Бартарӣ ва камбудии Барномасоз будан

Ба номи Худо бахшанда ва меҳрубон. Дуруду салом ба шумо корбарони азиз.

Имрӯзҳо тамоми мардум аз барноманависӣ таъриф мекунанду мардумро ба ин соҳа тавсия медиҳанд, ҳамчунин мардуме ҳам ҳастанд, ки ин соҳаро на онқадар соҳаи хубу ҷолиб медонанд. Банда тасмим гирифтам дар ин мақола бартарӣ ва камбуди барномасозиро аз нигоҳи худ навишта бошам.

Бартарӣ ва камбуди барномасоз будан


Камбудҳо

Биёед сараввал аз камбудҳо бигӯем. Ёдовар мешавам, ки агар завқу шавқ ба ин соҳа дошта бошеду писандед, ин камбудҳо ба назаратон ҳатто наменамоянд (монанди ман ?).

1. Сабки зиндагии нофаъол (сидячий образ жизни)

Яке аз камбуди барноманавис будан ин сабки зиндагии нофаъол доштан аст. Чунки шумо маҷбуред рӯзе 7-8 соат кор кунед ва 2-3 соати дигар омӯзед, вале ин ҳама дар назди роёна ва дар курсӣ нишастан мегузарад. На ҳама чунин сабкро меписандад. Ҳарчанд метавон 1-2 соат ба варзиш машғул шуд, вале дар умум кори барноманависӣ ҳамин гуна аст.

2. Маҷозӣ будан

Банда дуввумин камбудро ин дар маҷозӣ будан медонам. Азбаски аксар коратон дар роёна аст, дар аксар ҳолат бо ҳамкорон дар фазои маҷозӣ суҳбат мекунед, масоили кориро барасӣ мекунед. Вазоифро ҳам тавассути ин фазо мегиред. Ин аз як ҷиҳат хуб аст, вале чуноне гуфтам на ба ҳама писанд аст ва баъзеҳо ҳаёти ҳақиқиро тарҷеҳ медиҳанд.


Бартариҳо

1. Маоши хуб

Оре, ин бартарии олист. Дар назди баъзеҳо агар аз даромади хубаш гӯӣ, мегӯянд гап дар пул нест, вале худашон барои пул шуда дар сохтмон ё корҳои сиёҳ (бо эҳтиром ба ҳама кормандон) кор мекунанд. Магар хуб нест, ки кори писандидаатро куниву даромади хуб ба ту орад?

Ҳамин шабу рӯз фикр мекунам маоши барномасози коромӯз (дар Тоҷикистон) баробар бо маоши миёнаи Тоҷикистон аст. Ин оғози кори барномасоз аст ва дар пеш барномасози хурд, миёна ва калон (junior, middle, senior) ҳастанд. Дар бораи маоши барномасозон дар дигар мақолаамон навиштем, ки инҷо бихонед.

2. Шароити хуби корӣ

Имрӯзҳо талабот ба барноманависон зиёд шуда, вале мутахассис кам аст. Аз ин сабаб аксар корхонаҳо шароити беҳтарини кориро барои корманд муҳайё мекунанд. Роёна, дафтари муносиб (агар аз дафтар – офис кор кунед), муносибати хуб, маоши рақобатпазир аз шароитҳои хуби  корӣ ҳастанд, ки банда дар вақти барномасоз буданам мувоҷеҳ шудам ва ё аз таблиғи ҷойҳои кории барномасозӣ мехонем.

3. Имкониятҳои хуб

Барномасозӣ ба шумо имкон медиҳад, ки озод бошед.

Агар мехоҳед, метавонед дар ширкате кор кунед. Агар дар дафтар (офис) кор кардан мехоҳед, дафтари хуберо бароятон муҳайё мекунанду кор мекунед, агар дафтарро намеписандед, аксар ширкатҳо ба шумо имкон медиҳанд, ки фосилавӣ аз хона (лаби баҳр ?, ё ҳар ҷое дӯст доред) кор кунед.

Агар ширкату раисро намеписандед метавонед ҳамчун озодкор (фрилансер) кор кунед.

Озодкор ё фрилансер корманди озодест, ки фармоиш мегирад ва худ барои худ вақт ва макони корӣ муҳайё мекунад.

Чунин таърифи нопурра додам, ман озодкорро ?.

Барноманависӣ сарҳадро намедонад ва шумо мувофиқ ба хоҳиши худ имкон доред, дар ширкатҳои дохилӣ кор кунед ё дар ширкатҳои хориҷӣ.

Агар кор кардан барои дигаронро намеписандед, метавонед лоиҳаи худро созед, пеш баред ва даромади хурде ба даст оред, оянда ин лоиҳаро бузургтар карда, ширкати худро созед (монанди somon.tj, facebook ва ҳатто телеграм).


Пайваста дар омӯзиш будан

Яке аз хосиятҳои касби барномасозӣ пайваста дар омӯзиш будан аст. Ҳамавақт бояд омӯзед, технологияи нав, барномаи нав ва ғайра. Баъзеҳо инро камбуди ин соҳа медонанд, вале банда инро бартарӣ медонам. Ҳамавақт шумо дар ҳаракат хоҳед буд, ҳамавақт вазифаи нав, кори нав, ҳиссиёти нав.


Ин буд чанд бартарӣ ва камбуди барномасозӣ аз нигоҳи банда, ки нигоштам. Лутфан дар шарҳ дар бораи барноманависӣ нависед, ки чӣ фикр доред, аз нигоҳи шумо боз кадом бартарӣ ё камбудӣ вуҷуд дорад?


Сипос, ки то охир хондед. Муассис, молик ва мудири сомонаи donishju.net ҳастам. Азбаски мақолаҳои тоҷикӣ дар мавзӯҳои мухталиф (махсусан соҳаи технологияи иттилоотӣ) бисёр каманд, тасмим гирифтам каму беш аз таҷрибаи хурде дорам мақолаҳои хурде дар ин сомона нигорам, то як каме бошад ба донишомӯзону мардум кӯмаке шуда бошад.

Мақолаҳои маро дар бахшҳои гуногун, вале дар барчаспи “Мудирият” пайгир бошед. Барои аз мақолаҳои нави мо бохабар шудан ба телеграм канали мо бипайвандед.

Дар паноҳи Яздони пок.

ҚаблӣГуногуншаклии тортанакҳо
БаъдӣҚатори каждум (катори каждум, зоология)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед