Нақши молия дар такрористеҳсолкунии васеъ

Истеҳсолоти васеъ азнавсозии бемайлон ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ, афзунгардии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва қисми таркибии он даромади миллӣ, такрористеҳсолкунии қувваи корӣ ва муносибащои истеҳсолиро дарбар мегирад. Нақши асосӣ дар такрористеҳсолкунии васеи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба молия (давлатӣ, субъектҳои хоҷагӣ) тааллуқ дорад.

Молия дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ амал намуда, барои гирдгардии фондҳои истеҳсолӣ хизмат менамояд. Чуноне маълум аст, фаъолияти муътадили иқтисодӣ танҳо дар ҳолати алоқаи узвии ҳар як соҳа ва қисмҳои таркибии он бо соҳаҳои дигар имкониазир мебошад. Дар чунин асос таносуби зарурии таркиби истеҳсолоти ҷамъиятӣ, ки тавозуни тараққиёти онро ҳамчун узви ягона таъмин менамояд, ба даст оварда мешавад.

молия, молия чист? аз фанни молия точики

Дар мамлакатҳои ба муносибатҳои бозорӣ асосёфта таъсири молиявӣ дар ҷараёни такрористеҳсолкунӣ тавассути маблағгузории корхонаҳо ва соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ, хароҷотҳо барои мақсадҳои иҷтимоӣ ва сиёсати андоз таъмин карда мешавад.

Бояд қайд кард, ки банақшагирӣ ва идоракунии мутамарказонидашуда дар баробари паҳлуҳои зиёди мусбӣ камбудиҳои ҷиддӣ низ дошт. Масалан, пастравии сатҳи самаранокии истеҳсолот, ки дар маҷмуъ ба барҳам хурдани Иттиҳоди Шуравӣ оварда расонид, сабабгори пайроншавии асосҳои ҳисоби хоҷагӣ дар корхона ва ташкилотҳо гардид. Ин ҳолат дар ситонидан ва ба фоидаи корхонаҳои зараровар додани воситаҳои корхонаҳои сатҳи даромаднокиашон баланд, дар ихтисори ҳуқуқи молиявии корхонаҳо, ки онҳоро аз имконияти қабули қарори оперативӣ барои ба даст овардани нишондиҳандаҳои баланди истеҳсоливу молиявӣ маҳрум менамуд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар шароити гузариш ба муносибатҳои бозорӣ дахолати бевоситаи давлат дар танзими иқтисодиёт кам гардида фаъо­лияти мувофиқашудаи қисматҳои гуногуни иқтисодиёт тавассути шаклҳои гуногуни танзим таъмин карда мешаванд.

Яке аз шаклҳои аввалини танзимии иқтисодиёт худтанзимӣ мебошад, ки бо ташаккули иқтидори молиявӣ дар сатҳҳои гуногуни истеҳсолоти моддӣ фарқ мекунад.

Гузаштан ба шартҳои иқтисоди бозорӣ ба ҳаҷм, таркиб ва самтҳои захираҳои молиявӣ таъсир мерасонад. Дар шароити мустақилияти хоҷагидориву молиявӣ ҳар як субъекти хоҷагидорӣ метавонад манбаҳои такрористеҳсолкунии васеъро аз ҳисоби захираҳои молиявии худӣ ташкил намояд.

Танзими асосии давлатӣ барои сохторҳои соҳибкории ғайридавлатӣ низоми андозбандӣ ва суғурта мебошад. Механизми дастгирии буҷетӣ барои ин соҳаи иқтисодиёт дар амал истифода намешавад. Рушди соҳибкории хурд ва бизнес тамоюли самаранок буда дар оянда метавонад ба яке аз манбаҳои асосии афзоиши боигарии миллӣ табдил ёбад.

Дар баробари худтанзимӣ дар дигаргунсозии таркиби иқтисодиёт, дахолати давлатӣ ба иқтисодиёт, яъне тамзимии давлатӣ таъсири калон мерасонад. Ингуна дахолат бо дастгирии молиявии самтҳои аввалиндараҷаи иқтисодиёт, инфра­структураи объектҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва дигарҳо вобаста мебошад. Танзимии давлатии иқтисодиёт бо ёрии механизми андозбандӣ, додани имтиёз оид ба андоз, маблағҷудокунӣ аз буҷет, ёрии пулӣ ва дигарҳо гузаронида мешавад.

Молияи ҷамъиятигардонидашуда дар афзунгардии истеъмоли давлатӣ нақши ниҳоят бузургро мебозад, чунки талаботи иловагӣ ба вуҷуд меорад, бозори дохилиро васеъ намуда, ба­рои сармояи бузург сатҳи баланди фоидаро таъмин менамояд. Масалан, болоравии нақши танзимии давлатӣ ба воситаи мо­лияи давлатӣ ба афзоиши ҳаҷми мутлақи захираҳои молиявӣ, ки онҳоро ихтиёрдорӣ мекард ва мутаносибан ба афзоиши саҳми давлат дар маблағи муттаҳидаи воситаҳои пулии ҷамъият оварда расонид. Мисол, агар дар аввали садсолаи гузашта дар давлатҳои рушдёфтаи Ғарб ба воситаи молияи умумидавлатӣ аз 9 то 18% даромади миллӣ аз нав тақсим карда мешуд, пас аз солҳои 60-70-ум cap карда ин рақам ба 50% ва зиёда аз он расид. Тамоюлҳои нав дар рушди молияи давлагӣ бо инқилоби илмию техникӣ, васеъгардии қисми ғайрибозории таъси­ри давлат ба иқтисодиёт вобаста мебошад. Номбурда хароҷот барои тадқиқотҳои илмӣ, такрористеҳсолкунии қувваи кории ихтисоснок, хароҷоти ҳарбӣ, хароҷот ба мақсадҳои иҷтимоӣ, беҳтарсозии такрористеҳсолкунии сармоя, васеъкунии бозори истеъмолӣ ва дигарҳоро дарбар мегирад. Хариди давлатии мол ва хизматрасонӣ барои мақсадҳои ҳарбӣ низ ба ҳамин мақсад мутобиқ меоянд.

Танзимии иқтисодиёт барои афзоиши хароҷот ба мақсадҳои иҷтимоӣ мусоидат менамоянд. Он имконият медиҳад, ки истеъмоли молу хизматрасониҳо васеъ гардад, чунки маблағҷудокунӣ барои инфраструктураи иҷтимоӣ (сохтмони мактаб, бемористон, объектҳои фарҳангӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва дигарҳо) бозори таъминотиро барои соҳаҳои зиёди хоҷагии халқи мамлакат васеъ менамояд.

Яке аз асбобҳои муҳими танзимии иқтисодиёт ҳавасмандии молиявӣ мебошад. Дар таркиби ҳавасмандгардонии моли­явии рушди иқтисодиёт ва афзоиши самаранокии он самтҳои афзалиятнок ва муфиди сармоягузории захираҳои молиявӣ, маблағҷудокунӣ аз буҷет, имтиёзҳо ва муҷозот дар андозбандиро бояд қайд кард.

Захираҳои молиявии сармоягузорӣ аз самтҳои асосии зерин иборат аст:

а)        маблағгузории таркиби азнавсозии иқтисодиёт бо мақсади таъмини рушди самтҳои афзалиятноки такрористеҳсолкуиии васеъ;

б)        дастгирии молиявӣ ва маблағгузории технология ва истеҳсолоти илмталаб, ки ба истифодаи захираҳои ашёи миллӣ асос ёфтааст;

в)        маблағгузории самтҳои нави истеҳсолоти ба рақобат тобовар;

г)         маблағгузории хароҷотҳои инфраструктураи ғайриистеҳсолӣ, такрористеҳсоли қувваи кории ба технологияи нав нигаронидашуда.

Дар ҷараёни такрористеҳсолкунии васеъ банақшагирӣ ва пешгӯии молиявӣ ҳамчун ҷараёни илмии асоснокшуда, ҳаракати захираҳои молиявӣ ва муносибатҳои молиявии муносиб дар фосилаи муайяни вақт ҷои махсусро ишғол менамоянд. Ҳамин тариқ, дар асоси баррасии нақши молия дар такрористеҳсолкунии васеъ дар шароити гузариш ба муносибатҳои бозорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулосаҳои зерин омадан мумкин аст:

-иқтисодиёт барқарор ва устувор мегардад;

– муносибатҳои иқтисодӣ шаклан иваз мегарданд;

-низоми молиявӣ бо дигаргунсозиҳои бозорӣ мувофиқ мешаванд;

-фаъолияти сармоягузорӣ ҳавасманд мешавад;

-масъалаҳои иҷтимоӣ ҳалли худро меёбанд.


Накши молия дар такрористехсолкунии васеъ

ҚаблӣВазифаҳои молия дар иқтисоди бозорӣ
БаъдӣЗамони гузаштаи номуайян (The past indefinite tense)