, ки зан кардаӣ (гирифтаӣ).

Гуфт:

– Субҳоналлоҳ, ту ки чизе нашнавӣ, ин хабар аз куҷо шунидӣ?!

Шояд ин маводҳо ҳам ба Шумо писанд ояд:

Чанд латифаи халқӣ (афанди точики)


Афанди точики, латифахои точики, Рисолаи Дилкушои Убайди Зокони, афанди нав 2020 бо забони точики.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама