Эй дилбари нозанини қадрас (шеър)

Эй дилбари нозанини кадрас (шеър)


Мирзо Турсунзода

Атлас

Эй дилбари нозанини қадрас,

Зебанда туро либоси атлас.

Ҷононаи ман фақат туӣ бас,

Чашмак зада ман ба сӯи ҳар кас.

Рӯят ки ҳамеша лоларанг аст,

Бо куртаи атласат ба ҷанг аст.

Мардум ба ҷамоли ту гаранг аст,

Аҳволи асири ишқ танг аст,

Ман дода зи даст ихтиёрам.

Эй дилбари шӯхи бефаранҷӣ,

Як гап ба ту мезанам наранҷӣ.

Охир зи кадом кони ганҷӣ,

Маҳсули кадом дасти ранҷӣ.

Мирзо Турсунзода

ҚаблӣИнтернет ва истифодаи дурусти он аз ҷониби ҷавонон
БаъдӣМан кадбонӯи нағзам (шеъри бачагона)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед