Моҳияти раванди сиёсӣ ва марҳилаҳои асосии он

      Раванди сиёсӣ яке аз мавзӯъҳои муҳимтарини фанни сиёсатшиносӣ ба шумор меравад. Масъалаи мазкур аз ҷониби муҳаққиқон ва олимони соҳа то имрӯз ба таври лозима омӯхта нашудааст. Бинобар ин, равандҳои сиёсӣ ҳамзамон яке аз масъалаҳои мураккабтарини илмҳои сиёсӣ дониста мешаванд.

Дар аксар маврид раванди сиёсиро бо фаъолияти субъектҳои сиёсат алоқаманд менамоянд. Зеро субъектҳои сиёсат бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои худ ба саҳнаи сиёсат ворид гардида, муносибатҳои гуногунро ташаккул дода, рафту равиши ҳодисоту воқеотро тағйир медиҳанд. Дар чунин шароит яке аз равандҳои сиёсие, ки доимо дар ҷомеа мушоҳида мегардад, ин раванди муборизаи неруҳои сиёсӣ мебошад. Бинобар ин, раванди сиёсиро дар аксар маврид ба таври зайл маънидод менамоянд: раванди сиёсӣ маҷмӯи фаъолиятҳои субъектҳои иҷтимоию сиёсӣ мебошад, ки ба воситаи онҳо раванди рушду инкишоф, ташаккулёбӣ ва амалишавии системаи сиёсӣ ва муносибатҳои сиёсӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Аммо раванди сиёсиро баъзан дар маъноҳои маҳдуд низ ифода менамоянд. Дар чунин шароит раванди сиёсӣ дар маъноҳои зерин фаҳмида мешавад: раванди дар амал татбиқ намудани ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии ҷомеа; раванди дар амал татбиқ намудани мақсадҳои сиёсӣ; раванди қабул ва иҷроиши қарорҳои сиёсӣ ва монанди инҳо.

Барои хубтару беҳтар дарк намудани раванди сиёсӣ сохтори онро ба инобат гирифтан хеле муҳим мебошад. Раванди сиёсӣ сохтори хеле мураккаб дорад. Унсурҳои таркибии онро ба таври зерин нишон додан мумкин аст:

– субъекти раванди сиёсӣ (намояндаи ҳокимият, офарандаи сиёсат ва иштирокчиёни фаъоли муносибатҳои сиёсӣ);

– объекти раванди сиёсӣ (чун анъана мақсадҳои сиёсӣ);

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

– воситаҳо, роҳу усулҳо ва манбаъҳои раванди сиёсӣ, ки онҳо одатан аз ҷониби субъекти раванди сиёсӣ барои дар амал татбиқ намудани мақсадҳои худ истифода бурда мешаванд. Манбаъҳои раванди сиёсӣ заминаҳои моддию маънавии фаъолияти субъектро ташкил медиҳанд. Онҳоро, одатан, ба чунин шаклҳо ҷудо менамоянд: илм, дониш, воситаҳои моддию техникӣ, неруи инсонӣ, рӯҳияи оммаи мардум, афкори ҷамъиятӣ, идеология, алоқаҳои ҷамъиятӣ ва ғ.

Барои равшан намудани мундариҷаи раванди сиёсӣ муайян кардани марҳилаҳои он, тартиби амалишавии онҳо, лаҳзаҳои гузариш аз як марҳила ба марҳилаи дигар, тарзи зоҳиршавии муносибатҳои сиёсӣ (ҳамкорӣ, мубориза, душманӣ, рақобат ва ғ.) ва нишон додани мавқеи иштирокчиёни раванд хеле муҳим дониста мешавад.

Раванди сиёсии мукаммал шартан ба марҳилаҳои зерин ҷудо карда мешавад:

1.Муқаррар ва мустаҳкам намудани системаи сиёсии ҷомеа.

2.Таҷдиди унсурҳои таркибии системаи сиёсӣ.

3.Қабули қарорҳои сиёсӣ ва иҷроиши онҳо.

4.Назорат аз рӯйи иҷроиши вазифаҳо ва муайян намудани ҳолати системаи сиёсӣ.

Чун анъана, марҳилаи аввали раванди сиёсӣ муқаррарнамоӣ ва мустаҳкамнамоии системаи сиёсии ҷомеа мебошад. Гуфтан мумкин аст, ки ин марҳилаи аввали танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад. Дар он бо мақсади таъмини устувории ҷомеа бо ҳам омезиш додани қисмҳои алоҳидаи равандҳои сиёсӣ ва дар заминаи онҳо ташаккули раванди ягонаи сиёсӣ амалӣ карда мешавад. Муқаррарнамоии системаи сиёсӣ раванди доимӣ буда, дар он амалишавии иродаи сиёсии шахсони алоҳида ва ташаккули унсурҳои таркибии системаи сиёсӣ ба мушоҳида мерасад. Муқаррарнамоии системаи сиёсии ҷомеа одатан бо ду роҳ амалӣ карда мешавад: бо роҳи мусолиҳатомез ва бо роҳи зӯроварию маҷбурнамоӣ.

Баъзан неруҳои сиёсӣ дар натиҷаи муборизаҳои сиёсии тӯлонӣ ба сари қудрат омада, системаи сиёсии ҷомеаро ба тағйирот дучор менамоянд, ки чунин дигаргунӣ ба дастгирии оммаи мардум хеле зиёд ниёз дорад. Яъне, неруҳои нав хеле зиёд кӯшиш менамоянд, ки системаи сиёсӣ аз ҷониби аъзоёни ҷомеа эътироф гардад. Эътирофи системаи сиёсӣ дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад: масалан, эътирофи фаъол ва нофаъол, рӯирост ва пинҳонӣ, ихтиёрӣ ва маҷбурӣ, бевосита ва бавосита, бошуурона ва бешуурона. Аммо эътирофи системаи сиёсӣ дар кадом шакле, ки набошад, он бояд вуҷуд дошта бошад. Чунин ҳолат баҳри таъмини легитимияти системаи сиёсӣ зарур дониста мешавад. Аммо қонунӣ будани системаи сиёсӣ на ҳама вақт маънои онро дорад, ки манфиатҳои аксарият ҳимоя гардида истодаанд. Зеро эътироф нагардидани системаи сиёсӣ боиси ноустувор гардидани он мегардад. Усулҳои маҷбурнамоӣ ва истифодаи террор ҳеҷ гоҳ устувории системаи сиёсиро таъмин карда наметавонанд.

Муқаррарнамоии системаи сиёсӣ бо назардошти қонуниятҳои мушаххаси рушди таърихӣ, талаботҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа, омилҳои иҷтимоию психологӣ ва низоми арзишҳою меъёрҳои ҷомеа амалӣ карда мешавад. Вақте ки системаи сиёсӣ аз ҷониби аъзоёни ҷомеа эътироф мегардад, раванди ташаккулёбии унсурҳои таркибии он оғоз меёбад.

Таҷдиди системаи сиёсӣ падидаи хеле мураккаб ва ихтилофноки дохили система мебошад ва он одатан якчанд дараҷаҳои рушду инкишофро аз сар мегузаронад. Дар ин марҳила унсурҳои таркибии системаи сиёсӣ ва механизмҳои амалишавии онҳо пай дар пай ташаккул дода мешаванд. Дар асоси меъёри пайдарпайӣ унсурҳои таркибӣ ва муносибатҳои муҳимтарини байни онҳо рушду инкишоф дода мешаванд. Аммо моҳияти асосии системаи сиёсӣ мисли пештара бояд нигоҳ дошта шавад. Таҷдиди унсурҳои системаи сиёсӣ идомаи мантиқии меъёри пайдарпайӣ ба шумор рафта, дар заминаи он баъзан унсурҳои нав ба вуҷуд оварда мешаванд ва ё нишонаҳои унсурҳои пештар мавҷуда каме тағйир дода мешаванд. Одатан, таҷдиди системаи сиёсӣ чунин амалҳоро тақозо менамояд:

– аз сари нав ташаккул додани институтҳои сиёсӣ, муносибатҳои сиёсӣ, арзишҳо ва меъёрҳои сиёсӣ, рамзҳои сиёсӣ ва ба дигаргунӣ дучор намудани субъектҳои муносибатҳои сиёсӣ (тағйир додани мавқеи онҳо, рафтору андешаҳои онҳо ва ғ.);

– бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба конститутсия ва дигар қонунҳои мамлакат ба таври ҳатмӣ таҷдиди назар намудани низоми санадҳои меъёрию ҳуқуқии расмие, ки ба воситаи онҳо рафтори иштирокчиёни раванди сиёсӣ танзим мегарданд.

Яке аз марҳилаҳои хеле муҳимми раванди сиёсӣ қабули қарорҳои сиёсӣ ва иҷроиши онҳо мебошад. Қарорҳои сиёсӣ аз рӯи моҳияти худ ифодагари манфиатҳои сиёсии гурӯҳҳои мушаххаси иҷтимоӣ мебошанд. Ҳангоми қабули қарорҳои сиёсӣ мақсад ва воситаҳои амалишавии онҳо ба таври ҳатмӣ ба инобат гирифта мешаванд. Инчунин, дар раванди қабули қарорҳои сиёсӣ масъалаи нигоҳ доштан ва истифода бурдани ҳокимият низ, ба инобат гирифта мешавад.

Раванди қабули қарорҳои сиёсиро одатан дар дараҷаи мақсадҳои дарозмуддат ва мақсадҳои кӯтоҳмуддат баррасӣ менамоянд. Мақсадҳои дарозмуддат тағйиротҳои иҷтимоию сиёсии гуногунмиқёсро тақозо менамоянд. Бинобар ин, барои амалӣ намудани чунин навъи мақсадҳо мавқеи неруҳои сиёсӣ, манфиатҳои дарозмуддати онҳо, хусусиятҳои рушду инкишофи ҷомеа ва монанди инҳо ба инобат гирифта мешаванд. Яке аз мушкилиҳои амалисозии қарорҳои сиёсӣ дар дараҷаи мазкур тӯлонӣ будани мақсадҳои стратегӣ мебошад. Зеро натиҷаи қарорҳои қабулшуда баъди гузаштани як марҳилаи дуру дароз муайян карда мешавад. Масалан, баъди гузашти як даҳсола муайян мегардад, ки вазъият дар ин ё он соҳа беҳтар гардидааст ва ё бадтар.

Дар дараҷаи мақсадҳои кӯтоҳмуддат бошад, қарорҳои дахлдор қабул гардида, марҳилаи муайяни рушди соҳаҳои алоҳидаи ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин мегардад.

Назорат аз рӯйи иҷроиши вазифаҳо ва муайян намудани ҳолати системаи сиёсӣ марҳилаи ниҳоии раванди сиёсӣ ба шумор меравад. Назорат аз рӯйи иҷроиши вазифаҳо ва тарзи иҷроиши қарорҳои сиёсӣ дар ду шакл амалӣ карда мешавад: аз боло (назорати давлатӣ) ва аз поён (назорати ҷамъиятӣ). Назорати давлатӣ бо истифода аз мутахассисони касбии соҳаҳои дахлдор ва коршиносони соҳавӣ анҷом дода мешавад. Аммо дар маҷмӯъ ин навъи назоратро танҳо мақомотҳои дахлдори давлатӣ ба анҷом мерасонанд. Назорати ҷамъиятӣ бошад, ҳам аз ҳисоби муассисаҳо ва институтҳои давлатии ҳокимияти маҳаллӣ ва ҳам аз ҳисоби фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ монда мешавад. Махсусан, дар раванди назорати ҷамъиятӣ нақши воситаҳои ахбори омма хеле муассир мебошад. Агарчанде ки шаклҳои назорат аз ҳам тафовути ҷиддӣ дошта бошанд ҳам, онҳо дар асоси меъёрҳои ягона амалӣ карда мешаванд. Меъёрҳои назоратиро ба таври зерин нишон додан мумкин аст:

– баҳогузорӣ ба омилҳои сиёсие, ки ифодагари манфиатҳои табақаи муайяни ҷамъиятӣ ва ташаккулдиҳандаи арзишҳои гурӯҳӣ мебошанд;

– раванди асоснок намудани омилҳои сиёсӣ ва нишон додани зарурият ва муҳиммияти онҳо. Чунин навъи баҳогузорӣ одатан аз рӯйи нақшаҳои зерин амалӣ карда мешавад: омилҳои «фоиданок – зарарнок», «хуб – бад», «боадолат – беадолат», «қобили қабул – ғайриқобили қабул» ва монанди инҳо;

– таъсири субъектҳои раванди сиёсӣ ба далелҳои муҳимми дорои аҳамияти сиёсӣ. Одатан чунин таъсиррасонӣ нисбат ба далелҳои сиёсӣ аз ҷониби одамон дар ду шакл зоҳир мегардад: 1) ҷонибдорӣ намудан, қобили қабул донистан, ташаккул додан; 2) инкор намудан, аз байн бурдан, маҳкум кардан.

Марҳилаи назорат аз рӯйи иҷроиши вазифаҳои ҷамъиятию сиёсӣ як давраи муайяни раванди сиёсиро ҷамъбаст менамояд ва шартан анҷомёбии як раванд дониста мешавад. Аммо дар ҳаёти сиёсии ҷомеа баъди анҷоми як раванд боз равандҳои сиёсии навбатӣ оғоз меёбанд. Инчунин, дар як вақт равандҳои сиёсии гуногун низ метавонанд дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дошта бошанд. Бинобар ин, анҷомёбии як давраи раванди сиёсӣ аз оғози раванди сиёсии навбатӣ дарак медиҳад.


Калидвожаҳо: равандхои сиёсии чомеа, сиёсатшиносӣ, сиёсатшиноси, реферат бо забони точики, реферати точики, кори курси, маводхои омузишии точики, сомонаи донишчу тч, донишҷӯ тҷ, donishju tj, сайтхои точики, сайти омузиши, сомонаи омузиши,

ҚаблӣТашкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистон
БаъдӣРаванди қабули қарори сиёсӣ ва иҷроиши он