Калимаи Точик дар шеърхои бузургон

Дар ин саҳифа шеъру байтҳои шиорони классикии форсу тоҷикро меорем, ки дар онҳо калимаи Тоҷик оварда шудаанд.

Вожаи Тоҷик дар ашъори бузургон

Яке тоҷики гурди лашкаршикан,
Баровард гард аз замину заман.
Дар ин зодмарзу дар ин зодбум,
Араб дидаву турку тоҷику рум.

(Абулқосим Фирдавсӣ)

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Зи Чину Мочин бикрӯя то лаби Ҷайҳун,
Зи турку тоҷик, аз туркману ғузу хазр.

(Унсурӣ)

Турке ҳама туркӣ кунад, тоҷик тоҷикӣ кунад,
Ман соате турке шавам, як лаҳза тоҷик шавам

(Мавлоно)

Он яке турке, ки ояд, гӯядам, ҳай кимсан?
Турки кӣ, тоҷики кӣ, зангии кӣ, румии кӣ?
Моликулмулке, ки донад мӯ ба мӯ сирру ъалан,
Ҷомеъи шеър аст, шеъри то дарун…

(Мавлоно)

Агар турк асту тоҷик аст, бад-ӯ ин банда наздик аст,
Чу ҷон бо тан, валекин набинад ҳеч мар-ҷонро.

(Мавлоно)

Курду порсигӯву араб,
Фаҳм карда он нидо бе гӯшу лаб.
Худ чӣ ҷои турку тоҷик асту занг?
Фаҳм кардаст он нидоро чӯбу санг.

(Мавлоно)

Як ҳамлаву як ҳамла, омад шаби торикӣ,
Туркӣ куну чустӣ кун, на сустию тоҷикӣ.
(Мавлоно)

Дар ин ғамхона ҳар Юсуф, ки дидӣ,
Лаҳад бар ҷумла шуд зиндон, дареғо.
Чу яксон аст он ҷо турку тоҷик,
Ҳам аз Эрон, ҳам аз Тӯрон, дареғо.

(Аттор)

Туро додор турк асту ту тоҷик,
Бимонда бар сари ин роҳи борик.

(Аттор)

Аз баҳри Худо, ки моликони ҷавр,
Чандин накунанд бар мамолик.
Шояд, ки ба подшаҳ бигӯянд,
Турки ту бирехт хуни тоҷик.

(Саъдӣ)

Сарви болои мино гар чун гул ойӣ дар чаман,
Хоки поят наргис андар чашми биное кашад.
Руйи тоҷиконаат бинмой то доғи ҳабаш,
Осмон бар чеҳраи туркони яғмоӣ занад.

(Саъдӣ)

Зи дарёи Уммон баромад касе،
Сафар карда ҳомуну дарё басе,
Араб дидаву турку тоҷику рум,
Зи ҳар навъ дар нафси покаш улум.

(Саъдӣ)

Эй баста камар зи дуру наздик,
Бар хуни тамоми турку тоҷик.

(Ҳофиз)

Гумон бурдам, ки халаф мар туиӣ Наримонро,
Ту фитна кардию тоҷику турк муттаҳаманд,
Ки раҳ ба фитна гушуданд мулки султонро.

(Қоонии Шерозӣ)

Ғариқи раҳмати ӯ дуру наздик,
Ғуломи ҳиммати ӯ турку тоҷик.

(Қоонии Шерозӣ)

Пеши ҳиндуи чашми хунрезат,
Гашта туркон забунтар аз тоҷик.

(Ҷомӣ)

Гуфт: “ӯ турк ҳасту ман тоҷик,
Лек дорем хешии наздик”.

(Ҷомӣ)

Нигори турки тоҷикам кунад сад хона вайрона,
Бад-он мижгони тоҷиконаву чашмони туркона.

(Навоӣ)

Фитнаҷӯе ҳамлабар чун ишқ нест,
Дар миёни турку тоҷику араб.

(Муҳаммад Асирии Лоҳиҷҷӣ)

Кист, к-аз ғами ишқаш ҷон бадар тавонад бурд?
Дайлам аст ë курд аст, турк ë ки тоҷик аст?

(Ҳоҷиби Шерозӣ)

Чашмони ту бо дилам насозанд,
Ҷанг аст миëни турку тоҷик.

(Файëз)

Тоҷики гарданкаши лашкаршикан,
Бештаре найзавару теғзан.

(Амир Хусрави Деҳлавӣ)

Сози нофаҳмидагӣ кук аст, ку илму чӣ фазл?
Хар куҷо дидем, баҳси турк бо тоҷик буд.

(Бедил)

Бедил, дами шамшери талаб борик аст,
З-ин теғ на турк эмину не тоҷик аст.

(Бедил)

Зи зулфонаш димоғи шона торик,
Чу дар назми Навоӣ фикри тоҷик.

(Нозими Ҳиравӣ)

Шуд ғайрати кору бори ишқат,
Зуннор миëни турку тоҷик.

(Назирии Нишопурӣ)

Хусрави муъдалат нишон, ки буд давлаташ муттасил ба рӯзи меъод,
Резахори наволаи карамаш турку тоҷику бандаву озод.

(Ҳотифи Исфаҳонӣ)

Бипурс ҳоли ман аз чашми худ, ки ин маънӣ
Ҳикоятест, ки маълуми турку тоҷик аст.

(Салмони Соваҷӣ)

Он шӯх, к-аз ӯст дар табу тоб،
Доим дилу ҷони турку тоҷик.

(Муштоқи Исфаҳонӣ)

Шаш ҷиҳат равшан зи тоби рӯйи ӯ,
Турку тоҷику араб ҳиндуи ӯ.

(Иқболи Лоҳурӣ)

Зиҳӣ хулқу карам, к-аз дуру наздик,
Ҳамегӯяд дуояш турку тоҷик.

(Аҳлии Шерозӣ)

Моҳро рӯсиёҳ меёбам, меҳрро дилфигор мебинам,
Турку тоҷикро ба якдигар хасмиву гирудор мебинам.

(Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ)

Аз назар рондаву афканда шуданд,
Аз дами саййиди Исо дами мо,
Турку тоҷик басе зинда шуданд…

(Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ)

Он сарвболо кист он, к-аз васф лол астам забон,
Дар ишқи ӯ девона шуд ҳам турку тоҷику араб.

(Ғавси Гелонӣ)

То ки бад-ин турфа хаёли сутург،
Тоза кунад ёрии тоҷику турк.

(Маликушшуъаро Баҳор)

В-аз Тахористон маро гар дур созад хасми дун,
Ҳаст назди узбаку тоҷик ҷоҳу фар маро

(Маликушшуъаро Баҳор)


>>

Маънои калимаи точик, тоҷик, тожик, тозик

ҚаблӣНоҳияи Тоҷикобод (маълумот – нохияи Точикобод)
БаъдӣШеър дар васфи Тоҷикобод